Дастаи мардонаи Тоҷикистон тими Португалияро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев бар Луис Галего, Амин Қобилов бар Барриа Сантос ғолиб омаданд. Бозии Алишер Каримов бо Рубен Перейра ва Ҷалолиддин Илҳомӣ бо Андре Соуза мусовӣ шуд.
Дастаи мардонаи Тоҷикистон баъди даври шашум бо 8 имтиёз дар байни 197 кишвари иштироккунандаи олимпиада дар ҷойи 33-юм қарор дорад. Дар мусобиқаи мардон дастаҳои Ҳиндустон (12 имтиёз), Ветнам (11) ва Чин (11) пешсафанд.
Тими бонувони тоҷик дар даври шашум муқобили дастаи Финляндия бо натиҷаи 2,5 бар 1,5 зафар ёфт. Рухшона Саидова бар Йоҳанн Паасикангас пирӯз гардид. Вохӯриҳои Надежда Антонова – Анастасия Кейнанен, Дилола Толибова – Ҳейни Пууска, Шукрона Масҳабова – Сара-Оливия Сиппола мусовӣ шуд.
Дастаи занонаи Тоҷикистон баъди даври шашум дар байни 183 тим бо 8 имтиёз мақоми 49-умро касб кардааст. Дар мусобиқаи занон дастаҳои Ҳиндустон (12 имтиёз), Гурҷистон (11) ва Лаҳистон (Полша) (11) пешсафанд.
Дар даври ҳафтуми мусобиқот рӯзи 18-уми сентябр тими мардонаи Тоҷикистон бо дастаи Бразилия ва тими бонувони тоҷик бо дастаи Словакия бозӣ мекунанд.
Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот мусобиқаи дастаӣ барои тимҳои кишварҳои узви ФИДЕ (Федератсияи байнулмилалии шоҳмот) мебошад. Олимпиада бо иштироки 380 дастаи занона ва мардона қариб аз 200 кишвар дар пойтахти Маҷористон (Венгрия) - шаҳри Будапешт - то рӯзи 23-юми сентябр идома меёбад. Мусобиқа тибқи системи швейтсарӣ дар 11 давр баргузор мешавад. Ҳайати дастаҳо аз 4 бозигари асосӣ ва як бозигари эҳтиётӣ иборат аст.