Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таниш дар минтақа. Амрико бархе аз кормандонашро аз Ироқ, Кувайт ва Баҳрайн ихроҷ мекунад


Бинои Сафорати Амрико дар Бағдод.
Бинои Сафорати Амрико дар Бағдод.

Як манбаи амрикоӣ ва як манбаи ироқӣ эълон карданд, ки Сафорати Амрико дар Бағдод бинобар афзоиши хатарҳои амниятӣ дар минтақа, дар ҳоли омода шудан барои хуруҷ ё тахлияи изтирорӣ аст.

Як мақоми дигари амрикоӣ рӯзи 11 июн гуфт, "Вазорати корҳои хориҷӣ дар ҳоли барномарезӣ барои берун баровардани коркунони ғайризарурии Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Бағдод аст. Ҳадаф ин аст, ки ин кор аз роҳҳои тиҷорӣ анҷом шавад, аммо нерӯҳои низомии Амрико омодаанд дар сурати ниёз кӯмак кунанд".

Вазорати корҳои хориҷии Амрико бо тасдиқи ин хабар гуфтааст, ки берун баровардани коркунонаш дар Ироқ бар асоси охирин таҳлилҳои амниятӣ рӯи даст гирифта шудааст.

Дар пайи афзоиши танишҳо дар Ховари Миёна, қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ афзоиш ёфт.

Як мақоми Вазорати корҳои хориҷии Ироқ "хуруҷи маҳдуд"-и кормандони Сафорати Амрикоро тасдиқ кард ва ин тасмимро ба "нигарониҳои амниятии эҳтимолӣ" дар минтақа, рабт дод.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, дар мусоҳибае, ки 11 июн нашр шуд, гуфт, боварии ӯ нисбат ба ин, ки Эрон бар сари барномаи ҳастаияш созиш кунад, нисбат ба чанд моҳ пеш хеле камтар шудааст.

Ҳамзамон, Азиз Насирзода, вазири дифои Ҷумҳурии исломӣ, эълон кард, ки дар сурати шикасти музокироти ҳастӣ ва сар задани даргирӣ бо Вашингтон, Теҳрон ба пойгоҳҳои Амрико дар минтақа ҳамла хоҳад кард.

Ӯ гуфтааст, "агар даргирӣ сар занад, талафоти тарафи муқобил аз мо бештар хоҳад буд. Ҳамаи пойгоҳҳои Амрико дар дастраси мост ва бидуни мулоҳиза, он пойгоҳҳоро дар кишварҳои мизбон мавриди ҳадаф қарор хоҳем дод".

Вазири дифои Эрон дар идома гуфтааст, ки Теҳрон ахиран мушаке бо кулоҳаки дутоннӣ озмоиш кард ва ҳеч маҳдудиятеро дар ин замина намепазирад.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", як мақоми амрикоӣ гуфт, ки тағйире дар вазъияти пойгоҳи ҳавоии "Ал-Удайд" дар Қатар -- калонтарин пойгоҳи низомии Амрико дар Ховари Миёна, рух надодааст ва ҳеҷ дастуре барои берун баровардани кормандон ё хонаводаҳои муртабит бо Сафорати Амрико дар Қатар, содир нашудааст.

Ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс", бо ин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар ҳоли додани иҷозатнома барои хуруҷи кормандони ғайризарурии сафоратхонаҳои худ дар Баҳрайн ва Кувайт ва аъзои хонаводаҳояшон аст.

Ин хабаргузорӣ ҳамчунин ба нақл аз мақомҳои низомии Амрико эълон кард, ки Пит Ҳегсет, вазири дифои он кишвар иҷозатномаи "хуруҷи довталабона"-и аъзои хонаводаҳои нерӯҳои низомии Амрико дар саросари Ховари Миёнаро имзо кардааст.

Амрико дар Ироқ, Кувайт, Баҳрайн, Қатар ва Имороти Муттаҳидаи Араб ҳузури низомӣ дорад ва шумори нерӯҳои он 30 ҳазор нафар тахмин зада мешавад.

Субҳи 11 июн, Маркази тиҷорати баҳрии Бритониё дар Ховари Миёна, ки зери назари нерӯҳои баҳрии Бритониё аст, дар баёнияе ба кишварҳо дар минтақа ҳушдор дод, ки "аз афзоиши танишҳо дар минтақа огоҳ шудааст, ки метавонад боиси шиддат ёфтани фаъолиятҳои низомӣ ва таъсири мустақим ба маллоҳон шавад".

Дар ин баёния ба зарурати эҳтиёт дар Халиҷи Форс, Баҳри Умон ва танга ё гулӯгоҳи Ҳурмуз, таъкид шудааст.

Раисҷумҳури Амрико борҳо гуфтааст, ки хостори созиш бо Эрон бар сари барномаи ҳастаиаш аст ва Эрон дар ҳеҷ тавофуқе наметавонад ғанисозии ураниюм дошта бошад. Трамп таҳдид кардааст, ки агар Эрон созиш накунад, алайҳи он таҳримҳои иловагӣ ҷорӣ хоҳанд кард ва ҳатто бомбаборон хоҳад намуд.

Эрон мегӯяд, ба дунболи сохти силоҳи ҳастаӣ нест, вале ғанисозиро хатти сурхи худ медонад ва фақат дар ин сурат, ҳозир ба созиш барои тафтиши бештари фаъолиятҳои ҳастаии худ аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG