Бозии дуюми дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби духтарони то 17-солаи Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон, ки 18-уми декабр дар Ҷидда доир гардид, бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт. Голи ягонаро Райҳона Шомуродова дар дақиқаи 82-юм зад.
Дар бозии аввали дӯстона, ки 13-уми декабр дар Ҷидда доир шуда буд, духтарони футболбози то 17-солаи Тоҷикистон муқобили ҳамсолонашон аз Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2:0 ғолиб шуда буданд. Голҳоро Маҳиноз Нурова ва Райҳона Шомуродова ба самар расонданд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, Фарҳодҷон Холбеков, сармураббии мунтахаби духтарони то 17-солаи кишвар, ба ҳайати даста дар ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Ҷидда 22 бозигарро даъват кардааст.
Бояд гуфт, ки бозиҳои дӯстона бо мунтахаби Арабистони Саудӣ дар Ҷидда барои дастаи Тоҷикистон як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занонаи то 17-сола, ки аз 9-ум то 17-уми октябри соли оянда барпо мегардад, ба шумор мерафт. Рақибони дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-17) дертар маълум хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонзанони то 20-солаи Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Юсуф Рабиев моҳи октябри имсол бо тими Арабистони Саудӣ дар Ҷидда ду бозии дӯстона анҷом дода, дар ҳардуяш бо натиҷаҳои 2:1 ва 1:0 пирӯз шуда буд.
Бояд гуфт, ки бозиҳои дӯстона дар Ҷидда барои дастаи ҷавонзанони Тоҷикистон (U-20) низ як марҳилаи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 маҳсуб мешуд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занонаи то 20-сола аз 8-ум то 16-уми марти соли оянда доир мегардад. Рақибони мунтахаби Тоҷикистон дертар муайян мешаванд.