Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси як узбекистонӣ дар Русия бо айби сафедсозии терроризм


"Крокус сити ҳолл" рузи 22 март ҳадафи ҳамла қарор гирифт.
"Крокус сити ҳолл" рузи 22 март ҳадафи ҳамла қарор гирифт.

Додгоҳе дар кишвари Олтойи Русия як шаҳрванди Узбекистонро бо айби сафедсозии терроризм ҳабс кард.

Шаҳрванди 31-солаи Узбекистон, ки мақомоти додгоҳии Олтой аз вай ном набурдаанд, рӯзи 24 март дар мағозае дар бораи ҳамлаи террористӣ дар "Крокус сити ҳолл"-и Маскав дар мазҳари ом изҳори назар кардааст.

Мақомоти ӯро 27 март боздошт ва дар "даъвати оммавӣ ба терроризм, сафедсозӣ ва ё тарғиби он" айбдор кардаанд. Аз рӯи ин модда ҳадди аксари ҷазо 5 соли зиндонро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG