Дар чанд ҷумла
Панҷ сарбози исроилӣ дар Ғазза кушта шуданд

Панҷ сарбози исроилӣ бар асари таркиш дар Ғазза кушта шуданд. Расонаҳо ҳамчунин гуфтанд, ки ниманизомиён ба тарафи нерӯҳои кӯмакие, ки барои берун баровардани кушташудаҳо ва захмиҳо фиристода шуда буданд, оташ кушоданд.
Артиши Исроил эълон кард, ки ин сарбозон шоми 7 июл дар шимоли Ғазза кушта ва ду сарбози дигар ба шиддат захмӣ шуданд. Расонаҳои исроилӣ рузи 8 июл гузориш доданд, ки ин сарбозони пиёданизом дар ҳоли гашт задан буданд, ки дар рӯбарӯи онҳо таркиш сурат гирифт.
Марги сарбозон ҳудуди ду ҳафта пас аз он иттифоқ афтод, ки ҳафт сарбози исроилӣ дар ҳамлаи як марди фаластинӣ, ки бомбаеро ба зиреҳпӯши онҳо часпонида буд, кушта шуданд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти тандурустӣ дар бемористони "Носир"-и Ғазза эълон карданд, ки дар яке аз ҳамлаҳои Исроил ба хаймаҳои оворагон дар Хон Юнус, чаҳор нафар кушта шуданд. Дар як ҳамлаи дигар дар Хон Юнус, чаҳор нафар, аз ҷумла, як модар, падар ва ду кӯдакашон ҷон бохтанд.
Бар асоси баёнияи бемористони "Авда" дар минтақаи Нусайрот, ҳамлаҳои Исроил боиси кушта шудани 10 нафар ва захмӣ шудани 72 тан дар маркази Ғазза шуд.
Ин хушунатҳо дар ҳоле рух медиҳад, ки Исроил ва "Ҳамос" дар ҳоли баррасии пешниҳоди оташбаси мавриди ҳимояти Амрико ҳастанд, то даргирии 21-моҳа дар минтақа поин ёбад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
ЮНИСЕФ: 34% кӯдакон дар Тоҷикистон аз ҷониби волидону парасторон ҷазои ҷисмонӣ дидаанд

Бунёди атфоли СММ (ЮНИСЕФ) мегӯяд, дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ тахминан сеяки кӯдакон дар оила бо хушунати ҷисмонӣ ва наздики ҳафтод дарсадашон бо хушунати равонӣ рӯбарӯ мешаванд. Дар ин бора дар гузориши нави ЮНИСЕФ зикр шудааст, ки бо номи “Ҷои таҳсилу зиндагии мо: хушунат нисбати кӯдакон дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ” нашр шуд.
Рӯзи 14 октябр дафтари матбуоти СММ навишт, ҷазои ҷисмонӣ аз торсакӣ сар карда то латукӯб нисбати 30 дарсади кӯдакони сокини ин минтақа раво дониста мешавад. То 69% ноболиғон бо хушунати равонии мисли таҳдид, таҳқир ва паст задани шаъну шараф рӯбарӯ мешаванд.
Бино ба гузориши ЮНИСЕФ, дар Тоҷикистон 34% кӯдакони то 14-солаи ширкатдори пурсише гуфтаанд, ки дар як моҳи гузашта аз ҷониби волидон ё парасторонашон мавриди ҷазои ҷисмонӣ қарор гирифтаанд.
Муаллифони гузориш, аз ҷумла, менависанд: “Бисёр волидон дар 14 кишвари мавриди таҳқиқ гуфтаанд, ки барои тарбияи фарзанд истифода аз ҷазои ҷисмониву хушунати равонӣ зарур нест, вале бисёри онҳо даст ба ин кор мезананд. Масалан дар Тоҷикистон, бино ба Таҳқиқи демографиву сиҳҳатии соли 2023 танҳо 4% калонсолон гуфтаанд, ки барои тарбияву калон кардани фарзандон ҷазои ҷисмонӣ зарур аст, дар ҳоле, ки 34% кӯдакон дар ҳамин пурсиш гуфтаанд, ки дар давоми як моҳи гузашта аз ҷониби волидон ё парасторонашон ҷазои ҷисмонӣ дидаанд”, омадааст дар гузориш.
Реҷина Де Доминичис, раиси дафтари ЮНИСЕФ барои кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ гуфт, “хушунат ба зиндагии кӯдакони хеле зиёд таъсиргузор мешавад, бахусус аз ҷониби онҳое, ки бояд кӯдаконро ҳимоят кунанд”.
Ӯ афзуд, манъи ҷазои ҷисмонии кӯдакон қадами муҳим мебошад, “вале давлат бояд ба таълими волидон ва рушди низоми ҳимояти кӯдакон сармоягузорӣ кунад”. Гузориш мегӯяд, 90% волидон гуфтаанд, ки хушунат ғайри қобили қабул аст, вале боз ҳам бисёриҳо ба ин роҳ мераванд. ЮНИСЕФ мегӯяд, кӯдаконе, ки ҷазои ҷисмонӣ ё равонӣ дидаанд, бештар аз дигарон бо мушкилоти равонӣ ваё дарсхонӣ рӯбарӯ мешаванд ва вақте бузург шуданд, худи онҳо даст ба хушунат мезананд.
Володин гуфт, имсол 35 ҳазор хориҷӣ аз хоки Русия ихроҷ шудааст

Раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин гуфт, ки дар давраи ҳашт моҳи соли 2025 барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират 35 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ аз хоки Русия ихроҷ карда шуд. Ба гуфтаи ӯ, дар феҳристи афроди таҳти назорати ВКД то 1 сентябри имсол исми 770 ҳазор муҳоҷире қарор дошт, ки қонуни муҳоҷиратро вайрон кардаанд ва сеяки онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд. “Ин афрод бояд аз кишвар ихроҷ шаванд”, навишт Володин дар саҳифааш дар шабакаи МАХ.
Маълум нест ин нафарон шаҳрванди кадом кишварҳо ҳастанд, вале, ба гуфтаи Володин, ба рӯйхати “сиёҳи” полиси Русия аз санаи 5 феврали соли ҷорӣ исми чунин нафаронро ворид кардаанд: онҳое, ки барои сабтином маълумотномаву санадҳои заруриро надоштанд, дар ҷои иқомат ба қайд гирифта нашудаанд, мӯҳлати санҷишҳои ҳарсолаи зарурии мисли озмоиши тиббиро вайрон кардаанд ва патенту иҷозатнома ва қарордоди кориашон кӯҳна шудааст.
Володин гуфт, нафароне, ки дар ин феҳрист ҳастанд, ҳақ надоранд дар Русия шаҳодатномаи ронандагӣ гирифта ваё мошинронӣ кунанд, бо харид ё фурӯши мошин ё хона машғул шаванд, оила барпо кунанд, ҳисоби бонкӣ боз намуда ваё пул интиқол диҳанду пулҳои худро дар бонк истифода кунанд.
Володин навиштааст, онҳое, ки мақоми худро қонунӣ накардаанд, бояд пеш аз он ки Русияро тарк кунанд, ба мақомот хабар диҳанд, ки дар кадом рӯз, бо кадом роҳ ва ба кадом кишвар сафар мекунанд. Ӯ гуфтааст, агар чунин нашуд, “муҳоҷирро зӯран, баъди ситонидани ҷарима ва бо муҳри ихроҷ дар мӯҳлати 5 соли баъдӣ” аз хоки кишвар берун мекунанд.
Раиси парлумони Русия гуфтааст, ки чораҳои ҷоришуда барои ба танзим даровардани соҳаи муҳоҷират дар ин кишвар мусоидат мекунад.
Русия дар давоми ду соли охир даҳҳо қонуни маҳдудкунандаи ҳузури муҳоҷирони кориро қабул кард ва дар амри иҷрои ин муқаррарот бо ҳар роҳ, бисёр вақт аз роҳи зӯр ва фишору таҳқир даҳҳо ҳазор хориҷиҳоро аз хоки ин кишвар ихроҷ намуд. Дар миёни онҳо ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам мебошанд, ки дар Русия кору даромади худро таъмин мекарданд.
Омбудсмен аз вазъи гурезаҳо дар Тоҷикистон интиқод кард

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё Омбудсмен дар гузориши солонааш чанд мушкили асосии паноҳҷӯёнро дар Тоҷикистон зикр карда, хоҳони ҳалли онҳо шудааст.
Ба гузориши Ваколатдор, "ба даст овардани мақоми гуреза, гузаштан аз бақайдгирии муваққатӣ, ҳамгироии маҳаллӣ, шуғл, таҳсил ва гирифтани маълумотнома аз ҷойи зист" аз мушкилиҳои аслии паноҳҷӯён дар Тоҷикистон аст.
"Механизми амалисозии ҳамгироии гурезаҳо, гирифтани ёрдампулӣ ва дигар навъи кумак, иҷрои принсипи берун накардан, пешниҳоди муроҷиат оид ба гирифтани паноҳгоҳ дар сарҳад... таҳия ва роҳандозӣ нашудааст", - омадааст дар гузориши Ваколатдор.
Мақомот ба гузориши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вокуниш накардаанд. Дар як соли ахир, бахусус моҳи июли имсол чандин мавриди ихроҷи омавии паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз Тоҷикистон расонаӣ шуд. Хадамоти марзбонии Тоҷикистон 19-уми июл бо пахши изҳороте ихроҷи муҳоҷирони афғонро аз Тоҷикистон тасдиқ кард ва сабабҳои онро шарҳ дод. Идораи марзбонӣ бидуни овардани омори дақиқ танҳо гуфт, бархе аз ин паноҳҷӯён "ғайриқонунӣ" вориди Тоҷикистон шудааанд ва шуморе аз онҳо "низоми муқарраргаштаи будубошро дағалона вайрон мекунанд".
Изҳорот дар ҳоле пахш шуд, ки муҳоҷирони афғонистонӣ гуфтанд, аз роҳҳои қонунӣ вориди Тоҷикистон шуда, бархеашон корти гурезагӣ ҳам доштанд.
Омбудсмен ба ихроҷи густурдаи муҳоҷирони афғонистонӣ аз Тоҷикистон ишорае накарда танҳо гуфтааст, соли 2024 "мақоми гурезагии 4 нафар бинобар сабаби пешниҳод намудани маълумотҳои беасос ва бардурӯғ рад карда шудааст". Аммо дар ин бора шарҳи бештар дода нашудааст.
Тибқи омори ахири мақомоти Тоҷикистон "соли 2024 ба 2 280 нафар шаҳодатномаи гуреза ва ба 2 591 нафар шаҳодатномаи муваққатӣ дода шудааст".
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба мақомоти Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки қонунгузорӣ оид ба гурезаҳо такмил карда, барномаи давлатии ҳамгироии паноҳандаҳо қабул карда шавад.
Дар гузашта Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ки паноҳҷӯёни афғонистониро ихроҷ накунанд, зеро эҳтимол дорад дар кишварашон бо озору азият рӯбарӯ шаванд.
Бино ба иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон 9 ҳазор шаҳрванди Афғонистон зиндагӣ мекунанд. Аксари онҳо мегӯянд, ки аз тарси "Толибон" ба Тоҷикистон фирор кардаанд.
Дар Русия шумори ҳукмҳо аз рӯи моддаи "терроризм" хеле афзоиш ёфтааст

Дар давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ додгоҳҳои ҳарбию баҳрии Русия аз рӯи моддаи “терроризм” нисбати 659 нафар дастикам 597 ҳукм (моддаҳои 205 то 205.5 КҶ Русия) содир кардаанд. Дар ин бора як таҳқиқи созмони ҳомии ҳуқуқи "Первый отдел" хабар додааст.
Ба ҳисоби миёна, дар Русия дар ҳар рӯзи кории ҳафта панҷ қарор бароварда шудааст. Вусъати саркӯбҳо дар Русия бесобиқа боло рафта, инчунин парвандаҳо зидди ноболиғон ҳам хеле зиёд шудааст.
Бисёр вақт маҳкумшудаҳо аз рӯи парвандаҳои терроризмро ба мӯҳлатҳои беш аз 20-солӣ равонаи зиндон мекунанд. Баъди соли 2023 дар баробари иттиҳоми «терроризм» инчунин «хиёнат ба давлат» ҳам илова шудааст ва агар соли аввал чунин иттиҳомҳо зидди 12 кас содир шуда буд, дар ним соли аввали соли ҷорӣ зидди 83 нафар будааст.
Муҳаққиқон мегӯянд, аксари ин парвандаҳо ба ҷанги дар Украина рабт доранд. Инҳо – оташ задани комиссариатҳои ҳарбӣ, дастгоҳҳои электронии танзими ҳаракати қаторҳо, мошинҳои ҳарбӣ, интиқоли пул барои воҳидҳои ҳарбии украинӣ, инчунин моддаҳои “сафед кардани терроризм” мебошанд.
Ба ҳисоби созмони "Первый отдел", аз замони оғози ҷанг дар Украина дар феврали соли 2022 дар Русия зидди 2901 нафар 2590 ҳукм аз рӯи моддаи «терроризм» содир шудааст.
Ҳузури роҳбарони даҳҳо кишвар дар нишасти сулҳ дар Миср

Раиси ҷумҳури Амрико ва дигар миёнҷиҳои гуфтугӯҳои сулҳ дар Ғазза, 13-уми октябр дар Миср санади оташбас миёни Исроил ва гуруҳи “Ҳамос” -ро имзо карданд.
Доналд Трамп ва роҳбарони Миср, Қатар ва Туркия дар шаҳри Шарм-уш-Шайх баёнияи муштаракеро имзо карданд, ки ҳадафи он татбиқи оташбас ва поён додан ба ҷанг дар Навори Ғазза аст.
Дар ин маросим ҳамчунин роҳбарони Урдун, Олмон, Фаронса, Бритониё, Озарбойҷон, Арманистон, Маҷористон ва Дабири кулли СММ ҳузур доштанд. Намояндагони Исроил ва “Ҳамос” дар ин нишаст набуданд.
Доналд Трамп дар оғози ҳамоиш гуфт, “имрӯз рӯзи бузурге барои ҷаҳон аст, рӯзи фавқулода барои Ховари Миёна.” Трамп бидуни шарҳи ҷузъиёти созишнома танҳо гуфт, ки ин санад бисёр фарогир аст.
Нишасти Миср дар рӯзе баргузор шуд, ки гуруҳи “Ҳамос” гаравгонҳои боқимондаи исроилиро озод кард ва дар иваз Исроил низ садҳо зиндонии фаластиниро раҳо намуд. “Ҳамос” аз сӯи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо ба унвони гуруҳи террористӣ шинохта шудааст.
Бар асоси бахши аввали созиши сулҳ, Исроил артишашро аз Ғазза берунтар кард ва наздики ду ҳазор зиндонии фаластиниро, ки 250 нафарашон ҳукми абад гирифта буданд, озод кардааст.
Дар марҳилаи дуюм бояд идораи Ғазза ба дасти намояндаҳои чанд кишвар гузашта, «Ҳамос» бесилоҳ шавад. Пештар «Ҳамос» шарти халъи силоҳ шуданро рад карда буд.
Нақшаи даъват ба артиш қариб 80 дарсад иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз иҷрои 78 дарсади нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш хабар додааст.
Ба иттилои вазорат, давоми даҳ рӯзи аввали даъват қариб 30 шаҳру ноҳияро нақшаро пурра иҷро кардаанд.
Тибқи иттилои расмӣ, аз миёни минтақаҳои Тоҷикистон ВМКБ 100, Хатлон 91, ноҳияҳои тобеи марказ 72, Суғд 64 ва Душанбе 71 дарсади нақшаи даъватро иҷро карданд.
Дар ҳоле, ки Вазорати дифоъ аз зиёд шудани сафи ҷавононе, ки ихтиёран ба артиш мераванд тавсиф кардааст, аммо сокинони баъзе минтақаҳои кишвар аз фишори мақомот шикоят доранд. Аз ҷумла моҳи сентябри имсол сокинони баъзе ҷамоатҳои шаҳри Исфара шикоят карданд, ки мақомот барқи чанд деҳаро пурра қатъ карда талаб намуданд, ки фарзандони худро ба артиш фиристанд. Мақомот ин шикоятро рад карданд.
Дар иттилои расмии Вазорати дифоъ дар бораи ҷалби маҷбурии ҷавонон ба хидмат чизе гуфта намешавад, вале давоми як моҳи охир чандин ҳодисаи бо зӯр ва маҷбурӣ ба хидмат бурдани ҷавонон дар шабакаҳо роҳ ёфт. Намунаи ахираш садамае бо иштироки корманди комиссариати ноҳияи Восеъ мебошад, ки 22 сентябри имсол сар зад.
Фоҷеа ҳангоме рух дод, ки корманди Комиссариати ҳарбӣ як ҷавони синни даъватро бо зур ба мошин савор карда, бо суръат ронд ва ба мошини самти муқобил бархурд. Дар ин садама се нафарро ҳалок ва чор кас маҷруҳ шуданд.
Дар Самарқанд мардеро барои ширкат дар ҷанги Украина ҳабс карданд

Додгоҳе дар вилояти Самарқанди Узбекистон марди 27-солаеро барои иштирокаш дар сафи нирӯҳои мусаллаҳи Русия дар ҷанги зидди Украина ба се соли зиндон маҳкум намуд. Дар ин бора сомонаи Uznews.uz хабар медиҳад. Додгоҳи ноҳияи Пахтачини вилояти Самарқанд гуфт, сокини маҳаллӣ А.Х. соли 2019 барои муҳоҷирати корӣ ба Русия рафт ва ду сол баъдаш ӯро бо гуноҳи қочоқи маводи мухаддир ба як зиндони низомаш сангини вилояти Челябинск барои адои ҷазо фиристоданд.
Соли 2024 ӯ пешниҳоди намояндагони сохторҳои ҳифзи қонуни Русияро дар бораи иштирок дар ҷанги зидди Украина пазируфт. Ба ин мард ваъда додаанд, ки баъди ширкаташ дар ҷанг ӯро аз адои ҷазо озод намуда, барояш шаҳрвандии Русия ва ҳам ҷоизаи пулӣ тақдим мекунанд. Ӯ ин пешниҳодро қабул кардааст.
Додгоҳ гуфтааст, А.Х. дар ҳудуди Луҳанск омодагии ҳарбӣ гузашта баъдан дар қаламрави минтақаҳои Луҳанск, Запорожйе, Херсон ва Курск дар амалиёти ҷангӣ иштирок кардааст. Баъди маҷрӯҳ шудан ӯро ба як беморхонаи ҳарбии шаҳри Маскав интиқол доданд.
Моҳи марти соли 2025 ин мард баъди анҷоми табобат барои гирифтани санадҳои нав ба хотири бозгашт ба ватан ба сафорати Узбекистон муроҷиат кардааст. 28 март ба Узбекистон расида ихтиёран худро ба дасти сохторҳои ҳифзи қонуни кишвараш супурдааст. Додгоҳ ҳангоми содир кардани ҳукм аз рӯи моддаи “Зархаридӣ” ҳамаи ҳолатҳои сабуккунандаро ба инобат гирифтааст, аз ҷумла ин ки ин мард ихтиёрӣ омада дар бораи иштирокаш дар ҷанг хабар дода ва ҳам изҳори пушаймонӣ кардааст.
Додгоҳ надоштани доғи судӣ ва вазъи молии сангини ӯро ҳам ба инобат гирифта, ӯро ба се соли маҳрумият аз озодӣ дар зиндони низомаш умумӣ маҳкум намуд. Ҳодисаҳои ба зиндон маҳкум кардани дигар шаҳрвандони Узбекистон, ки дар ҷанги зидди Украина иштирок кардаанд, дар гузашта ҳам расонаӣ шудааст. Аз ҷумла, барои ширкат дар ин ҷанг як сокини 55-солаи Намангон ба ду сол ва сокини 32-солаи вилояти Бухоро ба панҷ соли ҳабс маҳкум шудаанд.
Вокуниши мақомоти Чин ба тасмими Доналд Трамп

Чин ваъда додааст, ки ба тасмими Иёлоти Муттаҳида дар бораи ҷорӣ кардани таърифа ё боҷи гумрукӣ посухи ҳамсон медиҳад.
Як намояндаи Вазорати тиҷорати Чин 12-уми октябр гуфт, аз замони музокироти ахири Пекин ва Вашингтон дар моҳи сентябри имсол Амрико "пайваста алайҳи Чин маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мекунад".
Мақомдори Чин афзуд, “таҳдид ба ҷорӣ кардани таърифаҳои баланд шеваи нодурусти ҳамкорӣ Пекин аст”.
“Мавқеи мо дар масъалаи ҷанги таърифаҳо бетағйир мемонад, мо таърифаҳоро намехоҳем, вале аз он ҳам наметарсем,”- гуфтааст намояндаи Вазорати тиҷорати Чин.
Пештар президенти Амрико Доналд Трамп эълон кард, ки аз 1-уми ноябр ба молу маҳсулоте, ки аз Чин ворид мешаванд, 100 дарсад боҷ мебандад. Трамп дар саҳифаи иҷтимоии худ Truth Social навишт, "Иёлоти Муттаҳида ба молҳои Чин боҷҳои 100 дарсадӣ ҷорӣ хоҳад кард, бар иловаи ҳар гуна таърифаҳое, ки ҳоло пардохт мекунад".
Тасмими Кохи Сафед пас аз он эълон шуд, ки Чин барои содироти металҳои нодир назорати сахт ҷорӣ кард.
Расонаҳо: ИМА ба Украина маълумоти истихборотӣ медиҳад

Украина давоми чанд моҳи ахир барои зарба задан ба иншоотҳои энергетикии Русия аз маълумотҳои истихборотии ИМА истифода мекунад. Дар ин бора нашрияи Financial Times бо такя ба манобеаш дар мақомоти Украина ва Амрико гузориш додааст.
Ба гуфтаи мусоҳибони нашрия, сиёсати Кохи Сафед баъди як суҳбати Доналд Трамп ва Владимир Зеленский дар моҳи июл тағйир ёфт.
Яке аз ҳамсуҳбатони FT гуфтааст, Украина ҳадафи ҳамларо мустақилона мушаххас мекунад ва ИМА дар пайдо кардани паҳлуҳои заифи ин маконҳо кумак мерасонад. Дигар манбаъҳои нашрия иддао кардаанд, ки Амрико феҳристи ҳадафҳои муҳимро муайян месозад.
Ба гуфтаи мусоҳибони нашрия, Вашингтон ҳамла ба корхонаҳои коркарди нафт ва дигар иншооти энергетикии Русияро як воситаи фишор барои овардани Кремл ба мизи музокирот медонад.
"Ҳамос": гаравгонҳои исроилӣ рӯзи душанбе озод мешаванд

Усома Ҳамдон, як мақоми баландпояи гуруҳи фаластинии "Ҳамос" гуфтааст, ин гуруҳ субҳи душанбеи 13-уми октябр раванди озод кардани гаравгонҳои исроилиро оғоз мекунад. ИМА ва Иттиҳоди Аврупо гуруҳи "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд.
Ҳамдон 11-уми октябр ба хабаргузории "Фаронса" гуфт, "бар асоси тавофуқи имзошуда табодули зиндониён субҳи душанбе оғоз мешавад".
Бар асоси созише, ки 9-уми октябр дар Миср ҳосил шуд, дар марҳилаи аввал "Ҳамос" бар ивази раҳоии ду ҳазор зиндонии фаластинӣ тамоми гаравгонҳоро раҳо мекунад.
Исроил бовар дорад бист тан аз гаравгонҳо ҳанӯз зинда ҳастанд.
Неруҳои "Ҳамос" 7-уми октябри соли 2023 ба Исроил ҳамла карда, 1200 нафарро куштанд ва беш аз 250 тани дигарро асир гирифтанд. Дар пайи тавофуқҳои қаблӣ як қисм гаравгонҳо озод шуданд. Дар пайи ҳамлаҳои ду соли Исроил ба Ғазза, 67 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд, ки аксари онҳо занон ва кӯдакон мебошанд.
Вазири маориф: 295 кӯдак аз Сурия ва Ироқ баргардонда шуданд

Давоми панҷ соли ахир 295 кӯдак аз минтақаҳои ҷангзадаи Ироқ ва Сурия ба Тоҷикистон баргардонда шудаанд. Дар ин бора Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон 8-уми октябр дар назди вакилони порлумон ҳисобот додааст.
Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумон ин ҳафта тағйирот ба қонун дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакро тасвиб кард, ки тартиби баргардондани кӯдакон аз хориҷи кишварро пешбинӣ мекунад. Мақомоти Тоҷикистон ин санад нашр накарда танҳо гуфтанд, тартиби нав салоҳияти ҳукумат барои бозгардонии кӯдакон аз хориҷро мушаххас мекунад.
Вазири маориф дар ҳузури вакилон гуфтааст, "қонунгузории мавҷуда тартиби дақиқ ва мушаххаси баргардондани чунин кӯдакон ва расонидани хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва тиббӣ ба онҳоро пешбинӣ накардааст".
Бозгардондании кӯдакон ва занони тоҷик аз минтақаҳои ҷангзадаи Ховари Миёна солҳои 2019-2024 анҷом шуд.
Аз замони зуҳури ДОИШ дар соли 2013 зиёда аз 2000 шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ рафта, аксари онҳо зану фарзандонашонро ҳам бо худ бурданд ва ё дар он ҷо оила сохтанд.
Трамп барои молҳои Чин 100 дарсад боҷи гумрукӣ ҷорӣ мекунад

Президенти Амрико Доналд Трамп эълон кард, ки аз 1-уми ноябр ба молу маҳсулоте, ки аз Чин ворид мешаванд, 100 дарсад боҷ мебандад. Ин тасмим пас аз он эълон шуд, ки Чин барои содироти металҳои нодир назорати сахт ҷорӣ кард.
Доналд Трамп дар саҳифаи иҷтимоии худ Truth Social навишт, "Иёлоти Муттаҳида ба молҳои Чин боҷҳои 100 дарсадӣ ҷорӣ хоҳад кард, бар иловаи ҳар гуна таърифаҳое, ки ҳоло пардохт мекунад".
Трамп ҳушдор додааст, ки бо назардошти амалкарди Чин дар ин замина метавонанд таърифаҳо барвақтар аз санаи 1-уми ноябр иҷро шаванд.
ИМА ҳамчунин нақша дорад, ки шуруъ аз 1-уми ноябр ба содироти нармафзорҳои муҳим назорат ҷорӣ кунад.
Рӯзи 9-уми октябр ҳукумати Чин эълон кард, ки назорат ба содиротҳои металҳои нодир сахттар мешавад.
Оташсӯзӣ дар тарабхонаи туркии "Chitir Usta" дар маркази Душанбе

Баъд аз зуҳри 11 октябр дар қаҳвахонаи туркии "Читир уста" воқеъ дар наздикии Театри опера ва балети шаҳри Душанбе, сӯхтор сар задааст.
Дар наворҳои видеоие, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, дида мешавад, ки кормандони хадамоти оташнишонӣ дар талоши хомӯш кардани сӯхтор ҳастанд.
Дар навор дида мешавад, ки кормандони тарабхона дар берун қарор доранд ва як нафар садо мезанад, ки "дар ошёнаи дувум одамҳо монданд".
Ҳанӯз маълум нест, ки оташсӯзӣ талафоте дар пай доштааст ё на.
Мақомот сабаби ин оташсӯзӣ ва ҳаҷми хисоротро эълон накардаанд.
Аз ин қабл, дар таърихи 12 октябри соли 2018 даромадгоҳи як биное, ки дар он тарабхонаи "Citir Usta" низ ҷойгир шудааст, оташ гирифта буд. Тарабхона баъди ин ҳодиса барои чанд муддат таътил шуд.
Мария Мачадо аз Венесуэла барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

Мария Корина Мачадо, фаъоли мухолифи ҳукумати Венесуэла, ки аз чеҳраҳои саршиноси ҷунбиши тарафдори демократия дар ин кишвар ва аз мухолифони президенти он кишвар Николас Мадуро аст, барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2025 эълон шуд.
Мария Кориа Мачадо 7 октябри соли 1968 дар Каракас дар як хонаводаи сарватманд ба дунё омадааст. Ӯ сиёсатмадор, муҳандиси саноат ва аз барҷастатарин чеҳраҳои мухолифони Венесуэла аст, ки ҳукумати он кишвар ӯро мамнуъулхуруҷ кардааст.
Мачадо дар соли 2002 яке аз бунёдгузорони як ниҳоди ғайридавлатӣ буд, ки барои шаффофият ва назорат бар интихобот фаъолият мекард ва нақши муҳиме дар ҳамапурсии соли 2004 алайҳи Ҳюго Чавез дошт.
Ӯ дар соли 2010 ба порлумони Венесуэла роҳ ёфт ва ба яке аз садоҳои аслии мухолифони ҳукумати Чавез ва сипас Мадуро табдил шуд.
Дар соли 2014 бинобар иштирок дар эътирозҳои саросарӣ ва интиқодҳои сахт аз ҳукумат, аз порлумон ихроҷ ва сипас аз ҳаққи номзадии сиёсӣ маҳрум шуд.
Бо ин ҳол, ӯ ба фаъолиятҳои худ идом дода ва дар солҳои ахир ба раҳбари ҷунбиши мухолифони табдил шудааст. Мачадо аз мудофеони иқтисоди озод, ҳуқуқи башар ва робитаҳои наздиктар бо Ғарб аст.
Эъломи баранда Ҷоизаи Нобел шудани Мачадо дар ҳоле аст, ки дар рӯзҳои ахир ва дар миёни гумонзаниҳои бисёр, номи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико низ ҳамчун баранда ёд шуда буд. Ба вижа, ки эълони номи барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел ҳамзамон шуд бо созише, ки бар асоси тарҳи Доналд Трамп ва бо фишори ӯ байни Исроил ва гурӯҳи "Ҳамос" барои оташбас дар Ғазза, ба даст омад.
Раванди ихроҷи густурдаи кормандон дар ҳукумати Амрико оғоз шудааст

Кохи Сафед рӯзи 10 октябр эълон кард, ки раванди ихроҷи густурдаи кормандон дар саросари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оғоз шудааст.
Дар пайи таътил шудани ҳукумати Амрико бинобар қабул нашудани будҷаи соли 2026 дар Конгресс, Доналд Трамп, президенти Амрико эълон карда буд, шумори нерӯҳои кории федеролиро коҳиш хоҳад дод.
Сухангӯёни чанд вазорат, аз ҷумла, вазорати хазонадорӣ (молия), тандурустӣ, маориф, тиҷорат ва бахши амнияти кибернетикии Вазорати амнияти дохилии Амрико тасдиқ кардаанд, ки берун карданҳо оғоз шудааст. Аммо шумори дақиқи ин барканориҳо маълум нест.
Тибқи гузоришҳо, ҳудуди 300 ҳазор корманди ғайринизомии ҳукумати федероль дар соли ҷорӣ дар чорчӯби тарҳи хурдсозии ҳукумат, ки Трамп дар аввалҳои соли ҷорӣ оғоз карда буд, шуғли худро аз даст хоҳанд дод.
Трамп борҳо дар ҷараёни бунбасти таътили давлат, ки рӯзи ҷумъа вориди даҳумин рӯзи худ шуд, таҳдид карда буд, ки кормандони федеролиро ихроҷ хоҳад кард.
Ҷумҳурихоҳон дар ҳар ду палатаи Конгресс аксариятро ташкил медиҳанд, аммо барои қабули тарҳи будҷа дар Сенат ба дастикам ҳафт раъйи демократҳо ниёз доранд.