Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нетаняҳу гуфт, аз амалиёт дар Рафаҳ даст намекашанд. ВИДЕО


Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил бо сарбозон
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил бо сарбозон

Ин шаҳри марзии фаластиниён ҳоло мизбони беш аз як миллион паноҳҷӯи фаластинӣ аст, ки ба гуфтаи худашон ҷое барои рафтан надоранд.

Чанд рӯз баъд аз онки раиси ҷумҳури Амрико Ҷо Байден амалиёти Исроил дар Борикаи Ғаззаро амалкарди беш аз ҳад номид, нахуствазири Исроил дар телевизиони Эй Би Си дигарбора аз ҳамлаи Ҳамос ёдовар шуд, ки 1200 нафарро кушт ва 240 касро гаравгон гирифт.

“Ба мо ҳамла карданд, бе ҳеч сабаб. Ҳамлаи ваҳшиёнаи 7-уми октябр, бадтарин ҳамла ба мардуми яҳудӣ пас аз Ҳолокост буд. Мо ба онҳо ба шевае посух додем, ки ба террористон посух медиҳанд. Мо аз пайи маҳви террористон шудем ва кӯшидем, талафоти ғайринизомиён кам бошад. Террористоне, ки байни мардум рафта аз онҳо ба ҳайси сипари инсонӣ истифода мекунанд,"--гуфт Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Нетаняҳу гуфт, аз амалиёт дар Рафаҳ даст намекашанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00

Талафоти ғайринизомиён ба гуфтаи вазорати тандурустии Ҳамос аз 28 000 нафар гузаштааст. Нетаняҳу ин оморро рад кард. Ӯ афзуд, ки онҳо нақшаи осеб нарасондан ба мардуми ғайринизомиро амалӣ мекунанд ва артиши Исроил аз қасди амалиёти заминӣ дар шаҳри Рафаҳ даст накашидааст. Дар ин шаҳр дар марзи Миср бештар аз 1 миллиону 400 ҳазор фаластинӣ ва аксаран беҷошудагон зиндагӣ мекунанд. Бритониё, Миср ва Арабистони Саудӣ изҳори нигаронӣ карданд. Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил гуфт, “онҳое, ки мегӯянд, таҳти ҳеч шароите набояд вориди Рафаҳ шавем, мегӯянд, ҷангро бозед. Ҳамосро онҷо нигаҳ доред. Ҳамос ҳам қавл додааст, қатли оми 7-уми октябро борҳо ва борҳо такрор мекунад."

Дар Рафаҳ, оилаҳои зиёде дар хайма зиндагӣ мекунанд. Ҷои рафтан ҳам надоранд. Лайло Абу Мустафо, беҷошудаи фаластинӣ гуфт, "агар гӯянд, кӯч бандед, ман намеравам. Дар як тарафи ман марзи Миср аст, тарафи дигар Рафаҳ. Ман ҷунбида наметавонам."

Айни замон дар Тел Авив, тазоҳургарон талаб доранд, гаравгонон аз дасти Ҳамос озод карда шаванд. Рӯзи шанбе шоҳроҳи Аялонро бастанд.

"Мо инҷо омадем, то бигӯем, ки мо аз ин ҳама безор шудем. Мо медонем, ки тамоми мардум бо мост, вале эҳсос мекунем, ҳукумат бо мо нест. Вақт мегузарад,"--гуфт Эфрат Мачиква, хеши як гаравгон.

Аз Нетаняҳу пурсиданд, ки оё ҳамаи 132 гаравгон зинда ҳастанд. Ӯ гуфт, "ба фикри ман, мо ба қадри кофӣ талош дорем. Мо сахт мекӯшем, онҳоеро, ки зинда ҳастанд баргардонем ва самимона мегӯям, ҷасадҳои мурдагонро ҳам."

Нетаняҳу иддао кард, ки фишор ба Ҳамос як омили аслии раҳоии 110 гаравгон буд ва гуфт, пирӯзӣ наздик аст.

Аз оғози ҷанги охир миёни "Ҳамос" ва Исроил дар Навори Ғазза, ки рӯзи 7-уми октябри соли гузашта оғоз шуд, то кунун 1200 исроилӣ ва наздик ба 30 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд. Аксари кушташудаҳо занону кӯдакон ҳастанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG