Доналд Трамп, ки қарор аст рӯзҳои 13-16 май ба Арабистони Саудӣ, Қатар ва Имороти Муттаҳидаи Араб сафар кунад, гуфт, "вақте бирасам, аз ман дар борааш хоҳанд пурсид ва ман бояд тасмим бигирам". Ӯ афзуд, ки "намехоҳам эҳсосоти касеро хадшадор кунам. Намедонам, оё аслан касе нороҳат хоҳад шуд ё на".
Трамп бо ишора ба фармони иҷроии қаблии худ барои тағйири номи "Халиҷи Мексика" ба "Халиҷи Амрико", гуфт, "ин ҷо як маврид ҳам дорем. Номаш "Халиҷи Амрико" аст. Фикр мекунам хелеҳо аз мо идея мегиранд. Аммо "Халиҷи Амрико" мавриде буд, ки фикр мекардам бояд аз хеле вақт пеш ин номро барояш интихоб мекарданд".
Раисҷумҳури Амрико гуфт, ки қарор аст нишасте дар бораи мавзуи номи "Халиҷи Форс" дар санадҳои расмии Амрико, баргузор кунад ва сипас тасмим хоҳад гирифт.
Сафари Доналд Трамп ба минтақа дар ҳоле сурат мегирад, ки ӯ дар талош барои наздик шудан ба кишварҳои арабии Халиҷи Форс аст, то илова бар сармоягузориҳо дар ИМА, ҳимояти ин кишварҳо дар танишҳои минтақаӣ, аз ҷумла, ҳаллу фасли ҷанг байни Исроил ва "Ҳамос" ва маҳдуд кардани барномаи ҳастаии Эронро, ҷалб кунад.
Президент Трамп дар корномаи худ таҷрибаи тағйир додани номҳои ҷуғрофиро дорад. Пас аз савганд ёд кардан дар моҳи январи имсол, ӯ бо имзои як фармони иҷроӣ, номи "Халиҷи Мексика"-ро ба "Халиҷи Амрико" тағйир дод.
ВОКУНИШҲО АЗ ЭРОН
Нашри гузориш дар бораи ин, ки Трамп мехоҳад дар сафари худ ба кишварҳои арабӣ аз ибораи "Халиҷи Арабӣ" истифода кунад, бо вокунишҳои мақомоти Эрон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ рӯбарӯ шуд.
Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон дар шабакаи Х (Твиттери пешин) навишт, ки "ғаразҳои сиёсӣ барои тағйири номи таърихии Халиҷи Форс, нишондиҳандаи нияти душманона алайҳи Эрон ва мардуми он аст ва ба шиддат маҳкум мешавад".
Ӯ навишт, "Эрон ҳаргиз ба истифодаи номҳое монанди Баҳри Умон, Уқёнуси Ҳинд, Баҳри Араб ё Баҳри Сурх эътирозе надоштааст ва истифода аз ин номҳо ба маънои моликияти ҳеч миллати хосе нест, балки нишондиҳандаи эҳтироми муштарак ба мероси умумии башарият аст".
Муҳаммадҷавод Зариф, собиқ вазири корҳои хориҷии Эрон низ гуфтааст, ки "ончи атрофи истифода аз номи сохтагӣ барои Халиҷи Форс шунида мешавад, ҳар эронии ватандӯст аз ҳар гароишеро ба хашм меоварад".
Алиакбар Вилоятӣ, дигар вазири хориҷии пешини Эрон, ки мушовири сиёсии раҳбари Эрон аст, низ ба ин хабар вокуниш нишон дода ва гуфтааст, ки "ҳама дунё медонад, ки тағйири номи Халиҷи Форс ба номе сохта, ба ҳеҷ ваҷҳ кори шарафмандона дар урфи байнулмилалӣ нест ва нақзкунандаи тамомияти арзии Эрон аст".
Шоҳзода Ризо Паҳлавӣ, охирин валиаҳди Эрон низ рӯзи 7 май дар паёме навишт, ки "Халиҷи Форс" фақат як ном нест, балки як воқеият аст. Ҳазорон сол аст, ки эрониён, арабҳо ва ғарбиҳо ин паҳнаи обии миёни Эрон ва нимҷазираи Арабистонро бо номи воқеӣ ва ягонааш, Халиҷи Форс, мешиносанд. Тасмими президент Трамп барои таҳрифи таърих, дар сурате, ки дуруст бошад, тавҳине ба мардуми Эрон ва тамаддуни бузурги мост".
"Халиҷи Форс" аз дер боз ба таври густурда бо ин ном шинохта шудааст, ҳарчанд бархе аз кишварҳои араби Ховари Миёна аз чанд даҳсола ба ин тараф бо сабаҳои сиёсӣ, аз "Халиҷи арабӣ" барои ном бурдан аз он, истифода мекунанд.
Эрон дар соли 2012 ширкати Гуглро таҳдид кард, ки аз тасмимаш барои истифода накардани номи "Халиҷи Форс" дар харитаҳояш, шикоят хоҳад кард. Дар нақшаҳои Гугл дар Амрико, номи ин оброҳа ба сурати Халиҷи Форс (Халиҷи арабӣ) зоҳир мешавад. Apple дар харитаҳои худ фақат номи Халиҷи Форсро истифода мекунад.
Номи Халиҷи Форс барои эрониён, ки аз таърихи қадимаи кишвари худ ифтихор доранд, ба мавзуи ҳассос табдил шудааст. Вақте, ки Трамп дар соли 2017 дар аввалин давраи президентии худ аз номи "Халиҷи арабӣ" барои ишора ба ин оброҳа истифода кард, вокунишҳио манфии зиёде дар миёни эрониён барангехт.
Он замон Ҳасани Рӯҳонӣ, президенти вақти Эрон, ба Доналд Трамп тавсия кард, ки "ҷуғрофиё" бихонад.
Гуфтугӯ