Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе мизбони қаҳрамонии ҷудо байни навҷавонон мешавад  


Дар шаҳри Душанбе бори аввал мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон байни навҷавонон дар риштаи ҷудо баргузор мешавад. Ин мусобиқа аз 2-юм то 6-уми октябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ доир мегардад.

Ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), то 13-уми сентябр барои ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии инфиродии ҷаҳон байни навҷавонон дар шаҳри Душанбе 310 варзишгар (173 писар ва 137 духтар) аз 49 кишвари 5 қораи олам номнавис шудаанд.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии инфиродии ҷаҳон байни навҷавонон 17 варзишгар дар рақобатҳо миёни мардон муаррифӣ хоҳанд кард: Лоиқ Қутбуддинов (-60 кг), Саъдӣ Маҳмадов (-60кг), Хайрулло Ғанизода (-60 кг), Самиршо Муҳаббатов (-66 кг), Умар Шеров (-66 кг), Бобоҷон Муқтадирӣ (-66 кг), Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг), Илҳомиддин Ҷабборов (-73 кг), Аминҷон Абдуҷалилзода (-81 кг), Суннатулло Мусоев (-81 кг), Муҳаммад Юсуфзода (-81 кг), Мусохон Ғаниев (-90 кг), Мусамир Каримзода (-90 кг), Парвиз Абдураҳмонов (-100 кг), Муҳсин Маллаев (-100 кг), Аҳмад Табаров (+100 кг), Фараҳманд Устопириён (+100 кг).

Рӯзи 6-уми октябр дар Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни дастаҳои омехтаи навҷавонон баргузор мешавад, ки ҳанӯз номи тимҳои кишварҳои ширкаткунанда номнавис нашудааст.

XS
SM
MD
LG