Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳашт ривояти як ҳалокат


Ба эътиқоди шореҳи сиёсӣ Юлия Латинина, истифодаи пилоний - 210 далели равшани даст доштани гурӯҳи озмуда дар ин ҷиноят аст, нафари танҳо ба анҷоми чунин кор қодир нест.

Юлия Латинина: «Ман фикр намекунам, ки Путин аз ин кор бехабар бошад, зеро Литивиненко ва Путин душманӣ доштанд. Ва агар Путин аз ҳодиса бехабар бошад, пас савол ин аст, ки ин кишварро кӣ идора мекунад?»

Ин дар ҳолест, ки Путин даъват кардааст, аз марги Литвиненко ҷанҷоли сиёсӣ барнааангезанд. Вай гуфтааст, нафароне ҳастанд, ки аз марги одам барои тавтеъаи сиёсӣ истифода мекунанд. Путин ҳамчунин эълом кардаааст, ки дар ҳоли зарурат ҳукумат ва ниҳодҳои бозраси Русия дар тафтиши ҳодиса ширкат хоҳанд кард.

Ва ин ҳам дар ҳоле, ки муҳофизи ҳуқуқ аз созмони Эътилофи шаҳрвандӣ Иля Алмосов дар эътироз ба гуфтаҳои Путин мегӯяд, идораҳои бозрасии Русия ба таҳқиқи парвандаҳои муҳим ҳозир нестанд, на ба тафтиши фасод дар мақомоти олӣ ва на ба тафтиши қатли рӯзноманигор Анна Политковская ва амсоли он. Дар марги Литвиненко ширкати хадамоти вижаи Русияро истисно набояд кард, мегӯяд муҳофизи ҳуқуқ.

Коршинос Александр Ломашкин: «Марги Литвиненко ба хости зубдагони сиёсати Русия аст. Литвинеко дар чанд китоб даст доштани хадамоти федералии амнияти Русия ва раиси он Патрушевро дар ташкили таркишҳо дар Маскав ва азсаргирии ҷанг дар Чеченистон муттаҳам кардааст.»

Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи «Московский Комсомолес» ҳалокати Александр Литвиненкоро иттифоқӣ хондааст. Ба навиштаи рӯзнома, Литвиненко ба Аҳмад Закаев, мубаллиғи чечении паноҳанда дар Бритониё робитаи наздик дошт. Закаев ҳадаф буд, вале дар ин ҳодисаи иттифоқӣ Литвиненко қурбон шуд.

Намояндаи Думаи давлати Русия, генерали бознишастаи КГБ-и Шӯравии собиқ Алексей Кандауров дар сӯҳбат бо радиои «Эхо Москви» гуфтааст, раиси ҷумҳур ба тафтиши ҷиддии ҳодиса зиёд алоқаманд аст, зеро агар ҷинояткори аслӣ ёфт нашавад, он гоҳ Путин бо барчасби номаи вопасини Литвиненко ба нафақа хоҳад рафт. Литвиненко дар ин ёддошти вопасинаш дар марги худ Путинро муттаҳам кардааст. Путин вуҷуди чунин ёддоштро зери суол бурдааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки расонаҳои русӣ ва хориҷӣ дар марги Александр Литвинко ҳашт ривоятро номбар кардаанд. Дар ривояти аввал исми Путин ёд шудааст. Дар ривоятҳои дуввуму савум бадхоҳони дохилӣ ва хориҷии Путин.
XS
SM
MD
LG