Муҳаммадшоҳ Искандарзода, сардори шӯъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Бӯстон рӯзи 31-уми январ дар нишасти хабарӣ дар ин шаҳр гуфт, қатли Нориниссо Разоқоваи 37-сола оқибати ҷанҷолҳои хонаводагӣ будааст. Ҷасади нимбараҳнаи занро рӯзи 21-уми декабр пайдо карданд.
Баъди тасдиқи ҳуввияти зан, ҷиноятро рӯзи 23-уми декабр ҳамроҳ бо мақомоти маҳалли ҳодиса, яъне ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ошкор кардаанд. Муҳаммадшоҳ Искандарзода ва мақомоти дигари интизомӣ номи муттаҳамон ба ҷиноятро ошкор накарданд.
Ӯ дар сӯҳбат ба хабарнигорон гуфт: “Муваққатан инҷо (шаҳри Бӯстон) зиндагӣ мекардаанд, ҳамроҳи марде, ки ҳамзист будаанд. Яъне ҳамчун оилаи дуюм. Ҳамсари якуми мард аз Русия баргашта меояд ва муносибати онҳоро манъ мекунад. Дар натиҷа муноқиша мешавад. Дар натиҷаи муноқиша зану шавҳар якҷо ӯро буғӣ карда мекушанд ва ба Сирдарё мепартоянд.”
Ба қавли афсари милиса, дар як рӯз 27 бор тамос гирифтан ва гар задан ба як шумораи телефон, имкон додааст, ки омилони ҷиноятро зуд пайдо ва боздошт кунанд. Муҳиддин Абдусамадов, сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфт: “Аз тарафи шӯъбаи корҳои дохилии рақами 2-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду нафар гумонбар бо қасди одамкушӣ дастгир карда шуда тафтишот рафта истодааст”.
Ҷасади Нориниссо Раззоқова замоне пайдо шуд, ки дар шаҳри Конибодом кушторҳои пайдарпай мардуми минтақаро сахт тарсонд. Азбаски дарёи Сир аз назди шаҳри Конибодом мегузарад, гумон мешуд, ки ин ҳодисаҳо бо ҳам алоқаманданд. Дар моҳи декабр дар шаҳри Конибодом даҳ кас, аз ҷумла чаҳор ноболиғ аз се оила кушта шуданд ва айни замон ба гуфтаи мақомот таҳқиқи ин ҷиноятҳои мудҳиш идома дорад.
Гуфтугӯ