Марк Рутте, дабири кулли НАТО, рӯзи 11-уми декабр гуфт, ки "ҳадафи баъдии Русия мо ҳастем". Суханронии Рутте дар Берлин мавриди нави ҳушдор дар бораи даргирии мустақим бо Русия буд, ки дар соли 2025 аз сӯи мақомоти баландпояи аврупоӣ ва ниҳодҳои иттилоотӣ матраҳ шудааст.
Дар моҳи феврал дастгоҳи иттилоотии Дания гуфт, "Русия худро дар ҳоли даргирӣ бо Ғарб мебинад ва дар ҳоли омода шудан барои ҷанг алайҳи НАТО аст".
Дар моҳи июн баландпоятарин афсари Олмон гуфт, ки мумкин аст ҳамлаҳо давоми чор соли оянда рух диҳад. Дар моҳи ноябр ҳамтои ҳолландии ӯ ҳамин назарро такрор кард. Ду рӯз пештар аз ин вазири дифои Олмон гуфта буд, "шуморе аз муаррихони низомӣ ҳатто бовар доранд, ки мо охирин тобистони сулҳомези худро пушти сар гузоштаем".
Феҳрасти ин ҳушдорҳо бисёр тӯлонӣ аз ин аст. Марк Рутте аз ҳама бештар чунин ҳушдорҳоро такрор кардааст. Ӯ ҳудуди як сол пеш аз аъзои НАТО хоста буд, буҷаи дифоии худро афзоиш диҳанд, вагарна бояд омодаи омӯхтани забони русӣ шаванд. Суханронии 11-уми декабри Марк Рутте ҷиддитарин ҳушдор то имрӯз буд.
Пушти ин ҳушдорҳо чист?
Ин изҳори назарҳои давомдор унвони хабарҳо шудаанд ва пурсишҳоро низ барангехтаанд, ба вижа дар шароите ки Иёлоти Муттаҳида нишонаҳое аз коҳиши тамоюл ба ҳифзи ҳимоятҳои амниятии худ аз Аврупоро буруз медиҳад.
Ҷон Фурман, атташеи низомии пешини Бритониё дар Маскав ва Киев ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, "ин мавзӯе аст, ки ман ба он фикр кардаам, бахусус чун ҳеч далел вуҷуд надорад, ки нишон диҳад Русия метавонад ё мехоҳад ба НАТО ҳамла кунад".
Ӯ афзуд, "ба назари ман, теъдоде аз сиёсатмадорон ва низомиён аз таҳдиди Русия ба далели содатаре истифода мекунанд. Марк Рутте барои ташвиқи кишварҳои узви НАТО ба афзоиши ҳазинаҳои низомиашон ва ҳолландиҳо барои ҳузури бештари НАТО дар хоки худашон".
Шуморе ҳам ишора кардаанд, ки Русия пас аз наздик ба чор сол ҷанг ҳанӯз натавонист Украинаро ба зону дарорад, ҳарчанд имсол бо вуҷуди талафоти бузурги инсонӣ ва таҷҳизот пешравиҳои андаке кардааст".
Тиму Томико аз Маркази таҳқиқотии байнулмилалии Финландия низ гуфт, Русия дар ҳоли ҳозир "тамоюле ё тавоноие барои ҳамла ба НАТО нишон намедиҳад".
Аммо ӯ ба бахши русии РАО/РО гуфт, мондани Владимир Путин дар қудрат "аз вуҷуди як таҳдиди хориҷӣ вобаста аст" ва ин яъне "дар дарозмуддат эҳтимоли иқдоми низомии мустақим вуҷуд дорад, ба вижа агар ҷанг дар Украина бидуни пешрафт бимонад".
Бархе бовар доранд, ки ин раванд ҳамакнун оғоз шудааст. Махсусан бо вуруди ҳавопаймоҳои бесарнишин ва ҳавопаймоҳои ҷангии Русия ба ҳарими ҳавоии НАТО.
Ҳамла ба Эстония?
Гузоришҳое, ки 18-уми декабр аз сӯи Шӯрои аврупоии равобити хориҷӣ мунташир шуд, бар нигарониҳо дар бораи эҳтимоли ҳамлаи мустақим ба Эстония тамаркуз дорад. Ҳамлаҳое, ки ҳадафи он метавонад озмудани омодагиҳои ИМА ва дигар муттаҳидони НАТО барои ҷанг бошад.
Дар ин гузориш омадааст, "дар Аврупо ин нигаронӣ ҷиддист, ки давлати Амрико гирифтори сиёсатҳои дохилӣ шуда ва ба ин зудиҳо ҳузури худ дар Аврупоро коҳиш медиҳад ва ё барои идомаи нақшаи худ дар дифоъ аз Аврупо шароитро матраҳ мекунад".
Ин гузориш Эстонияро кишвари "хурду осебпазир" донистааст.
Ҳамчунон як таҳқиқоти соли 2016 пешбинӣ карда буд, ки нерӯҳои Русия дар сурати таҷовуз ба Эстония метавонанд дар зарфи 60 соат пойтахти ин кишварро тасарруф кунанд. Аммо гузориши Шӯрои аврупоии робитаи хориҷӣ таъкид мекунад, ки Русия пас аз поёни ҷанги Украина ба 5-10 сол замон ниёз дорад "то барои чунин ҳамла омода шавад".
Нуктаҳои қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки мақомоти амрикоӣ ин ҳушдорҳои ҳамтоёни аврупоии худро такрор накардаанд.
Стратегияи амнияти миллии Амрико, ки ба тозагӣ мунташир шуд, таъкид мекунад, ки "муттаҳидони аврупоӣ тақрибан аз ҳар назар, ба ҷуз силоҳҳои ҳастаӣ, аз бартарии қобили таваҷҷуҳи низомӣ нисбат ба Русия бархурдоранд".
Бо ин ҳол, ин санад бар зарурати нақши дипломатияи Амрико "барои коҳиши хатари даргирӣ миёни Русия ва кишварҳои аврупоӣ" таъкид дорад.
Кӣ "ҷангталаб" аст?
Мақомоти Кремл роҳбарони аврупоиро "ҷангталаб" хонда, аммо ҳаргуна тамоюле ба ҳамларо рад кардаанд. Онҳо дар остонаи таҷовузи худ ба Украина дар феврали 2022 низ изҳороти монанд доштанд. Аммо дар ниҳоят ба Украина ҳамла карданд.
Сергей Рябков, муовини вазири корҳои хориҷии Русия рӯзи 22-юми декабр гуфт, "Русия ҳадафҳои низомиро, ки ба кишвари мо нисбат дода мешавад дунбол намекунад". Ӯ афзуд, "ҳамон тавр, ки раисҷумҳури Русия пештар гуфт, мо ҳатто омодаем ин мавзуъро ба сурати ҳуқуқӣ ва дар чорчӯби як тавофуқ барои поёни ҷанги Украина тазмин кунем".
Аммо баид аст, ки чунин ваъдае аз сӯи Русия барои бисёриҳо дар Ғарб ҷиддӣ дониста шавад. Зеро Русия дар "ёддошти Будапешт" дар соли 1996 низ аҳдномае дар мавриди эҳтиром ба марзҳои Украина имзо кард, вале сипас онро поймол намуд.
Дар ниҳоят шояд ҳама чиз ба тасмими як нафар бастагӣ дошта бошад - Владимир Путин.
Элизабет Бароу аз Маркази таҳқиқоти дифоӣ ва амниятии RUSI ба бахши русии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, "ҳамон тавр, ки медонем, Русия демократӣ нест. Чунин иқдоме асосан вобаста аз ин аст, ки оё Владимир Путин тасмим хоҳад гирифт, ки ба як кишвари аврупоии узви НАТО ё кишвари аврупоии дигаре ҳамла кунад. Пешбинии қатъии он номумкин аст".
Вай афзуд, "ба ҳамин далел аст, ки фармондеҳони низомӣ дар саросари Аврупо мегӯянд, бояд барои вуқӯи ҳар иттифоқе омода бошем. Мумкин аст, фардо рух диҳад, панҷ сол баъд, даҳ сол баъд, ё шояд ҳаргиз рух надиҳад, аммо намешавад рӯи ин ки иттифоқ нахоҳад уфтод, хеле ҳисоб кард".
Гуфтугӯ