Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) аз Филиппин шикаст хӯрд


Бозии тимҳои олимпии Тоҷикистону Филиппин. Акс аз сомонаи ФФП
Бозии тимҳои олимпии Тоҷикистону Филиппин. Акс аз сомонаи ФФП

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) зери раҳбарии сармураббӣ Леван Хомерики, мутахассиси 51-солаи гурҷӣ, дар дувумин бозиаш дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни футболбозони то 23-сола аз тими олимпии Филиппин бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд.

Бозии даври дуюми мусобиқот дар гурӯҳи “К” шаби шанбеи 6-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир гардид. Голи ягонаро ба дарвозаи мизбонон бозигари филиппиниҳо Ноаҳ Леддел дар нимаи дуюми дидор, дар дақиқаи 71-ум, ба самар расонд.

Дар бозии дигари даври дуюм дар гурӯҳи “К” дастаи мунтахаби ҷавонони Сурия (U-23) бар тими олимпии Непал бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд.

Ёдовар мешавем, дар даври аввали мусобиқот дар гурӯҳи “К” Сурия бар Филиппин бо ҳисоби 2:1 ва Тоҷикистон бар Непал бо ҳисоби 4:0 ғолиб омада буданд.

Ба ин тартиб, пас аз аз натиҷагирии бозиҳои даври дуюми мусобиқот дар ҷадвали гурӯҳи “К” тими мунтахаби ҷавонони Сурия (U-23) бо 6 имтиёз пешсаф аст. Дастаҳои мунтахаби олимпии Филиппину Тоҷикистон сеимтизӣ гирифтаанд.

Бо дарназардошти он ки Филиппин Тоҷикистонро мағлуб кардааст, дар ҷойи дуюм ва футболбозони ҷавони тоҷик дар ҷойи сеюм қарор доранд. Тими Непал бидуни имтиёз дар зинаи чаҳорум ҷойгир шудааст.

Бозиҳои гурӯҳи “К” бо иштироки тимҳои ҷавонони Тоҷикистон, Непал, Филиппин ва Сурия дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе то рӯзи 9-уми сентябр идома хоҳанд кард.

Футболбозони ҷавони тоҷик дар даври сеюми мусобиқот 9-уми сентябр (соати 21:00) бо Сурия рақобат мекунанд. Пеш аз ин дидор бозии даври ниҳоӣ миёни дастаҳои Филиппину Непал (соати 18:00) доир мегардад.

Ғолибони 11 гурӯҳи интихобӣ ва ҳамчунин чаҳор тими беҳтарини ҷойҳои дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё (U-23), ки аз 7-ум то 25-уми январи соли 2026 дар Арабистони Саудӣ доир мешавад, роҳ меёбанд.

Мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2026 (U-23)

Гурӯҳи «К»

Даври 1-ум

Сурия – Филиппин – 2:1

3-юми сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Тоҷикистон – Непал – 4:0

Голҳо: Муҳаммадалӣ Азизбоев, 39 (1:0). Муҳаммадалӣ Азизбоев, 58 (2:0). Раҳматшо Раҳматзода, 90 (3:0). Далер Шарипов, 90+2 (4:0).

3-юми сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 4822 тамошогар.

Даври 2-юм

Непал – Сурия – 2:4

6-уми сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Филиппин – Тоҷикистон – 1:0

Гол: Ноаҳ Леддел, 71 (1:0)

6-уми сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 5340 тамошогар.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи "К"

ҶДАСТАҲОБҒМБТӯбҳоИ
1.Сурия22006-36
2.Филиппин21012-23
3.Тоҷикистон21014-13
4.Непал20022-80


Даври 3-юм

9-уми сентябр (сешанбе)

18:00 - Филиппин – Непал

21:00 - Тоҷикистон - Сурия

Эзоҳ: Бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

XS
SM
MD
LG