Бино ба гузоришҳо, охири ҳафтаи гузашта миёни марзбонони тоҷик ва нерӯҳои "Толибон" дар сарҳади вилояти Хатлони Тоҷикистон ва Бадахшони Афғонистон тирандозӣ сурат гирифтааст. Шарҳи ҷониби Тоҷикистон дастрас нест. Бино ба наворҳое, ки расонаи "Afganistan International" ба даст овардааст, дар пайи ин ҳодиса марзбонони ду ҷониб бо ҳам мулоқот кардаанд.
Ба иттилои манбаъҳои Радиои Озодӣ аз 27-уми август, мулоқот ду рӯз қабл бар сари пешравии ширкатҳои истихроҷи маъдан дар тарафи Афғонистон ва тахриби маҷрои дарёи Панҷ сурат гирифтааст.
Расонаи "Afghanistan International" бо нашри наворе, ки дар он садои тирандозӣ шунида мешавад, навишт, ки ҳодиса рӯзи 24-уми август дар минтақаи марзии Дованг дар ноҳияи Шаҳрибузурги вилояти Бадахшони Афғонистон иттифоқ уфтод. Ин минтақа бо ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳамсарҳад аст. Ин манбаъ мегӯяд, як нерӯи "Толибон" кушта ва чаҳор нафар захмӣ шудаанд.
Дар пайи даргирӣ, марзбонони тоҷик ва афғон бо ҳам мулоқот кардаанд. Дар наворе, ки "Afghanistan International" нашр кард, мақомоти ду ҷониб ба иловаи гуфтугӯ дар бораи оби дарёи Панҷ ва ширкатҳои истихроҷи тило якдигарро ба паноҳ додан ва омӯзиши мухолифон дар хоки Афғонистон ва Тоҷикистон муттаҳам мекунанд.
Аз ҷумла, намояндаи Тоҷикистон дар ин навор мегӯяд, онҳо медонанд, ки "Толибон" аз мухолифони мусаллаҳи тоҷик дар Афғонистон паноҳ додаанд. Намояндаи "Толибон" ҳам дар ин навор мегӯяд, ки Тоҷикистон ба 350 тан аз мухолифони ин гурӯҳ омӯзиш медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон бо гузашти чанд рӯз аз ҳодиса вазъиятро шарҳ надодаанд.
Манбаъҳои Радиои Озодӣ мегӯянд, фарде, ки аз тарафи Тоҷикистон дар ин навор суҳбат мекунад, сардори қисми марзбонии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аст ва дигар мақомоти марзбонии вилоят ӯро ҳамроҳӣ мекунанд.
Ба навиштаи расонаҳои афғонӣ, Шафиқуллоҳ Ҳафизӣ, раиси Идораи маъдани “Толибон” дар Бадахшон, дар ин видео аз тарафи “Толибон” суҳбат мекунад.
Ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар вилояти Хатлон бо вилоятҳои Тахор ва Бадахшони Афғонистон марзи муштарак дорад. Баъди ба сари қудрат омадани "Толибон" коркарди тило дар лаби дарёи Панҷ аз он сӯйи марз бештар шуд. Ҳоло дар баробари шаҳрвандони Афғонистон чиниҳо ҳам дар он ҷо тило меҷӯянд. Гурӯҳе аз онҳо аз марз гузашта, вориди Тоҷикистон гашт ва боздошт шуд.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда буданд, ки ба соҳаи саноатӣ табдил ёфтани заршӯйӣ дар Афғонистон майли маҷрои рӯди Панҷро ба самти Тоҷикистон ва ҳамчунон хатари селу обхезиро дар ин сӯйи марз бештар кардааст.
Оби Панҷ дорои хокаи тило аст ва ҳукумати Тоҷикистон ҳам дар фикри ташкили корхонаҳои заршӯйӣ дар соҳили ин рӯд аст. Вале алҳол танҳо бо устувор кардани соҳил ва пешгирӣ аз сел машғул мебошад. Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳанӯз ҳаққи заршӯйӣ дар ин минтақаро надоранд.
Ин гузориш аз 22-юми августи имсол: