Дар сӯҳбате, ки рӯзи 22 ноябр нашр шуд, Песков гуфтааст, “дар пасманзари вазъи пуртаниши демографии Русия ба хотири рушди фаъоли ин кишвар, Русия ба муҳоҷирон аз кишварҳои дигар эҳтиёҷ дорад”.
Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки баъди ҳамла ба толори “Крокус” ва дар анҷоми ин ҳамлаи террористӣ асосан муттаҳам шудани шаҳрвандони Тоҷикистон, дар Думаи давлатии Русия ва ҳам сатҳи ҳукуматҳои минтақавии ин кишвар қонуну қарорҳои ба шиддат маҳдудкунандаи ҳузури муҳоҷирони корӣ қабул мешаванд. Баробар бо ин бо ширкати матбуоти маҳаллӣ ва ҳам давлатӣ эҳсоси бегонаситезӣ нисбати муҳоҷирон якбора афзоиш ёфта, рейдҳои полис алайҳи коргарони хориҷӣ то рафт бераҳмтар мешаванд.
Дмитрий Песков дар ин мусоҳибааш гуфтааст: «Муҳоҷирон як зарурат ҳастанд. Мо як вазъи пуртаниши демографӣ дорем. Дар кишвари азимтарини ҷаҳон зиндагӣ мекунем, вале шумори мо кам аст”, гуфтааст ӯ.
“Барои пешрафти фаъоли мо, иҷрои нақшаҳои рушд, албатта дасти корӣ лозим аст. Мо онҳоро истиқбол мекунем”. Айни замон ӯ гуфтааст, муҳоҷирон бояд дар шароити қонунӣ ба сар баранд ва онҳое, ки ғайриқонунӣ ҳастанд, “як мушкил барои Русия” мебошанд. Ӯ гуфтааст, муҳоҷирати ғайриқонунӣ боиси тавсеа ёфтани ҷиноятҳои дигари мисли ифротгароии динӣ ва нашъамандӣ мешаванд.
Мунаққидон мегӯянд, дар ҳоле, ки мақомот аз зарурати риояи қонун гап мезананд, дар асл қонунҳои будубошро дар Русия барои хориҷиҳо ба ҳадди сангин маҳдуд кардаанд: барои сари вақт напардохтани ҷаримаи манъи мошин дар ҷои нодуруст ваё напардохтани қарзи истифодаи телефон шахс метавонад ҷинояткор эълон шавад.
Ба иттилои хадамоти Мигрантсервис, агар шаҳрванди хориҷӣ бе иҷозатнома ё патент кор кунад, санадҳояшро гум кунад, дар хоки Русия аз мӯҳлати дар санадҳо зикршуда бештар монад ҳам ӯро аз кишвар депортатсия ё ихроҷ мекунанд. Президент Владимир Путин, ки барои пешбурди сиёсати бегонабадбинӣ дар кишвари бисёрмиллатаи Русия интиқод мешавад, гуфтааст, ҳар муҳоҷир бояд забони русиро хуб донад.
Фишору таъқибҳои афзоянда ва рафтори ғайриинсонӣ бо муҳоҷирон дар соли ҷорӣ сабаби он шуд, ки даҳҳо ҳазор муҳоҷирон ихтиёрӣ ё бо қарори мақомоти рус Русияро тарк карданд. Барои Тоҷикистон, ки бекорӣ мушкили рақами яки мардумаш дониста мешавад, давоми даҳсолаҳо Русия макони асосии кору даромади хонаводаҳо дониста мешуд ва айин замон, Кремлин ҳам аз муҳоҷирон дар мавридҳои зиёд чун фишанги фишор болои Душанбе истифода кардааст.