Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико хостори тавофуқи оташбас шуд. Идомаи эътирозҳо дар Исроил


Кохи Сафед мегӯяд, қатли шаш гаравгони исроилӣ зарурати расидан ба созиши оташбас дар Ғазза ва озодии дигар гаравгонҳоро бештар барҷаста мекунад.

Амрико ва Исроил бовар доранд, ки "Ҳамос" ин гаравгонҳоро куштааст. Гурӯҳи"Ҳамос", ки Амрико ва Иттиҳоди Аврупо онро гурӯҳи террористӣ медонанд, мегӯяд, ки ин гаравгонҳо бар асари ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба ҳалокат расиданд.

Артиши Исроил рӯзи 1-уми сентябр аз кашфи шаш ҷасади гаравгони исроилӣ дар як туннел дар Рафаҳ, дар ҷануби Навори Ғазза хабар дод ва эълон кард, ки онҳо қаме қабл аз пайдо шудан ба қатл расидаанд.

Бинобар баёнияи артиши Исроил, ин гаравгонҳо ду зан ва чаҳор мард буданд. Ин хабар боиси мавҷе аз эътирозҳо ва ҳамоишҳо дар Исроил шуд ва то кунун идома дорад.

Ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед пресс", рӯзи 3-юми август садҳо эътирозгар ба сиёсатҳои нахуствазири Исроил барои севумин рузи пайдарпай дар шаҳри Телавив ба кӯчаҳо баромаданд, то Бенямин Нетаняҳуро барои мувофиқат ба оташбасе, ки боиси озодии гаравгонҳои боқимонда шавад, зери фишор қарор диҳанд.

Ҷон Карби, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико низ рӯзи сешанбе дар як нишасти хабарӣ ба хабарнигорон гуфт, ончи рӯзи якшанбе рух дод, нишон медиҳад, ки чӣ қадар муҳим аст, ки оташбас "дар зудтарин вақти мумкин анҷом шавад".

Ҳамчунин сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико бо ишора ба кушта шудани шаш гаравгони исроилӣ хостори ниҳоӣ шудани созиши оташбас дар Ғазза шуд.

Мэтю Миллер рӯзи сешанбе ёдоварӣ кард, ҳанӯз даҳҳо гаравгони исроилии дигар дар Ғазза мондаанд, ки мунтазири бозгашт ба хона ҳастанд.

Ӯ афзуд, "мардуми Исроил наметавонанд бештар сабр кунанд. Мардуми Фаластин, ки онҳо низ аз паёмадҳои даҳшатбори ҷанг осеб дидаанд, наметавонанд бештар сабр кунанд. Ҷаҳон наметавонад бештар сабр кунад".

Амрико ва муттаҳидонаш дар моҳҳои гузашта сахт талош карданд, ки то дар баробари озодии гаравгонҳои бемор, солхӯрда ва захмӣ, даргириҳои Ғаззаро ҳади ақал ба таври муваққатӣ поин диҳанд.

Ин дар ҳоле аст, ки бо вуҷуди талошҳои густурда, ин созиш дастнаёфтанӣ будааст.

Ба гуфтаи Ҷон Карби, Амрико ҳанӯз дар ҳоли гуфтугӯҳои давомдор бо Қатар, Миср ва Исроил барои даст ёфтан ба оташбас аст.

Ин дар ҳоле аст, ки Ҷо Баден, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи душанбе дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, ки нахуствазири Исроил барои иҷрои созиши оташбас талошҳои кофӣ намедиҳад.

Интиқоди нави Ҷо Байден аз Бенямин Нетаняҳу дар шароите ҳаст, ки ӯ ва Камала Ҳаррис, муовини раиси ҷумҳур ва номзади Ҳизби демократ дар интихоботи президентии Амрико, бо фишорҳои бештаре барои анҷоми иқдомҳои қотеъ бо ҳадафи поён додан ба ҷанги 11-моҳа дар Навори Ғазза рӯбарӯ ҳастанд.

Бенямин Нетаняҳу дар иқдоме камсобиқа тайи даҳ моҳи гузашта дар нишасте хабарӣ ҳозир шуд ва идомаи ҳузури Исроил дар долони Филаделфияро (меҳвари Салоҳиддин) "зарурати стратегӣ" хонд.

Ӯ таъкид кард, ки назорат бар ин ҷодаи 14-километрӣ барои даст ёфтан ба ҳадафҳои Исроил дар ҷанги Ғазза зарурӣ аст ва ба гуфтаи ӯ, ин меҳвар ҳукми маҷрои нафаскашии гурӯҳи "Ҳамос"-ро дорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG