Дар Паралимпиадаи Порис-2024 аз рӯи ҳисоби медалҳо (ҳам сифат ва ҳам шумораи умумӣ) мунтахаби Чин мақоми аввалро касб кард. Варзишгарони маълули ин кишвар 220 медал (94 нишони тило, 76 нуқра ва 50 биринҷӣ) гирифтанд.
Мақоми дувумро мунтахаби Бритониёи Кабир бо касби 124 медал (49 нишони тило, 44 нуқра ва 31 биринҷӣ) соҳиб шуд. Мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 105 медал (36 нишони тило, 42 нуқра ва 27 биринҷӣ) дар мақоми севум қарор гирифт.
Ба даҳгонаи аввал, инчунин дастаҳои мунтахаби Ҳолланд (Нидерланд), Бразилия, Италия, Украина, Фаронса, Австралия ва Ҷопон дохил шуданд.
Аз намояндагони кишварҳои собиқи шӯравӣ Украина 82 медал (22 тило, 28 нуқра ва 32 биринҷӣ, ҷойи 7-ум), Узбекистон 26 медал (10 тило, 9 нуқра ва 7 биринҷӣ, ҷойи 13-ум), Озарбойҷон 11 медал (4 тило, 2 нуқра ва 5 биринҷӣ, ҷойи 28-ум), Латвия 4 медал (3 тило ва 1 нуқра, ҷойи 36-ум), Қазоқистон 9 медал (2 тило, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ, ҷойи 39-ум), Гурҷистон 9 медал (1 тило, 4 нуқра ва 4 биринҷӣ, ҷойи 51-ум ), Молдова 2 медал (1 нуқра ва 1 биринҷӣ, ҷойи 73-юм) ва Литва 1 медали биринҷӣ (ҷойи 79-ум) ба даст оварданд.
Пойтахти Фаронса се маротиба мизбони Бозихои олимпӣ буд, аммо Бозиҳои паралимпӣ бори аввал дар ин ҷо доир шуд. Дар Бозиҳои 17-уми тобистонаи паралимпӣ варзишгарон дар 22 намуди варзиш барои 549 маҷмӯи ҷоизаҳо мубориза бурданд.
Варзишгарони маълули Русия ва Беларус ба далели таҳримҳои марбут ба ҳамлаи Русия ба Украина ба Паралимпиада дар мақоми бетараф роҳ дода шуданд. Дар мусобиқот 88 варзишгари маълул аз Русия ва 8 нафар аз Беларус иштирок карданд. Аммо ба онҳо истифода аз парчами миллӣ манъ буд ва дар сурати пирӯзии варзишгаронашон суруди миллӣ садо дода нашуд. Русиягиҳо 64 медал (20 тило, 21 нуқра ва 23 биринҷӣ) гирифтанд, вале натиҷаҳои онҳо дар ҳисоби расмӣ ба қайд гирифта нашуд.
Дар Паралимпиадаи Порис, инчунин бузургтарин дастаи паноҳандагон дар таърих ширкат дошт, ки намояндагони он дар шаш риштаи варзиш рақобат карданд.
Дар Бозиҳои 17-уми тобистонаи паралимпӣ аз чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ 114 варзишгар иштирок кард. Ҳайати мунтахаби Узбекистон аз 65 варзишгар иборат буд, ки дар нӯҳ ришта ширкат варзиданд.
Ба ҳайати мунтахаби Қазоқистон 44 варзишгар шомил буд, ки онҳо низ дар нӯҳ намуди варзиш рақобат карданд. Варзишгарони Қирғизистон бо шумули чаҳор нафар дар чор намуд иштирок доштанд. Туркманистонро як варзишгар дар риштаи пауэрлифтинг муаррифӣ кард.
Ягона кишваре, ки аз Осиёи Марказӣ дар Паралимпиадаи Порис намоянда надошт, ин Тоҷикистон буд. Ба иттилои Кумитаи паралимпии Тоҷикистон, ба иллати набуди маблағ варзишгарони маълули тоҷик натавонистанд дар мусобиқоти квалификатсионӣ ё интихобӣ иштирок карда, ба Паралимпиадаи Порис роҳхат бигиранд.
Инчунин Кумитаи паралимпии Тоҷикистон шаш варзишгарро дар риштаҳои варзиши сабук (дав ба масофаҳои 200 ва 400 метр), тенниси рӯи миз барои гирифтани квота ба Кумитаи байнулмилалии паралимпӣ пешниҳод кард, вале натиҷаҳои нишондодаи онҳо аз меъёрҳои муқарраршуда паст буд, бинобар ин ба Тоҷикистон квота дода нашуд.
Бояд зикр намуд, варзишгарони маълули тоҷик, ки аз соли 2004-ум пайваста дар Бозиҳои паралимпӣ ширкат меварзиданд, бори аввал ба Паралимпиада нарафтанд. Дарвоқеъ, варзишгарони маълули тоҷик дар таърихи иштироки худ дар панҷ Бозиҳои тобистонаи паралимпӣ ягон медал ба даст наовардаанд.