Сипоҳи посдорони Эрон бо нашри хабарномае эълон кард, ки даҳҳо паҳпод ва мушак ба тарафи Исроил партоб кардааст.
Сипоҳи посдорони Эрон дар баёнияи худ гуфтааст. ки ҳамлаҳо дар посух ба ҳамлаҳои гуногуни Исроил, аз ҷумла, ба бахши консулии Сафорати Эрон дар Димишқ ва кушта шудани шуморе аз фармондеҳон ва мушовирон анҷом шудааст.
Ин баёния меафзояд, ки нерӯҳои фазоии Сипоҳ ҷойҳои муайянеро бо партоби даҳҳо паҳпод дар дохили Исроил ҳадаф қарор додааст.
Дар ҳамла ба консулгарии Эрон дар Димишқ дар ду ҳафтаи пеш, Муҳаммадризо Зоҳидӣ, аз фармондеҳони баландпояи нерӯи "Қудс"-и Сипоҳи посдорон ҳамроҳ бо шаш узви дигари ин нерӯ кушта шуданд. Эрон ин ҳамларо ба Исроил нисбат дод.
Дар ҳамин ҳол, сухангӯи артиши Исроил гуфт, ки ҳамлаҳои паҳподӣ аз Эрон ба тарафи Исроил оғоз шудааст. Ӯ гуфт, ки паҳподҳои партобшуда аз Эрон чанд соат баъд ба Исроил хоҳад расид.
Сухангӯи артиши Исроил афзуд, "мо таҳдидро пайгирӣ мекунем. Артиш аз қабл барои чунин вазъияте омода шуда буд".
Тибқи гузоришҳо, Амрико, Бритониё ва бархе кишварҳои минтақа, аз ҷумла Урдун гуфтаанд, ки дар роҳгирии паҳподҳо ба Исроил кӯмак мекунанд.
"Ню-Йорк Таймз" ба нақл аз манбаъҳои исроилӣ навишт, паҳподҳо ва мушакҳое низ аз сӯи гурӯҳҳои тарафдори Эрон аз Ироқ ба тарафи Исроил партоб шудаанд. Хабаргузориҳо ҳамчунин аз ҳамлаи паҳподӣ аз Яман ба Исроил хабар доданд.
Як мақоми баландпояи амрикоӣ ба шабакаи ABC гуфтааст, тахмини Амрико ин аст, ки байни 400 то 500 паҳпод ва мушак ба тарафи Исроил равон шудааст.
Шуморе аз кишварҳои минтақа, аз ҷумла, Ироқ, Лубнон ва Урдун эълон карданд, ки ҳарими ҳавоии худро ба таври муваққат ба рӯи парвозҳои дохилӣ ва хориҷӣ бастаанд.
Гуфтугӯ