Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тахриби ёдгории Алишер Навоӣ. Толибон ваъда додаанд, ки онро бозсозӣ мекунанд


Толибон дар Афғонистон ёдгории Алишер Навоӣ, шоири барҷастаи асри 15-ро, ки дар шаҳри Ҳирот бо забонҳои форсӣ ва узбекӣ шеър мегуфт, дар шаҳри Мазори Шариф вайрон карданд. Аммо танҳо баъд аз ду рӯз ваъда доданд, ки онро дубора бозсозӣ мекунанд.

Тахриби ҳайкал ё тандис дар рӯзи 18-уми августи имсол, мавҷе аз хашм ва интиқодро дар миёни фарҳангиён, фаъолон ва сокинони шаҳри Мазори Шариф барангехт. Ба гуфтаи сокинони маҳал, ки нахостанд номашон фош шавад, мақомҳои Толибон ин амалро бо такя ба далелҳои динӣ анҷом дода, гуфтаанд, акс ва муҷассамаи инсонҳо тибқи шариат мамнуъст.

Алишер Навоӣ бунёдгузори адабиёти классикии узбек, дар миёни туркзабонони Осиёи Миёна ва Афғонистон аз ҷойгоҳи вижае бархӯрдор аст.

Соира Раҳмонӣ, нависанда ва фаъоли афғони муқими Порис, ин иқдоми Толибонро "зарба ба каромати узбекҳо ва гуногунии фарҳангии Афғонистон" хонд.

Бо идомаи эътирозҳо, Толибон дар як маросим бо ҳузури дипломатҳои Узбекистон ваъда доданд, ки ин ёдгориро бозсозӣ хоҳанд кард. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон эълон кард, ки Толибон ваъда доданд, ҷойи наверо ба номи Алишер Навоӣ гузоранд.

Аҳрор Бурҳонов дар шабакаи "Х" навишт, "илова бар ин, намояндагони Афғонистон таъкид карданд, ки ба Алишер Навоӣ эҳтиром доранд ва итминон доданд, ки мероси ӯ ба таври шоиста гиромӣ дошта хоҳад шуд. Онҳо ваъда доданд, ки бинои ёдбудро аз нав бисозанд ва атрофи онро ободтар кунанд".

Ин ақибнишинии "Толибон" ёдовари моҷарои соли гузашта аст. Он замон расонаҳо гузориш доданд, ки "Толибон" аз Узбекистон хостаанд, то барномаи мусиқӣ дар "Маркази байнулмилалии тиҷории Тирмиз"-ро қатъ кунанд. Бо вуҷуди ин, барномаҳо идома ёфт ва Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон эълон кард, ки дархосте аз сӯйи ҳокимони нави Афғонистон матраҳ нашудааст.

Коршиносон мегӯянд, ки "Толибон" дар баробари Узбекистон ба таври дигар рафтор мекунанд, зеро робитаҳои иқтисодии ду кишвар барои ҳукумати "Толибон" муҳим аст. "Толибон" пештар дар вайрон кардани осори таърихӣ, монанди Буддо дар Бомиён, ба ҳарфи касе гӯш намедоданд, аммо ин бор манфиатҳои молӣ ва сиёсӣ бар идеологияи сахтгиронаи онҳо ғалаба кардааст.

Аз замони бозгашти Толибон ба қудрат, Узбекистон ба яке аз шарикони аслии иқтисоди Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибон табдил шудааст.

Танҳо соли ҷорӣ, Тошканд сармоягузории 243- миллиондоллариро дар чаҳор тарҳи энержии Афғонистон эълон кардааст ва ахиран тавофуқномаи наве дар заминаи транзит ва тиҷоратро ба имзо расондааст.

Узбекистон ҳамчунин дар моҳи май марказҳои тиҷории расмиро бо ҳузури ширкатҳои давлатии худ дар Кобул ва Мазори Шариф ифтитоҳ кард.

Афғонистон, ки иқтисоди он аз ҷангҳо ва таҳримҳо ба шиддат осеб дидааст, акнун беш аз ҳар вақти дигаре вобаста ба тиҷорати марзӣ ва воридоти барқ аз Узбекистон аст. Ин дар ҳоле аст, ки ин кишвар бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ ва коҳиши чашмгири кӯмакҳои хориҷӣ рӯбарӯ аст.

XS
SM
MD
LG