The Wall Street Journal бо такя ба аъзои ҳукумати Сурия хабар дод, ки ҳамсар ва фарзандони Асад ба Русия ва домодҳояш ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рафтаанд. Ба қавли онҳо, худи Башор Асад дар Сурия қарор дорад.
Таъкид шудааст, ки мақомоти Урдун ҳам аз Асад хостаанд кишварро тарк кунад, вале дар сафорати Урдун дар Вашингтон ин хабарро рад карданд.
Мақомоти Миср ба Асад машварат додаанд, ки як шӯрои муваққатӣ созмон диҳад ва ба узвияти он намояндагони мухолифонро давъат кунад. Тасдиқи расмии ин хабар дар даст нест.
Бар асоси хабарҳои ахир, гурӯҳҳои ҷиҳодиён ба раҳбарии“Ҳайат Таҳрир аш-Шом”, ки дар ИМА, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо террористӣ эълон шудааст, ба шаҳри Ҳумс наздик мешаванд. Натиҷаи ин муқовимат барои ҳукумати Сурия метавонад сарнавиштсоз шавад, навиштааст The Wall Street Journal. Ишғоли эҳтимолии Ҳумс роҳи воҳидҳои зиддиҳукуматиро ба Димишқ боз мекунад ва пойтахти Сурияро аз дастрасӣ ба пойгоҳҳои низомии Русия дар Баҳри Миёназамин маҳрум мекунад.
Айни замон, The New York Times менависад, ки дар пасманзари ҳуҷуми гурӯҳҳои исломӣ, дипломат ва низомиёни эронӣ ба тарки Сурия шурӯъ кардаанд. Манбаъҳои ин нашрия гуфтааст, ки ин кишвароо аллакай фармондеҳони воҳидҳои “Ал-Қудс”-и Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ тарк кардаанд.
Як мусоҳиби ин нашрия гуфтааст, ки агар артиши давлати Сурия аз идомаи муқовиматҳо даст кашад, низомиёни эронӣ наметавонанд ба онҳо ёрӣ расонанд.
The New York Times мегӯяд, ҳампаймонҳои Асад – Эрон, Русия ва гурӯҳи шиамазҳаби “Ҳизбуллоҳ”, ки дар ИМА террористӣ эълон шудааст, бо ҳалли масъалаҳои дохилии худ банд ҳастанд. Эрону “Ҳизбуллоҳ” ба Исроил муқовимат мекунанд ва Русия дар ҳолати ҷанг бо Украина мебошад.
Ҳуҷуми гурӯҳҳои мусаллаҳ ба артиши давлатии Сурия охири моҳи ноябр шурӯъ шул. Дар давоми чанд рӯз ҷиҳодиҳо тавонистанд шаҳрҳои Ҳалаб, Ҳамо ва Дайр аз-Зурро таҳти назорат дароваранд. Хабарҳо аз ишғоли қисми зиёди вилояти Даръо ҳам мерасад, ки аз он ҷо соли 2011 шӯришҳои зидди Башор Асал шурӯъ шуда буд.
Гуфтугӯ