Дар мусобиқаи имсолаи лигаи олии Тоҷикистон, ки бори 34-ум доир мешавад, 12 даста иштирок мекунад: «Истиқлол», КМВА (Клуби марказии варзишии артиш), ҳарду аз шаҳри Душанбе, «Хуҷанд», «Эсхата», ҳарду аз шаҳри Хуҷанд, «Истаравшан» (Истаравшан), «Вахш» (Бохтар), «Равшан» (Кӯлоб), «Ҳосилот» (Фархор), «Регар-ТадАЗ» (Турсунода), «Барқчӣ» (Ҳисор), “Панҷшер” (Ҷалолиддини Балхӣ), “Ҳулбук” (Восеъ).
Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар ду давра барпо мегардад. Дар маҷмуъ ҳар як даста 22 бозӣ мекунад. Дастае, ки имсол дар мусобиқаи лигаи олӣ ҷойи охиринро ишғол менамояд, ба лигаи якум мегузарад ва дастае, ки ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи аввали Тоҷикистон дар соли 2025 бозиҳои гузаришӣ анҷом медиҳад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳамаи бозиҳои даври якуми мусобиқаи лигаи олӣ рӯзҳои 7-ум, 9-ум ва 10-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир мегарданд.
Нахуст рӯзи ҷумъаи 7-уми март соати 15:00 бозӣ байни дастаҳои КМВА – “Ҳосилот” баргузор мешавад. Баъдан соати 18:00 “Истиқлол” ва “Хуҷанд” рақобат мекунанд.
Ду бозии дигари даври якум рӯзи якшанбеи 9-уми март байни дастаҳои “Равшан” – “Истаравшан” (соати 15:00) ва “Вахш” – “Эсхата” (соати 18:00) барпо мегардад.
Ду бозии охирини даври якум рӯзи душанбеи 10-уми март миёни дастаҳои “Панҷшер” – “Ҳулбук” (соати 15:00) ва “Барқчӣ” – “Регар-ТадАЗ” (соати 18:00) сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи порсолаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон дастаи «Истиқлол» ба унвони қаҳрамони кишвар даст ёфта буд. Зимнан, “Истиқлол” дар таърихи худ бори сездаҳум ва маротибаи ёздаҳум пайиҳам соҳиби унвони қаҳрамони Тоҷикистон шудааст.
Дастаи “Хуҷанд”, ки дар ҷадвали мусобиқа дар зинаи дуюм қарор гирифт, барандаи медалҳои нуқра гардид. Дастаи “Равшан”, ки зинаи сеюмро касб кард, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуд.
Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2025
Лигаи олӣ. Даври якум
7-уми март (ҷумъа)
Оғози бозӣ – соати 15:00
КМВА - «Ҳосилот»
Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе)
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
7-уми март (ҷумъа)
Оғози бозӣ – соати 18:00
“Истиқлол” - «Хуҷанд»
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак)
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
9-уми март (якшанбе)
Оғози бозӣ – соати 15:00
“Равшан” - «Истаравшан»
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе)
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
9-уми март (якшанбе)
Оғози бозӣ – соати 18:00
“Вахш” - «Эсхата»
Сардовар: Бахтиёр Комилов (Кӯлоб)
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
10-уми март (душанбе)
Оғози бозӣ – соати 15:00
“Панҷшер” - «Ҳулбук»
Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав)
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
10-уми март (душанбе)
Оғози бозӣ – соати 18:00
“Барқчӣ” - «Регар-ТадАЗ»
Сардовар: Рустам Нурматов (Душанбе)
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ