Бозии гурӯҳи “Е” миёни қаҳрамонҳои футболи Қатар ва Тоҷикистон шоми сешанбеи 27-уми ноябр дар варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифаи шаҳри Доҳа доир мегардад.
Бозии даври аввали мусобиқот миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Ал-Дуҳайл”, ки 19-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда буд, бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.
Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ бо касби 12 имтиёз дар мақоми аввал аст. “Персеполис”-и Эрон бо касби 7 имтиёз дар зинаи дувум мебошад.
“Истиқлол”-и Тоҷикистон бо касби 2 имтиёз дар зинаи севум аст. “Ал-Дуҳайл”-и Қатар бо касби як имтиёз дар ҷойгоҳи охирин – чаҳорум - қарор дорад.
Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастаи нишондодҳояшон хубтари ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо дар ҳар як минтақа, дар маҷмуъ 16 даста, ба 1/8 финал роҳ пайдо мекунанд.
Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24
Минтақаи Ғарб
Гурӯҳи «Е»
Даври 1-ум
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Дуҳайл» (Қатар) – 0:0
19-уми сентябр. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
«Персеполис» (Эрон) – «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – 0:2
Голҳо: Даниал Исмоилифар, 62 – ба дарвозаи худ (0:1). Муҳаммад Қосим Ал-Нахлӣ, 72 (0:2).
19-уми сентябр. Теҳрон, Варзишгоҳи Озодӣ.
Даври 2-юм
«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 3:1
Голҳо: Сенин Себай, 44 (0:1), Криштиану Роналду, 66 (1:1), Андерсон Талиска, 72 (2:1), Андерсон Талиска, 77 (3:1).
2-юми октябр. Риёз, варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк».
«Ал-Дуҳайл» (Қатар) – «Персеполис» (Эрон) – 0:1
Гол: Умед Алишоҳ, 63 (0:1).
2-юми октябр. Доҳа, варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифа.
Даври 3-юм
«Персеполис» (Эрон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 2:0
Голҳо: Саид Содиқӣ, 44 (1:0), Саид Содиқӣ, 71 (2:0).
24-уми октябр. Теҳрон, варзишгоҳи Озодӣ.
«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) - «Ал-Дуҳайл» (Қатар) – 4:3
24-уми октябр. Риёз, варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк».
Даври 4-ум
«Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Персеполис» (Эрон) – 1:1
Голҳо: Меҳдӣ Туробӣ, 30 (0:1), Сенин Себай, 74 (1:1)
7-уми ноябр. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
«Ал-Дуҳайл» (Қатар) - «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – 2:3
Голҳо: Филипп Коунтинҳо, 8 (1:0), Андерсон Талиска, 27 (1:1), Андерсон Талиска, 37 (1:2), Андерсон Талиска, 65 (1:3), Филипп Коунтинҳо, 80 (2:3).
7-уми ноябр. Доҳа, варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифа.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «Е»:
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) |
4 |
4 |
0 |
0 |
12-6 |
12 |
2 |
«Персеполис» (Эрон) |
4 |
2 |
1 |
1 |
4-3 |
7 |
3 |
«Истиқлол» (Тоҷикистон) |
4 |
0 |
2 |
2 |
2-6 |
2 |
4 |
«Ал-Дуҳайл» (Қатар) |
4 |
0 |
1 |
3 |
5-8 |
1 |
Даври 5-ум
27-уми ноябр (душанбе)
21:00 (ба вақти Душанбе). «Ал-Дуҳайл» (Қатар) - «Истиқлол» (Тоҷикистон)
Доҳа. Варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифа.
23:00 (ба вақти Душанбе). «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) - «Персеполис» (Эрон)
Риёз, варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк».
Даври 6-ум
5-уми декабр (сешанбе)
21:00 «Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)
Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
21:00 (ба вақти Душанбе). «Персеполис» (Эрон) - «Ал-Дуҳайл» (Қатар)
Теҳрон, варзишгоҳи Озодӣ