Мақомот эътироф мекунанд, ки гузаштани мошинҳои боркаш аз болои он хатарнок шудааст, вале бо далелҳои гуногун бозсозии онро ба таъхир гузоштаанд.
Як сол пеш Қурбон Ҳикматуллоев, роҳбари идораи роҳҳои Восеъ гуфта буд, барои таъмири ин пул маблағи зарурӣ ҷудо шудааст, вале дар идораи Роҳҳои минтақаи Кӯлоб гуфтанд, ҳоло нақшаи бозсозии пулро надоранд.
Бобоёр Бобоёрзода, раиси Идораи роҳҳои минтақаи Кӯлоб гуфт, ин пул дар роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ ҷой дорад, вале маблағи ҷудогона барои таъмири он дар соли 2025 ҷудо нашудааст. Ба фарқ аз ӯ, Қурбон Ҳикматуллоев, роҳбари идораи роҳҳои Восеъ гуфт, Бонки Ҷаҳонӣ барои бозсозии пул маблағ ихтисос додааст.
Видеоро инҷо бинед:
Бар асоси тарҳи мазкур, барои бозсозии пулҳои осебдидаи Хатлон 25 миллион доллар ҷудо шудааст ва ин пули фарсуда бар фарози Яхсу низ шомили ин тарҳ ҳаст.
“Санад шудааст. Бояд ду пул бозсозӣ шавад ва ҳоло ҳамин камшавии обро нигоҳ доранд,”—гуфт Қурбон Ҳикматуллоев.
Ҳоло об дар рӯдхона кам шудааст, вале нишоне аз оғози бозсозии пул ба назар намерасад. Дар қисмати садамавии пул бетонҳои муҳофизатӣ гузошта шудааст. Равуои мошинҳо бо навбат, ба як қисмати пул ва бо эҳтиёт сурат мегирад. Пул дар болои рӯди Яхсу бузургтарин пули дар ҳудуди ноҳияи Восеъ буда, соли 1958 сохта шудааст ва яке аз муҳимтарин пулҳои Тоҷикистон аст, ки мошинҳои зиёд аз он ба ҷануби кишвар ва то ба Чин мераванд.
Гуфтугӯ