Борис Нажедин рӯзи 8-уми феврал гуфт, мақомоти Русия бо ин кор мехоҳанд шароитро барои дар қудрат мондани президенти ҳозира Владимир Путин таъмин кунанд.
Кумисюни марказии интихоботи Русия рӯзи 8-уми феврал эълон кард, ки аз имзоҳои ҷамъовардаи Надеждин танҳо 95 ҳазору 587 имзо эътибор дошта, боқимонда мушкил доранд. Биноан, сабтином нашуд. Барои ширкат дар интихоботи Русия номзадҳо бояд 100 ҳазор имзои интихобкунандагонро ҷамъ биоранд.
Ниҳоди интихоботии Русия маъмулан бо далелҳои сиёсӣ ва бо баҳонаҳои гуногун номзадҳои мухолиф ба сиёсатҳои Путинро ба интихобот роҳ намедиҳанд.
Донишманди физика ва математика, Борис Надеждини 60-сола, зодаи Узбекистон аст ва дар гузашта вакили порлумон буд. Ӯ аз тарафи ҳизби “Ташаббуси шаҳрвандӣ” барои ширкат дар интихоботи президентии Русия номзад шудааст.
Надеждин гуфт, қарори Кумисюни марказии интихоботи Русияро намепазирад ва нисбат он ба додгоҳ шикоят хоҳад кард. "Ман қарори Кумисюни марказии интихоботро қабул надорам. Аз саросари Русия бештар аз 200 ҳазор имзо ҷамъ овардам. Мо маъракаи ҷамъоварии имзоро бозу шаффоф гузарондем ва тамоми дунё шоҳид аст, ки чӣ тавр одамон пушти дари ситоди интихоботии мо барои имзогузорӣ дар навбат буданд,” – навишт ӯ дар Телеграм.
Вай афзудааст, ширкат дар интихоботи президентии соли 2024 “тасимим муҳимтарин дар зиндагияш аст.” Аз ин рӯ, ният дорад, Кумисюни марказии интихоботро барои радди номзадии ӯ ба Додгоҳи олӣ бикашад.
Интихобот дар Русия, ки зери назорати сахти Кремл аст, озоду мустақилона баргузор намешавад, вале Маскав чунин вонамуд мекунад, ки тамоми марҳилаи ин маърака бозу қонунист. Дар асл, ба гуфтаи нозирон, мақомоти Русия бо фишору тарс додан номзадҳои мустақилро аз ин корзор берун мекунанд, варақаҳои қалбакии интихоботро таҳия намуда, барои нафаре роҳ мекушоянд, ки элитаи ҳукмрони ин кишвар мехоҳад.
Фишор ба сиёсатмадорони мустақил, матбуоти озод ва фаъолон дар корзори пешазинтихоботӣ низ бозгӯйи он аст, ки Кремл дигарбора Владимир Путин, президенти ҳозираи Русияро, ки аз соли 1999 дар қудрат аст, пирӯз эълон карданист.
Пуштибонии ғайриинтизори ҷомеа аз Борис Надеждин, ки ҳамлаи Маскавро ба Украина “иштибоҳи марговар” номида буд, фишору назоратро дар фазои пешазинтихоботии Русия сахттару ҷиддитар кардааст.
Дар миёнаҳои моҳи ноябри соли гузашта Путин лоиҳаи қонунро дар бораи ислоҳи қонуни интихоботи президентӣ имзо кард. Тибқи он ба созмону расонаҳо иҷоза дода намешавад, ки дар бораи интихобот назарсанҷӣ анҷом диҳанд. Ҳамзамон ба Кумисюни марказии интихоботи Русия иҷоза медиҳад, ки бо тарзи худ тартиби баргузории интихоботро дар қаламравҳое, ки онҷо вазъи ҳарбӣ ҷорӣ шудааст, муайян кунад.
Гуфтугӯ