Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба "Ҳамос" пешниҳод кард, ки ҳамаи гаравгонҳоро якбора озод кунад


Стив Виткоф, фиристодаи вижаи Амрико дар Ховари Миёна
Стив Виткоф, фиристодаи вижаи Амрико дар Ховари Миёна

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пешниҳод кардааст музокироти Исроил бо гуруҳи "Ҳамос" ба ин шева анҷом шавад, ки ҳамаи гаравгонҳо якбора озод ва ҷанг тамом шавад. Дар ин бора Стив Виткоф, фиристодаи вижаи Амрико дар Ховари Миёна хабар додааст.

Ба гуфтаи Виткоф, ҳадаф аз музокирот бо фаластиниҳо густариши ҷанг набуда, балки хотимаи даргирӣ аст.

Фиристодаи вижаи президенти Амрико 2-юми август дар шаҳри Тел-Авив бо хонаводаҳои гаравгонҳои исроилӣ вохӯрд. Ин дидор дар шароите баргузор шуд, ки пахши навори нав ду асири исроилӣ нигарониҳоро дар бораи аҳволи онҳо бештар кардааст.

Дар навор дида мешавад, ки ду гаравгони исроилӣ Ром Браславский ва Эвятар Давид дар вазъияти вазнин ба сар мебаранд. Наздикони онҳо ин корро "ҳолокости нав” номида, ҳукумати Исроилро ба хатои сиёсӣ, таъхир дар музокирот ва саривақт амал накардан муттаҳам мекунанд.

Стив Виткоф гуфт, аксари исроилиҳо хоҳони бозгаштани гаравгонҳо ҳастанд ва дар айни замон сокинони Ғазза умедворанд, ки ин кор қадаме дар роҳи эҳёи ин борика хоҳад шуд.

Ҳамзамон бо ин хабарҳо музокирот барои озодии гаравгонҳо ва қатъи ҷанг дар Навори Ғазза идома дорад. Вале расонаҳои исроилӣ навиштаанд, ки ин гуфтугуҳо шояд ба наздикӣ натиҷаи дилхоҳ надиҳанд. Эял Замир, сардори ситоди ҳарбии артиши Исроил гуфтааст, базудӣ маълум мешавад, ки оё имкони ба даст омадани созиш вуҷуд дорад ё не.

Дар ҳамин ҳол намояндагони "Ҳамос" эълон кардаанл, ки танҳо бо шарте силоҳи худро ба замин мегузоранд, ки "ишғол"-и Исроил дар Навори Ғазза поён ёфта, давлати мустақили Фаластин бо пойтахтии Байтулмуқаддас ташкил шавад. Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо "Ҳамос"-ро ҳамчун созмони террористӣ эътироф кардаанд.

"Ҳамос" Амрикоро ба шарикӣ дар "қаҳтӣ ва наслкушӣ" муттаҳам карда, сафари ахири Витткоф аз нуқтаи тақсими ғизо дар Рафаҳи Ғаззаро "намоиши театрӣ" номид.

Розӣ Ҳамид, яке аз намояндагони "Ҳамос" гуфтааст, ҳамлаи ин гуруҳ ба Исроил дар таърихи 7 октябри соли 2023 "ҷаҳонро водор сохт, ки чашмони худро дар масъала Фаластин боз кунад."

Дар он ҳамлаи "Ҳамос" 1200 нафар дар Исроил кушта ва беш аз 250 тан ба гарав гирифта шуданд. Вазорати тандурустии Ғазза, ки таҳти контроли гурӯҳи "Ҳамос" аст, эълон кард, ки беш аз 60 ҳазор фаластинӣ дар ҷараёни ҷанги Исроил ва "Ҳамос", кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG