Арабистони Саудӣ барои ҳафт ҳазор оилаи камбизоат дар Тоҷикистон 490 тонна ёрии башардӯстона медиҳад. Ба ҳар хонавода қариб 70 кило орду равған ва лубиёву макарону шакар.
Хабарро сафири Арабистони Саудӣ рӯзи 18-уми январ дар Душанбе эълон кард. Дар ин нишаст бар сари тақсими ёрӣ, интихоби оилаҳои нодор ва сифати маҳсулот баҳс сурат гирифт.
“Ҳама дар ҷараён ҳастанд”
Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон, сафири Арабистони Саудӣ, гуфт, ки арзиши умумии ёриҳо 400 ҳазор доллар аст. Ин пулро Маркази имдоди Шоҳ Салмон хоҳад дод.
Ба қавли сафир, 35 ҳазор кас аз ин кумакҳо баҳраманд хоҳанд шуд. Қарор аст, ин ёриҳо дар моҳи Рамазон тақдим шаванд, ки моҳи март фаро мерасад.
Баҳси асосӣ миёни хабарнигорон ва намояндагони сафорати Арабистон тарзи тақсими кумакҳо буд. Сафири Арабистон гуфт, ёриҳо ба воситаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ба оилаҳои нодор расонда мешаванд.
Содиқ Аскариён, ёвари котиби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, гуфт, рӯйхати шахсони камбағалро вазорат ва ҳукуматҳои маҳаллӣ пешниҳод мекунанд ва ёриҳо ба онҳо супурда мешаванд.
Ин намояндаи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон талош кард, рӯзноманигоронро бовар кунонад, ки кумакҳои Арабистони Саудӣ ба шахсони воқеан эҳтиёҷманд расонда мешаванд.
“Мақомоти дахлдор, аз додситонӣ сар карда то дигар сохторҳои қудратӣ, дар бораи тақсимот дар ҷараён ҳастанд,” -- афзуд Аскариён.
“Маҳсулотро ширкатҳои тоҷикистонӣ интихоб мекунанд”
Ин посух хабарнигоронро қонеъ накард. Як хабарнигори Телевизиони давлатии Тоҷикистон аз он норизоӣ кард, ки сифати маҳсулоте, ки Саудӣ соли гузашта ба хонаводаҳои камбағал дода буд, "хуб набуд".
Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон сафири Арабистони Саудӣ, гуфт, онҳо пул медиҳанд, вале “маҳсулотро ширкатҳои тоҷикистонӣ интихоб мекунанд."
Тибқи иттилои расмӣ, наздик ба 2 миллион кас ё 21 дарсади аҳолии Тоҷикистон нодор ҳастанд. Давлат ба ин оилаҳо солона қариб 800 сомонӣ ё 73 доллар медиҳад.
Дигар созмонҳои ёрирасон ҳам ба хонаводаҳои фақир дар Тоҷикистон ёрӣ медиҳанд. Шеваи тақсими кумакҳои башарӣ дар гузашта, бахусус дар давраи ҳамагирии COVID, баҳсбарангез шуда буд.
Оҷонси мубориза бо фасод соли 2021 гуфт, истифодаи нодурусти беш аз 800 ҳазор сомонӣ кумакҳои башардӯстонаро ошкор карда, нисбат ба 31 корманди ҳукуматҳои маҳаллӣ ва беморхонаҳо парванда кушоданд. Баъдан маълум нашуд, ки онҳо чӣ ҷазо гирифтанд.
Тоҷикистон солона аз кишвар ва созмонҳои имдодрасон миллионҳо доллар кумаки башардӯстона мегирад.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед: