Ин бозии даври аввали мусобиқот дар гурӯҳи “Е” 16-уми сентябр соати 20:00 дар маҷмааи варзишии «Ҳумо Арена»-и шаҳри Тошканд оғоз меёбад.
Дар мусобиқаи қаҳрамонии футзали ҷаҳон-2024, ки аз 14-уми сентябр то 6-уми октябр дар Узбекистон баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон ба гурӯҳи «Е» шомил аст. Рақибони футзалбозони тоҷик тимҳои миллии Марокаш, Португалия ва Панама мебошанд.
Ду бозии аввали мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд 16-уми сентябр бо дастаи Марокаш ва 19-уми сентябр бо тими Португалия, бозии сеюм дар шаҳри Бухоро 22-юми сентябр бо тими Панама доир мешаванд.
Ба ҳайати тими миллии футзали Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон-2024 чордаҳ нафар – 2 дарвозабон ва 12 бозигар - шомиланд.
Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷаҳон-2024:
Дарвозабонҳо: 1. Нуриддин Ҷабборов (бе бошгоҳ), 2. Фирӯз Бекмуродов («Истиқлол»);
Бозигарон: 3. Абдуқаюм Умаров («Истиқлол»), 4. Насратшо Исмоилов («Истиқлол»), 5. Самандар Ризомов («Соро компания»), 6. Идрис Ёров («Соро компания»), 7. Баҳодур Хоҷаев («Истаравшан»), 8. Муҳаммадҷон Шарипов («Истиқлол»), 9. Файзалӣ Сардоров («Соро компания»), 10. Некрӯз Алимаҳмадов («Истиқлол»), 11. Комрон Алиев («Истиқлол»), 12. Умед Қузиев («Амонатбонк»), 13. Бахтиёр Солиев («Соро компания»), 14. Дилшод Саломов («Соро компания»).
Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов
Қаҳрамонии футзали ҷаҳон-2024:
Гурӯҳи «E»
Португалия
Панама
Тоҷикистон
Марокаш
Тақвими бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон:
Даври якум
16-уми сентябр (душанбе)
Оғози бозӣ - соати 20:00
Тоҷикистон - Марокаш
Тошканд, маҷмааи варзишии «Ҳумо Арена»
Даври дуюм
19-уми сентябр (панҷшанбе)
Оғози бозӣ - соати 20:00
Португалия - Тоҷикистон
Тошканд, маҷмааи варзишии «Ҳумо Арена»
Даври сеюм
22-юми сентябр (якшанбе)
Оғози бозӣ - соати 17:30
Панама - Тоҷикистон
Бухоро, маҷмааи умумии варзишӣ
24 ДАСТАИ ИШТИРОККУНАНДАИ ҚАҲРАМОНИИ ҶАҲОН-2024
Дар мусобиқоти даҳуми қаҳрамонии футзали ҷаҳон дар Узбекистон 24 дастаи мунтахаб барои ҷоизаҳо мубориза мебарад. Рақиби мунтахаби Тоҷикистон – тими миллии Португалия – қаҳрамонии феълии ҷаҳон маҳсуб мешавад.
Дастаҳо ба шаш гурӯҳ тақсим шудаанд:
Гурӯҳи А: Узбекистон, Ҳолланд (Нидерланд), Парагвай, Коста-Рика;
Гурӯҳи В: Бразилия, Куба, Хорватия, Тайланд;
Гурӯҳи С: Аргентина, Украина, Афғонистон, Ангола;
Гурӯҳи D: Испания, Қазоқистон, Зеландияи Нав, Ливия;
Гурӯҳи E: Португалия, Панама, Тоҷикистон, Марокаш;
Гурӯҳи F: Эрон, Венесуэла, Гватемала, Фаронса
Ба плей-офф ду дастаи зӯртарин аз ҳар гурӯҳ роҳ меёбанд. Инчунин ба 1/8 финал чаҳор дастаи нишондодҳояшон беҳтари ҷойҳои сеюм дар гурӯҳҳо роҳ пайдо мекунанд.
Марҳилаи гурӯҳӣ як ҳафта – аз 14-ум тто 22-юми сентябр - идома меёбад. Аз рӯи натиҷагирии ин марҳила ҳашт даста мусобиқотро тарк мекунад.
Бозиҳои 1/8-ниҳоӣ аз 24-ум то 27-уми сентябр, чорякфинал 29-ум ва 30-юми сентябр, даври ниманиҳоӣ 2-юм ва 3-юми октябр баргузор мешаванд. Бозии ниҳоӣ 6-уми октябр дар Тошканд доир мегардад.
Марҳилаи гурӯҳӣ: 14-22 сентябр.
1/8 финал: 24-27 сентябр.
Чорякфинал: 29-30 сентябр.
Нимфинал: 2-3 октябр.
Финал: 6 октябр.