Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҷамъомади таълимию тамриниии дастаи ҷавонони то 23-солаи кишвар, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, 26 бозигар даъват шудааст.
Ба ҳайати даста чанд бозигари нав шомил шуданд, аз ҷумла ҳимоятгарон Денис Першин («Арсенал-2», Русия), Даниил Алимов («Динамо» Владивосток, Русия), нимҳимоятгарон Ансор Ҳабибов («Арсенал», Русия), Ҷомӣ Назаров («CP Sarria», Испания), ҳамлагарон Меҳрон Мадаминов («Истиқлол»-и Душанбе) ва Одилҷони Анушервонӣ («TУС Диткерхен», Олмон).
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар доираи омодагӣ ба Ҷоми Осиё-2024 бо ҳамсолони худ аз Ветнам ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Ин бозиҳо рӯзҳои 20-ум ва 23-юми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.
Бояд гуфт, ки дар Ҷоми Осиё-2024 миёни футболбозони то 23-сола дар Қатар дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” бо тимҳои Арабистони Саудӣ (16-уми апрел), Ироқ (19-уми апрел) ва Тайланд (22-юми апрел) бозӣ хоҳад кард.
Бозиҳои дӯстона
20-уми март (чоршанбе)
Тоҷикистон – Ветнам
Оғози бозӣ – соати 20:00
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
23-юми март (шанбе)
Тоҷикистон – Ветнам
Оғози бозӣ – соати 20:00
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ