Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанг дар Ғазза муваққатан қатъ шуд


Як хиёбони варойншуда дар Ғазза
Як хиёбони варойншуда дар Ғазза

Дар навори Ғазза низоми оташбаси муваққат байни гурӯҳи ҲАМОС ва Исроил ба иҷро даромад.

Оташбас бо миёнаравии Қатар, Миср ва ИМА ҳосил шудааст. Дар ин оташбаси муваққат ба навори Ғазза кӯмакҳои башардӯстона ирсол мешавад ва ҲАМОС бо Исроил табодули гаравгон мекунад.

Дар рӯзи аввали оташбас ҲАМОС 13 гаравгони исроилии иборат аз занону кӯдаконро озод мекунад. Дар маҷмуъ дар чаҳор рӯзи оташбас аз маҷмуи бештар аз 200 гаравгони исроилӣ 50 тан озод карда хоҳанд шуд. Инҳоро ҲАМОС дар ҳамлаи рӯзи 7 октябр ба Исроил гаравгон гирифта буд.

Дар посух Исроил дар рӯзи аввали оташбас 39 фаластинӣ - асосан занону ноболиғонро аз зиндонҳои худ раҳо хоҳад кард. Дар маҷмуъ, бино ба шартҳои оташбас, аз зиндонҳои Исроил бештар аз 150 фаластинӣ озод хоҳанд шуд. Дар миёни онҳо 24 зан ва 15 наврас ҳаст.

Мақомоти Исроил гуфтанд, ин оташбас маънои сулҳро надорад ва баъди ба охир расидани муҳлати муваққат амалиёти ҷангӣ зидди ҲАМОС идома хоҳад кард.

Ин нахустин созиш бар сари оташбас аз оғози ҷанги кунунии Исроил ва Ҳамос" аст. Ҷанге, ки то кунун ба қимати ҷони беш аз 13300 фаластинӣ ва овора шудани аз се ду ҳиссаи аҳолии 2,3 миллионнафарии Навори Ғазза тамом шудааст.

Нахуствазири Исроил пеш аз эълони тавофуқи оташбас гуфта буд, ки мудохилаҳои Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико ба беҳбуди шароити ин созиш кӯмак кард, то гаравгонҳои бештар озод ва имтиёзоти камтар ба тарафи дигар дода шавад.

Вай таъкид кард, ки маъмурияти аслии Исроил тағйир накардааст. Нетаняҳу дар ибтидои нишасти кобинаи худ гуфт, "мо дар ҳоли ҷанг ҳастем ва то вақте, ки ба ҳадафҳоямон даст наёфтаем, ин ҷанг идома хоҳад дошт." Ӯ ҳадафи Исроил аз ин ҷангро нобудии "Ҳамос" ва бозгардонидани ҳама гаравгонҳо гуфтааст.

Гурӯҳи "Ҳамос" ҳам субҳи чаҳоршанбе дар баёнияе гуфт, ки тибқи созиш бо Исроил бар сари озодии шуморе аз гаравгонҳое, ки дар Ғазза ҳастанд, 150 фаластинӣ низ, ки дар зиндонҳои Исроил ба сар мебаранд, озод хоҳанд шуд. Ин баёния мегӯяд, ки 150 зиндонии фаластинӣ занон ва кӯдакон ҳастанд.

Баёнияи "Ҳамос" меафзояд, ки созиш бо Исроил ҳамчунин шомили иҷозаи вуруди садҳо мошини борбари ҳомили маводи хӯрокворӣ, таҷҳизоти пизишкӣ ва сӯзишворӣ ба ҳама минтақаҳои Ғазза хоҳад буд.

Ҷанги Исроил бо ҲАМОС пас аз рӯзи 7-уми октябр оғоз шуда буд. Он рӯз ҲАМОС ба хоки Исроил ҳамла кард, ки дар он ҳамла 1200 нафар кушта шуд ва ин гурӯҳ беш аз 200 нафарро гаравгон гирифт.

Дар ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза беш аз 13 ҳазор нафар кушта шуд, ки аксарашон занону кӯдакон ҳастанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG