Қаблан раҳбарони бахши энержии Тоҷикистон борҳо нигаронӣ карда буданд, ки русҳо барқи истеҳсолшуда дар "Сантуда-1"-ро ба онҳо гарон мефурӯшанду онҳо ба аҳолӣ арзонтар. Дар тарҳи нав имтиёз дар нархнома ва ӯҳдадориҳои Тоҷикистон дар пардохти пули барқ зикр шудааст.
Бар асоси тағйиротҳои нав дар созишнома миёни Душанбе ва Маскав, нерӯгоҳи "Сангтуда-1" дар чанд соли оянда 297 миллион доллар қарзи "Барқи тоҷик"-ро бахшиданист. Ҳамчунин дар назар аст, ки арзиши барқи ин нерӯгоҳ, ки бештар аз 30 дирам ё 3 сенти амрикоӣ буд, 2,1 маротиба арзон шавад, вале танҳо барои 8 соли оянда. Дар баробари чунин сабукиҳо, дар созишнома таъкид шудааст, ки муҳлати истифодаи нерӯгоҳ аз сӯи Русия 15 соли дигар, то соли 2048 тамдид мегардад.
Ин тағйиротҳо 16-уми июн аз сӯи Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон қабул шуд, вале ҷузъиёти бештари онро на ҷониби Тоҷикистон ва на Русия шарҳ намедиҳанд.
Видеоро инҷо бинед:
Рӯзи 25-уми июн дар Вазорати энержии Тоҷикистон дар суҳбати бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар ин созишнома ӯҳдадориҳои Тоҷикистон барои сари вақт пардохт намудани пули барқи "Сантуда-1" бештар шудааст. Ҳамсуҳбати мо дар ин ниҳод гуфт, "ҷониби Русия аз тамдиди муҳлати истифодаи нерӯгоҳ ва сари вақт пардохти пули истифодаи барқ ҳавасманд аст".
Нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" соли 2008 бо сармояи Русия дар дарёи Вахш сохта шуда, 75 дарсади он ба Русия ва 25 дарсад ба Тоҷикистон тааллуқ дорад. Тибқи иттилои расмӣ, “Сантӯда-1” 11 дарсади барқи Тоҷикистонро истеҳсол мекунад. Масъули "Сангтӯда-1” пештар гуфта буданд, пуле, ки “Барқи тоҷик” ба он медиҳад, ҳамагӣ 32 дарсади арзиши барқро мепӯшонад ва ин имкон намедиҳад нерӯгоҳ пули молиётро саривақт пардохт кунад.
Абдулло Ашуров, рӯзноманигор ва коршиноси иқтисодӣ мегӯяд, созишнома дар мавриди истифодаи нерӯгоҳи "Сантуда-1" аз оғоз чандон ба нафъи Тоҷикистон набуд.
"Дар аввал гуфта мешуд саҳми Тоҷикистон 30 ва саҳми Русия 70 дарсад бояд бошад, вале баъдан тавре шуд, ки саҳми Русия 75 ва аз Тоҷикистон 25 дарсад муқаррар шуд. Нархи нерӯи барқи "Сангтӯда-1" хеле гарон буд, яъне имтиёзҳои бештар ба ҷониби Русия дода шуда буд. Ҳамин гуна нуктаҳо хеле зиёд буданд ва ҳоло баъди гуфтугуҳои зиёд, агар ин созишнома бозбинӣ шуда бошад, каме ҳам манфиати ҷониби Тоҷикистон ба инобат гирифта шуда бошад, хуб аст,"- таъкид кард ин рӯзноманигор.
Дар порлумон ва Вазорати энержии Тоҷикистон ҳадаф аз қабули тағйиротро беҳбудии вазъи ширкати "Барқи тоҷик" номиданд. Вале ба гуфтаи коршиноси ҳамсуҳбати мо, бо пешниҳоди ҳар гуна сабукиҳо беҳтар намудани вазъи молии ин ширкат зери суол аст.
Ба гуфтаи Абдулло Ашӯров, на танҳо нуктаҳои ин созишнома, балки ҷамъоварӣ нашудани маблағи барқ аз сӯи "Барқи тоҷик", беназмӣ дар фурӯш ва тақсимоти барқ ҳам метавонад боиси пайдо шудани қарзи калони Тоҷикистон дар назди "Сангтӯда-1" шуда бошад.
"Агар қисме аз ин қарз бахшида шавад, бо вуҷуди он ки муҳлати истифодаи он дар дасти Русия бештар мешавад, ин албатта ба суди Тоҷикистон ва ширкати “Барқи тоҷик” аст,"-мегӯяд Абдулло Ашӯров.
"Сангтӯда-1" бо иқтидори пурра кор намекунад ва мустақилона ба аҳолӣ барқ фурӯхта наметавонад. Ин дар ҳолест, ки ҳамасола дар тирамоҳу зимистон дар Тоҷикистон “лимит” ҷорӣ мешавад ва сокинон аз камбуди барқ шикоят мекунанд. Ҳоло бо ворид намудани дигаргуниҳо дар санади ҳамкории ду кишвар оид ба истифодаи нерӯгоҳ маълум нест, вазъ то куҷо беҳтар хоҳад шуд.
Гуфтугӯ