Ӯ дар мусоҳибае, ки қабл аз суханронии ӯ дар нишасти амниятии Мюнхен, телевизиони NBC News дар Амрико нашр кард, гуфт: “Эҳтимолан бисёр, бисёр ва бисёр сахт мешавад. Албатта шумо ҳам медонед, ки дар ҳар замони сахт, шумо як шанс доред. Аммо мо бе кӯмаки Амрико шанси бисёр кам, барои наҷот хоҳем дошт.”
Зеленский рӯзи 14-уми феврал дар ҳамоиш ва нишастҳои хабарӣ дар Конфронси Амниятии Мюнхен ширкат дошт ва саъй кард, то роҳи ҳалле барои қатъи ҷанг пайдо намояд. Қарор аст, ӯ рӯзи 15-уми феврал дар бораи ояндаи ҷанг дар кишвараш ва талошҳои дипломатӣ барои роҳи ҳалли он суханронӣ кунад.
Пештар аз ин Владимир Зеленский бо мақомоти баландпояи Амрико аз ҷумла муовини президент Ҷеймс Девид Ванс мулоқот дошт, ки ӯ рӯзи 14-уми феврал зимни суханронӣ дар конфронси Мюнхен ба зарурати “сулҳи пойдору доимӣ” таъкид кард. Зеленский ба муовини раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки Украина пеш аз ҳаргуна музокирот бо Русия барои поён додан ба ҷанги тақрибан сесола аз Вашингтон “замонатҳои амниятӣ” мехоҳад.
Зеленский дар мусоҳиба бо NBC News гуфт, ӯ намехоҳад дар ин бора биандешад, ки Амрико шарики стратегии Украина намешавад, чун рӯҳияи мардуми Украиана осеб мебинад, вале афзуд, “Мо бояд дар ин бора биандешем.”
Амрико бо баёниҳои гуногун дар бораи Украина дар бораи ояндаи ҷанг нигаронии мақомоти Украинаро барангехт, чун ба андешаи баъзеҳо мумкин аст, Амрико Киевро маҷбур кунад, ки созиши бадеро бо Русия қабул намояд ва сабаби далертар шудани Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия бишавад.
Пит Ҳегсет, вазири дифои Амрико ҳам аввали ҳамин ҳафта гуфт, бозгашти Украина ба марзҳои пеш аз соли 2014 “ғайривоқеӣ” ба назар мерасад ва қабули Украина ба НАТО ҳам аз назари Вашингтон бахше аз роҳи ҳалли муноқиша буда наметавонад. Украина мехоҳад, Русия нерӯҳояшро ба тамом аз қаламравҳои он берун кунад ва ба узвияти НАТО қабул шавад, ё баробар ба он замонати амниятӣ бигирад, то Русия дигарбора ба он кишвар ҳамла накунад.
Ҷеймс Дейвид Ванс рӯзи 14-уми феврал дигарбора гуфт, ки шарикони аврупоии Амрико дар НАТО бояд барои муҳофизати худ ва таъмини амният дар Украина кори бисёр бештар кунанд. Ҳегсет афзуд, зарур нест, ки барои музокирот бо Русия “шумо ба президент Путин бовар дошта бошед.”
Ду рӯз пештар аз ин Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико гуфт, бо Владимир Путин гуфтугӯи телефонии “дароз ва бисёр босамар” доштааст ва ҳарду тараф мувофиқа кардаанд, ки ҳайатҳояшон бояд фавран ба музокирот оғоз кунанд. Зеленский дар вокуниш гуфт, ки ҳеч созишеро бидуни ҳузури Украина дар музокирот қабул намекунад.
Ҳангоми посух ба ин суол, ки оё ба андешаи ӯ баъди созиши оташбас ҳам Украина барои чанд соли дигар, осебпазир мемонад, Зеленский гуфт, “мумкин аст, чунин бошад”. Ба қавли раиси ҷумҳури Украина, Владимир Путин мехоҳад барои он музокира кунад ва созиши оташбас ба даст биёрад, то баъзе аз таҳримот ба зидди Русияро бардоранд ва ба Маскав иҷоза диҳанд, нерӯҳояшро аз нав ҷо ба ҷо кунад. Зеленский афзуд: “Воқеан ӯ ҳамин чизро мехоҳад. Мехоҳад, танаффус кунад, омода шавад, тамрин кунанд, баъзе тамринҳо бардошта шаванд.”
Ҷеймс Дейвид Ванс, ки дар нишасти раҳбарони бонуфуз ва сиёсатгузорони хориҷӣ Доналд Трампро намояндагӣ мекунад, гуфт, ки бо намояндагони Украина “муколамаҳои хубе” доштааст ва чунин гуфтугӯҳо “дар рӯзҳо, ҳафтаҳо ва моҳҳои оянда зиёдтар хоҳанд шуд.”
Зеленский ҳам гуфт, ки бо муовини раиси ҷумҳури Амрико “гуфтугӯи хубе” доштааст ва афзуд, Киев мехоҳад, барои поён додан ба ҷанги Русия дар Украина ҳаракат кунад, вале афзуд, ки “мо кафолатҳои воқеии амниятӣ мехоҳем.”
Гуфтугӯ