Пайвандҳои дастрасӣ

ГКЧП ва истеъфои Қаҳҳор Маҳкамов


Ин матлаб бори нахуст дар моҳи сентябри соли 2006 дар торнамои Радиои Озодӣ мунташир шудааст. Муттассифона, бархе аз ҳамсӯҳбатони мо дигар дар қайди ҳаёт нестанд.

Ба истиснои як намоиши ташкилдодаи Ҳизби Кумунист дар таърихи 24 август ва тазоҳуроти рӯзи 26 август, ки бо ибтикори Ҳизби Демократ доир шуд, Тоҷикистон чанд рӯзи аввал пас аз суқути ГКЧП дар Маскавро ба сурати умум ба оромӣ сипарӣ кард. Аммо таҳаввулоти баъдӣ нишон дод, ки ин ҳама оромии пеш аз тӯфон будааст.

Оғози ҷунбиш ва созмондиҳандагони он

Рӯзи 29 август иҷлосияи Шӯрои Олӣ, порлумони вақти Тоҷикистон даъват шуд ва ҳамзамон ҳазорон нафар дар майдони рӯбарӯи сохтмони порлумон, ки он вақт номи Ленинро дошт, гирди ҳам омаданд.

Тоҳири Абдуҷаббор, раиси ҷунбиши миллии Растохез дар соли 1991 мегӯяд, иҷозаи баргузории ин гирдиҳамоиро аз шаҳрдории Душанбе Растохез хоста буд:

"Мо мехостем эътироз кунем ба ин ва барои он ки эътирози худро расман баён кунем, мо ба шаҳрдорӣ ариза додем барои гузаронидани як митинг. Шаҳрдорӣ ҳам иҷозаи онро дод ва мо ҳам ҷамъ шуда будем. Демократҳо ҳам ба ин пайвастанд ва ҳамин тавр дигарон ва мардум рафта-рафта зиёдтар шуданд баъдан. Сабаби асосиаш ГКЧП буд, ки мо онро ба унвони аъмоли ғайриқонунӣ ва як кудатои воқеъӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ талаққӣ кардем ва эътирози худро мехостем баён кунем."

Аммо Давлати Усмон, муъовини раиси ҳизби он замон ғайрирасмии Наҳзати Исломии Тоҷикистон, аз наҳваи роҳ уфтодани он тазоҳурот ва созмондиҳандаи он таърифе дигар дорад:

"Пешниҳод ва ибтикор аз ибтидо аз ҷониби Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон буд. Ва чун дар он рӯзҳо Ҳизби Наҳзат нимарасмӣ буд ва созмони мардумии Растохезу Ҳизби Демократ расмӣ буданд, аз ин лиҳоз онҳо ҳамчун мубтакир садо баланд карданд. Дар асл ибтикор аз ҷониби шуъбаи тоҷикистонии Ҳизби Наҳзатии Исломии Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва тазоҳуроти рӯзи 29 август ҳам аз ҷониби ҳамин ҳизб бо ба саҳна кашидани афроде, ки ҳизбӣ набуданд, аммо ҳавохоҳи озодиву истиқлол буданд, аз нирӯҳои мазҳабӣ, (баргузор шуд). Ин сабаб шуд, ки як тазоҳуроти пуриздиҳоми бузург рӯзи 29 август ташкил шавад ва талаби истеъфои раҳбарони Тоҷикистонро, ки аз кудато ҳимоят карданд, ба миён бигузорад."

Таърифҳо аз наҳваи таҷаммӯи мардум дар он рӯзҳо мухталиф аст. Ба ҳар сурат, Душанбе дар тӯли якуним соли гузашта аз ҳаводиси хунини баҳманмоҳ чунин тазоҳуроти пуриздиҳомро ёд надошт. Аз Имомназари Холназар, сардабири пешини нашрияи Адолат мепурсам, ки ин издиҳоми бузургро чӣ ба майдон овард?

Имомназари Холназар мегӯяд: "Ҳамин мардумро, гумон намекунам, ки ягон нафар ё ягон гурӯҳ ба майдон кашида бошад. Мардум худаш ба ҷон расида буд. Дар мағозаҳо чизе набуд, фақру бенавоӣ, беқурб шудани пул, қаҳтиву тангдастӣ, бесоҳибӣ, бесарварӣ... Ҳамин чизҳо мардумро маҷбур кард, ки ба қувваҳои демократӣ ва ба рӯшанфикрон бипайвандад. Мардум як наҷотбахш меҷуст барои худ."

Мардум чи мехостанд?

Давлати Усмон мегӯяд, тазоҳургарон пеши порлумон ва давлат маҷмӯъан 17 талаб гузошта буданд:

"17 талаб буд дар феҳресте, ки мо пешниҳод кардем. Яке аз талабҳои аслӣ эъломи истиқлоли Тоҷикистон буд. Ҳам расмӣ кардани фаъъолияти Ҳизби Наҳзати Исломӣ буд ва ҳам манъи фаъъолияти Ҳизби Кумунист. Ва ҳам истеъфои се раҳбари аввали ҷумҳурӣ."

Аз талабҳои дигари усулӣ баргузории интихоботи ҷадиди порлумонӣ буд, ки баъдан на як бору ду бор дар музокироти байни давлат ва тазоҳургарон мавриди муъомила қарор гирифт.

Аммо он чи издиҳом бештар мехост, истеъфои раҳбарони аввали кишвар - раисиҷумҳур Қаҳҳор Маҳкамов, нахуствазир Иззатуллоҳ Ҳаёев ва раиси Шӯрои Олӣ Қадриддин Аслонов - ва манъи фаъъолияти Ҳизби Кумунист ба маҳзи ҳимояташ аз кудатои 19 август буд.

Тағйири кирдори порлумон зери фишори мардум

Зери фишори издиҳоми майдон иҷлосияи Шӯрои Олӣ ба дастури кораш тағйирот ворид кард ва ба муҳокимаи мавзӯъи истеъфои Қаҳҳор Маҳкамов аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ пардохт. Қаҳҳор Маҳкамов пешниҳоди ихтиёран аз ин мақом рафтанро рад кард ва аъзои Шӯрои Олӣ масъалаи раъйи эътимод ба раисиҷумҳурро дар миён гузоштанд.

Ва аммо дар раъйгирии аввал, ки субҳи 30 август доир шуд, Маҳкамов раъйи эътимоди аксари аъзои порлумонро ба даст овард. Ин тасмими порлумон шиддатро ҳам дар толори иҷлосия ва ҳам дар майдон афзуд.

Талаби истеъфои Маҳкамов ва ин бор бидуни бастагӣ бо истеъфои Ҳаёев ва Аслонов баландтар аз пеш садо медод ва акнун ба шумори мухолифини Маҳкамом онҳое ҳам пайваста буданд, ки субҳи он рӯз ба ӯ раъйи эътимод дода буданд.

Маҳкамов тақозои истеъфоро ҳамчунон рад мекард ва барои эъломи раъйи адами эътимод ба раисиҷумҳур касби дастикам 67 дарсади орои вакилон лозим буд.

Чи гуна ях шикаст

Ҷӯрабек Муродов, ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ ва узви Шӯрои Олии Тоҷикистон дар соли 1991 мегӯяд:

"Ман ҳамон вақт дар Самарқанду Панҷакату Айнӣ будам. Ман хабарам набуд, вале онҳо дар Донишкадаи кишоварӣ як ҷаласа ҳам ташкил доданд. Ба ман занг заданд, ки биёед, иҷлосия шурӯъ мешавад. Дар ҳамон ҷаласае, ки дар Донишкадаи кишоварзӣ сурат доданд, ба хаёлам, Маҳкамов ё ҳизбро дастгирӣ накардааст ва ё гуфта, ки аз ҳизб хориҷ мешавад. Шуҳрат Султонову он дигаронаш ҳама шогирдон ва кормандони Маҳкамов буданд-ку. Бар ҳар сурат, иҷлосия шуду ба норизоиятҳо печид. Аввал ман сухан гирифтам ва баъдан кумунистҳо низ аз ин кор дастгирӣ карданд."

Ва дар ҳамин ҷо худи Маҳкамов ба кумаки мухолифинаш расид ва эълон кард, ки тасмим гирифтааст, аз суфуфи Ҳизби Кумунист хориҷ шавад. Ин ҳарфи раисиҷумҳур таносуби нирӯҳо дар порлумонро ба гунаи ҷиддие тағйир дод ва хеле аз вакилони кумунистро ҳам ба сангари мухолифони Маҳкамов бурд.

Тоҳири Абдуҷаббор, узви дигари Шӯрои Олӣ дар соли 1991:

"Дар дохили иҷлосия ҳам рӯҳияи майдонро ба хубӣ эҳсос мекарданд ва хеле аз аъзои порлумон бо майдон иртибот доштанд, рафтуомад мекарданд ба он ҷо ва ҳарфҳои майдоннишинонро дар иҷлосия мегуфтанд, ки оё ин талабҳои мардум дар бораи истеъфоро бипазирем ё напазирем? Баҳсҳои зиёде буд. Мавзӯъ аз ин қарор буд, ки Қаҳҳор Маҳкамов аз курсии муншии аввали кумитаи марказии Ҳизби Кумунист мехост даст бикашад. Қабл аз иҷлосия дар кумитаи марказӣ пленуми ҲКТ доир шуда буд ва дар он пленум Маҳкамов ин матлабро мисли ин ки гуфта будааст. Ва ин боъиси дигаргун шудани рӯҳияи депутатҳои аксаран кумунист шуд. Ва бисёре хеста, бар зидди Маҳкамов суҳбат карданд. Яъне авзоъ дигаргун шуда буд. Ҳатто онҳое, ки чанде пеш аз тарафдорони содиқ ва саддарсади Маҳкамов ба ҳисоб мерафтанд, ҳатто онҳо аз ҷо баланд шуданд ва ошкоро гуфтанд, ки ӯ бояд биравад."

Аммо Шарофат Усмонова, муншии идеоложики Кумитаи Марказии ҲКТ мегӯяд, бисёре аз вакилони кумунистро камҷуръатии Маҳкамов дар лаҳазоти буҳроние ба мисли рӯзҳои ГКЧП дилсард карда буд ва азми Маҳкамов барои рафтан аз Ҳизби Кумунист ба ин дилсардӣ боз ҳам афзуд:

"Дар он ҷо фақат дар бораи шахсият сухан намерафт. Чунки он замон баромадҳо бар зидди Ҳизби Кумунист зиёд буд, ҳамон вақт Маҳкамов ҳам раҳбари ҳизб буд ва ҳам президент. Аксарияти депутатҳо, ки кумунист буданд, шояд ба шаъни худ сазовор намедонистанд, ки бар зидди раҳбари ҳизб раъй диҳанд. Лекин вақте ки тазоҳурот зиёд ва вазъ тезутунд шуд, сухан дар бораи тинҷиву осоиштагии давлат рафт, дар бораи пешгирии ҷанге рафт, ки дар ниҳоят ба вуқӯъ пайваст. Вале он замон ҳанӯз имкони гирифтани пеши роҳаш вуҷуд дошт. Ҳамин андешаҳо ва баъд, рафтори худи Қаҳҳор Маҳкамович (ин чизро ҳам фаромӯш кардан даркор нест) ҳамаро водор ба ин кор кард. Ҳамон вақт Маҳкамов аз уҳдаи кор бар наёмад ва дар оянда аз чунин шахс пуштибонӣ кардан барои худи кумунистҳо низ хатои зиёд мешуд."

Ва вақте ки Шуҳрат Султонов, яке аз раҳбарони аввали Кумитаи Марказии ҲКТ ба сухан бархост ва аз Маҳкамов талаби истеъфо кард, Маҳкамов билохира дарк мекунад, ки фурсаташ сар омадааст.

Дар он замон ҳанӯз як меканизми қонунӣ, ки масъалаи табдили раҳбари аввали ҷумҳуриро танзим кунад, вуҷуд надошт. Тоҳири Абдуҷаббор мегӯяд, илоҷи ин кор ҳам зуд ёфт шуд:

"Дар ҳамон ҷо дафъатан як қонуни дигар қабул шуд аз тарафи депутатҳо. Ва вақте ки ин қонунро ба овоз гузоштанд ва аксарияти мутлақи депутатҳо ба он раъйи мувофиқ дод, дигар худи Маҳкамов эҳсос кард, ки дар воқеъ, дигар кор аз кор гузашта, дигар инҳо аз ҳеҷ чиз намегарданд, яъне мавзӯъ ҳал шудааст. Ва ӯ аз ҷояш баланд шуду истеъфои худро эълон кард ва баромада рафт."

"Шоҳ рафт! Зинда бод шоҳ!"

Қаҳҳор Маҳкамов аз соли 1985 дар тӯли қариб шаш сол ҳамчун муншии аввали ҳизби ҳокими кумунист ва тайи 9 моҳи охир ба ҳайси раисиҷумҳур раҳбарии Тоҷикистонро бар уҳда дошт. Давлати Худоназар, узви вақти Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ, мегӯяд, Маҳкамов бо ҳимояташ аз ГКЧП бозиро дигар бохта буд:

"Дар контексти воқеъаҳои он рӯзҳо онҳо бохтанд. Онҳое, ки тарафдори ГКЧП буданд, бояд мерафтанд. Бадбахтии мо дар он буд, ки баъд аз ҳодисаҳои моҳи феврали соли 1990 сиёсатро қатъан дигар накарданд. Ин нуқсони аслии ҳукумати Қаҳҳор Маҳкамов буд. Мо кӯшишҳои зиёде кардем, ки ҳамкорӣ кунем ва Тоҷикистонро ҳаматарафа аз хатари ҷанг ҳифз кунем. Лекин ин бояд дар ҷараёни ҳамкорӣ мешуд. Ҳамкорие, ки афсӯс, нашуд."

Ва соъати дуву ними зуҳри 30 август дархости истеъфои Қаҳҳор Маҳкамов, нахустин раисиҷумҳурии Тоҷикистон, бо 172 раъйи мувофиқ аз ҷамъи 225 раъйи аъзои парлумон қабул шуд ва шавқу шӯри бузургеро дар майдон барангехт.

Шаҳди ин пирӯзӣ ба ком майдоннишинон аз чанд талаби дигари худ, аз ҷумла истеъфои Ҳаёев ва Аслонов ақиб нишастанд. Аммо Давлати Усмон мегӯяд, ин ақибнишинии онҳо ҳисобшуда буд:

"Вақте ки Қаҳҳор Маҳкамов ба истеъфо рафт, мо ҳис кардем, ки дар дохили худи Ҳизби Кумунист ба хотири касби қудрат як бозии пасипардагӣ бо истифода аз майдон шурӯъ шудааст. Дар раъси ин бозӣ Раҳмон Набиев ва як идда аз кумунистҳо дар атрофи ӯ ҷамъ шуда буданд, аз он ҷумла Сафаралӣ Кенҷаеву чанд тани дигар. Аз ҳамин лиҳоз, мо дигар талаб накардем, ки раиси парлумон Аслонов ва нахуствазир Ҳаёев низ ба истеъфо бираванд."

Ва Имомназари Холназар, сардабири пешини Адолат, нашрияи Ҳизби Демократи Тоҷикистон мегӯяд:

"Акнун ҳама фаҳмида буд, ки Маҳкамов дигар на аз Маскав дастгирӣ дошт ва на аз дохил. Ва медонистанд, ки дар Ҳизби Кумунист ва раҳбарии давлат мондани Қаҳҳор Маҳкамов дигар ба зиёни ин ҳизб аст. Дар ин байн аз даруни Ҳизби Кумунист ва худи ҳукумат як нирӯи дигар ҳам пайдо шуд, ки Набиевро омода мекард, Кенҷаев чанд зина пештар баромад... Як қувваи дигар, ки дар воқеъ, баъдтар ҳукуматро соҳиб шуд. Қувваи севвум ҳам гуфта намешавад онро, чунки он аз ҳамон дохили Ҳизби Кумунист ва дастгоҳи давлат бархоста буд."

Ҳамин тавр, Қадриддин Аслонов ба унвони раиси Шӯрои Олӣ кафили раёсати ҷумҳурӣ таъйин ва таърихи интихоботи саросарии раёсати ҷумҳурӣ 24 ноябри ҳамон сол муқаррар шуд.

Раҳбарии Аслонов бар Тоҷикистон фақат се ҳафта тӯл кашид, вале тайи ҳамин муддат буд, ки эъломияи истиқлоли Тоҷикистон рӯзи 9 сентябри соли 1991 тасвиб шуд ва дар зери ин санади таърихӣ имзои Қадриддин Аслонов аст.

Дар поизи соли 1992 Қадриддин Аслонов дар водии Вахш ба дасти нирӯҳои Фронти Халқӣ асир уфтод ва ба гунаи ваҳшиёна кушта шуд. Аммо охирин қарори ӯ дар симмати кафили раёсати ҷумҳурӣ дастури манъи фаъъолияти Ҳизби Кумунист ва миллӣ кардани ҳамаи дороиҳои марбут ба ин ташаккули сиёсӣ дар таърихи 21 сентябри соли 1991 буд, ки хашми аъзои кумунисти Шӯрои Олиро барангехт ва ин бор масъалаи истеъфои худи Аслоновро вориди дастури кори порлумон кард.
XS
SM
MD
LG