Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вуруди нирӯҳои зиддиҳукуматии Сурия ба Ҳумс ва нияти Русия, Туркия ва Эрон ба ташкили ҷаласа


6 декабр, Ҳумс
6 декабр, Ҳумс

Бино ба гузоришҳо, нирӯҳои зиддиҳукуматӣ дар Сурия рӯзи 7 декабр ба шаҳри марказии Ҳумс наздиктар шуданд ва қарор аст, Русия, Эрон ва Туркия барои баррасии бӯҳрони азимтарини солҳои охир барои ҳукумати худкомаи президент Башор Асад ҷаласа барпо кунанд.

Нирӯҳои ҳукуматии Сурия ва ҳампаймонҳои русии онҳо дар талоши пешгирӣ аз пешрафтҳои шӯришиён ба самти Ҳумс мебошанд. Ин шаҳр нуқтаи муҳиме байни Димишқ ва вилоятҳои соҳилии Лазиқия ва Тартус дониста мешавад.

Шабакаи хабарии Ал-Арабияи марбут ба Саудӣ хабар дод, Русия, ки аз нирӯҳои Асад пуштибонӣ мекунад, тибқи гузоришҳо ҳамлаҳои ҳавоии атрофи Ҳумсро вусъат бахшидааст, то ки барои гирифтани пеши роҳи шӯришиён мусоидат кунад. Ал-Арабияву Ал-Ҷазира гуфтанд, артиши Сурия барои кӯмак ба артиш дар Ҳумс нирӯҳои иловагиро сафарбар кардааст.

Вилояти Ҳумс бузургтарин минтақаи Сурия буда, бо Лубнон, Ироқ ва Урдун ҳамсарҳад мебошад. Дар ин шаҳр инчунин ду корхонаи азимтарини давлатии нафт ҷойгир аст.

Ҳуҷуми ногаҳонии ҷиҳодиёни шӯришӣ ҳафтаи гузашта аз ҷониби эътилофи ҷиҳодиёни ошӯбгар ба раҳбарии гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом” (ҲТШ) шурӯъ шуд. Дар қатори ҲТШ, гурӯҳҳои дигари ҷангӣ, аз ҷумла гурӯҳи ба номи “Артиши миллии Сурия”-и бархӯрдор аз пуштибонии Туркия қарор доранд. Туркия пуштибонӣ аз кадом гурӯҳро рад кард, вале ба гуфтаи мутахассисони ин соҳа, бидуни ризоияти Туркия шӯришиён наметавонистанд даст ба чунин кор зананд.

Созмони “Нозири ҳуқуқи инсон дар Сурия”, ки қароргоҳаш дар Бритониё аст, гуфт, сокинони мулкии Ҳумс ба самти минтақаҳои соҳилии Баҳри Миёназамини Лазиқия ва Тартус фирор мекунанд. Ин минтақаҳоро чун сангарҳои ҳукумати Сурия ва ҳам макони ҷойгиршавии пойгоҳҳои ҳавоиву баҳрии Русия мешиносанд.

СММ рӯзи 6 декабр гуфт, ки аз охири ноябр то имрӯз дар Сурия аллакай 300 ҳазор кас беҷо шудааст ва бо наздитар шудани шӯришиён, боз 1,5 миллион нафари дигар шояд маҷбур ба фирор шаванд.

Асад аз замони шурӯи низоъҳо дар соли 2011 ҳамеша барои ҳифзи ҳукумат ва қудраташ ба Эрон ва Русия такя кардааст.

Ҷиҳодиён, ки дар поёни моҳи ноябр шаҳри Ҳалабро ба даст оварданд, ба дарунтари кишвар ворид шуда дар талоши ба даст овардани дигар шаҳру манотиқи Сурия мебошанд. Нирӯҳои Асад дар шаҳрҳои калон ба шӯришиён муқовимати заъифе нишон медиҳанд.

То рӯзи 7 декабр, дар баробари Ҳалаб дар шимоли кишвар, Ҳамо - дар марказ ва Дайр аз-Зур дар шарқ зери назорати нирӯҳои зиддиҳукуматӣ гузаштаанд. Шӯришиён наворҳоеро аз шаҳрҳои ишғолшуда ва шодиву пирӯзии худ нашр мекунанд.

Дар паи ишғоли Даръо ва Сувайдо дар ҷануби кишвар роҳи шӯришиён ба Димишқ боз мешавад, ки он ҷо истеҳкоми Асад ва қудрати низомиву сиёсии ӯ дониста мешавад.

Раҳбари ҲТШ Абумуҳаммад ал-Ҷулонӣ рӯзи 5 декабр дар сӯҳбат бо CNN гуфт, ки режими Асад шикаст мехӯрад ва ҳоло танҳо бо ёрии Эрону Русия сарипо истодааст. Ӯ гуфт, “ҳақиқат ин аст, ки ин режим дигар мурда аст”.

Қарор аст шоми 7 декабр дипломатҳои Эрон, Русия ва Туркия барои баррасии бӯҳрон дар Сурия ташкили ҷаласа кунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG