Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанг дар Хон-Юнус. Беш аз сад низомии Исроил дар Ғазза кушта шудааст


Исроил ҳамла ба шимоли Ғаззаро афзоиш додааст
Исроил ҳамла ба шимоли Ғаззаро афзоиш додааст

Артиши Исроил эълон кард, ки аз оғози амалиёти заминиаш дар Ғазза беш аз 100 сарбозу афсараш кушта шудааст.

Рӯзи 11-уми декабр номи чор низомии кушташудаи дигари ироилӣ дар Ғазза эълон шуд. Ба гуфтаи артиши Исроил, се тан аз онҳо дар ҷанг бо ҲАМОС дар ҷануби Ғазза ва яке дар таркиши мина кушта шудааст.

Исроил пас аз ҳамлаи ҲАМОС, ки дар Иттиҳоди Аврупо ва Амрико созмони террористӣ эълон шудааст, аз осмону замин ба Ғазза ҳамла кард. Дар умум, Исроил мегӯяд, аз 7-уми октябр то кунун 430 низомиаш кушта шудааст, ки 101 тани онҳо дар хоки Ғазза ҳангоми амалиёти заминӣ ҷон додаанд.

Исроил ҳамла ба ҷануби Ғаззаро афзоиш додааст ва рӯзи 11-уми декабр тонкҳои Исроил талоши ворид шудан ба Хон-Юнус, яке аз шаҳрҳои калонтарини Ғаззаро карданд.

Созмони милали муттаҳид батакрор ба оташбас дар Ғазза даъват дорад ва масъулони ин созмон мегӯянд, агар ҷанг қатъ нашавад, аз фоҷеаи инсонӣ пешгирӣ кардан номумкин мешавад. Исроил ба даъватҳои барои қатъи ҷанг посухи рад додааст.

Дар шаҳри Хон-Юнус, ки ҳоло мавриди ҳамлаи Исроил қарор дорад, садҳо ҳазор нафар аз шимоли Ғазза онҷо паноҳанда шудаанд. Исроил ба сокинон гуфтааст, ки бояд Хон-Юнусро тарк кунанд. Маълум нест, ки сокинон бояд ба куҷо бираванд, чун ба гуфтаи СММ, дигар ҷои амне дар Ғазза боқӣ намондааст.

Мақомоти Ғазза мегӯянд, аз оғози ҷанг беш аз 18 ҳазор фаластинӣ кушта шудааст ва наздики 50 ҳазор нафари дигар марӯҳ шудаанд. Аксари онҳо занону кӯдакон ҳастанд.

Ғазза, ки дар он 2,3 миллион фаластинӣ зиндагӣ мекунад, аз се тараф ба Исроил марз дорад ва танҳо як роҳ ба Миср дорад, ки он ҳам баста аст.

Гурӯҳи ҲАМОС, ки Ғаззаро зери назорат дорад, рӯзи 7-уми октябр ба Исроил ҳамла кард ва беш аз 1200 нафарро кушта, зиёда аз 200 нафарро гаравгон гирифт.

Исроил дар посух аз осмону замин ба Ғазза ҳамла кард ва мегӯяд, ҳадаф дорад, ҲАМОС-ро пурра нобуд кунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG