Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмад Аш-Шаръ: Аз ҷанг наметарсем, аммо манфиати мардумро бар вайронӣ тарҷеҳ медиҳем


Аҳмад Аш-Шаръ, раисҷумҳури муваққати Сурия рӯзи 16 июл дар як суханронии телевизионӣ баъд аз ҳамлаҳои Исроил ба биноҳои давлатӣ дар шаҳри Димишқ, эълон кард, ки муҳофизат аз шаҳрвандони друзӣ ва ҳуқуқи онҳо, "авлавияти мо" аст.

Ӯ хитоб ба шаҳрвандони друзӣ гуфт, "мо ҳар гуна талош барои кашонидани шумо ба домани тарафҳои хориҷиро рад мекунем".

Аҳмад Аш-Шаръ Исроилро муттаҳам кард, ки аз замони сарнагунии ҳукумати Башор Асад, дар пайи ҷудоиандозӣ ва бесуботӣ дар Сурия аст ва иттиҳоду ҳамбастагии мардуми Суриряро ҳадаф қарор додааст.

"Мо аз ҷанг наметарсем. Мо зиндагии худро дар муқобила бо чолишҳо ва дифоъ аз мардуми худ гузаронидаем. Мо манфиатҳои суриягиҳоро бар бесуботӣ ва вайронӣ афзалтар мешуморем",-гуфтааст раисҷумҳури муваққати Сурия.

Ӯ таъкид кардааст, ки мардуми Сурия аз ҷанг наметарсанд ва дар сурате, ки каромати онҳо таҳдид шавад, омодаи набард хоҳанд буд.

Артиши Исроил рӯзи 16 июл бинои Вазорати дифоъ ва Ситоди муштараки артиши Сурияро дар Димишқ бомбаборон кард ва тибқи гузоришҳо, атрофи бинои қасри президентӣ низ ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил қарор гирифт.

Як манбаъ дар вазорати тандурустии Сурия ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтааст, бар асари ҳамлаҳои Исроил ба Вазорати дифоъ дар Димишқ, панҷ тан аз нерӯҳои амниятии Сурия кушта шуданд.

Исроил ҳокимони нави Сурия бо раҳбарии Аҳмад Аш-Шаръро "ҷиҳодиҳои тағйири чеҳра дода" мехонад ва эълон кардааст, ки иҷоза нахоҳад дод онҳо нерӯҳои худро ба ҷануби Сурия интиқол диҳанд.

Исроил ҳамчунин худро ӯҳдадор медонад, ки аз ақаллияти друзҳои ин минтақа дар баробари ҳамлаҳо дар дохили Сурия, муҳофизат кунад. Ин иқдом аз сӯи ҷомеаи друзҳои Исроил ҳимоят шудааст.

Навтарин мавҷи хушунатҳо дар Сурия бо одамрабоӣ ва ҳамлаҳои дуҷонибаи қабилаҳои бодиянишини суннӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳи друзҳо дар Сувайдо, ки маркази аслии ақаллияти друзҳо аст, оғоз шуд.

Дар ҳамин ҳол, вазорати тандурустии Сурия гузориш дод, ки "даҳҳо ҷасад" дар бемористоне дар шаҳри Сувайдо кашф шудааст.

Дар баёнияи ин вазорат, ки шоми 16 июл нашр шуд, омадааст, "пас аз берун рондани воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ аз бемористони миллии Сувайдо, даҳҳо ҷасад дар онҷо кашф шуд. Баррасиҳо нишон дод, ки ин ҷасадҳо мутааллиқ ба ғайринизомиён ва нерӯҳои амниятии Сурия будаанд".

Неруҳои давлатӣ, ки барои барқарории назм ва тартибот вориди Сувайдо шуда буданд, бо нерӯҳои друзӣ даргир шуданд.

Созмони Дидбони ҳуқуқи башари Сурия субҳи 17 июл эълон кард, ки аз оғози даргириҳо то кунун 350 нафар кушта шуданд. Бар асоси ин гузориш, 79 нерӯи друзӣ ва 55 ғайринизомӣ ҷон бохтаанд.

Ҳамчунин 189 нафар аз нерӯҳои вазоратҳои дифоъ ва корҳои дохилӣ ва 18 ҷангҷӯи бодиянишин кушта шудаанд.

Ин ниҳод қаблан шумори кушташудагонро 300 нафар эълон карда буд.

Тасдиқи ин омор ба шакли мустақил ғайри мумкин аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG