Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Агар омӯзгорӣ мекардам, шояд хонаву дар надоштам." Баҳси Донишгоҳи Кӯлоб бо нуҳ донишҷӯ


Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз болои нуҳ тан аз донишҷӯёни собиқаш барои ҳозир нашудан ба ҷойҳои корӣ, ба додгоҳ шикоят бурдаст.

Аз рӯи қонуни Тоҷикистон ин донишҷӯён муваззаф буданд, ҳадди ақал се сол карда, баъд дипломашонро гиранд. Баъзе хатмкунандаҳо мегӯянд, маош кам аст ва барои ҳамин ба ҷойи кор ҳозир шуда натавонистанд.

Нуриддин омӯзгори фанни ҷуғрофия аст. Панҷ сол пеш Донишгоҳи давлатии Кӯлобро хатм кард. Аммо ба ҷойи дарс додан дар яке аз мактабҳои миёна, ки шарти таҳсили бепул ва гирифтани диплом аст, ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафт. Масъулони донишгоҳ ӯро ба ҷавобгарӣ кашиданд.

Нуриддин дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар давраи бемории COVID-19 ба Русия рафтам. Кор кардам. Маро ба суд доданд, 7 ҳазор сомонӣ ё аз он камтар супоридам ва дипломро гирифтам. Дар Русия корам хуб буд. Агар омӯзгорӣ мекардам, шояд имрӯз хонаву дар ва мошин гирифта наметавонистам.”

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Баҳси Донишгоҳи Кӯлоб бо нуҳ донишҷӯи собиқаш
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:11 0:00

Шахсе, ки бахши омӯзгориро дар Тоҷикистон бо пули буҷа мехонад, бояд се сол дар мактаб кор кунад. Ҳар сол Донишгоҳи давлатии Кӯлобро даҳҳо кас бо касби омӯзгорӣ ба поён мерасонанд. Теъдоди онҳо дар соли 2024-ум 281 кас будааст. Нуҳ нафар ба додгоҳ кашида шудаанд, то пули панҷ сол таҳсилро ба буҷаи давлат супоранд.

Бахтовар Бобозода, як масъули Донишгоҳи Кӯлоб зимни нишасти хабарӣ гуфт, аз миёни хатмкунандаҳо 18 нафар ба ҷойи кор ҳозир нашуданд.

"Ин шаш дарсади хатмкардаҳоро ташкил медиҳад. Нуҳ нафарро ба суд пешниҳод кардем. Панҷ нафар пули буҷаи давлатиро баргардонданд, ки 32 ҳазору 125 сомониро ташкил медиҳад,"-афзуд ин масъули донишгоҳ.

Мақомот мегӯянд, теъдоди чунин афрод дар муқоиса бо солҳои гузашта камтар мешавад. Дар соли 2019-ум 81 донишҷӯи собиқи Донишгоҳи Кӯлобро барои ҳозир нашудан ба ҷойи кор ба ҷавобгарӣ кашида буданд. Бештари онҳо писарон ҳастанд ва асосан камии маошро далел меоранд.

Маоши як омӯзгор дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна тақрибан 1650 сомонӣ, баробар ба 150 доллар аст ва дар муоқиса бо кишварҳои дигари минтақа – камтар.

Дар ҳоли ҳозир дар мактабҳои Тоҷикистон қариб сесад омӯзгор намерасад. Онҳое, ки ё ба сабаби камии маош ба тиҷорату кишоварзӣ гузаштаанд ё ба мисли қаҳрамони гузориши мо, Нуриддин, ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG