Ҳизби як сиёсатмадори шуҳратталаби Ҳолланд, ки қавл додааст, муҳоҷират ба кишварашро манъ мекунад, масҷидҳоро мебанданд ва намегузорад, дар Ҳолланд ҳиҷоб пӯшанд, дар интихоботи порлумонии рӯзи 22-уми ноябр пирӯз шуд. Ӯ 37 курсии порлумонро аз они худ кард ва бештар аз онки ҳизби ҳоким ба даст овардааст, аммо таъсиси ҳукумат зоҳиран барояш осон нахоҳад буд.
Гирт Вилдерс, сиёсатмадори ифротии ростгаро, ки интихоботро бурд, шояд нахуствазири ояндаи Ҳолланд шавад. Ҳизби Озодӣ ба раҳбарии ӯ дар интихобот аз миёни 150 курсии порлумон, 37 курсиро аз они худ кард ва бузургтарин ҷиноҳ дар порлумон шуд. Ӯ, ки маъракаи таблиғотиашро бо шиорҳои зидди ислом ва Иттиҳоди Аврупо пеш мебурд, дар қаҳвахонае дар Гаага пирӯзиашро ҷашн гирифт. “Мо коре мекунем, ки Ҳолланд дигарбора барои худи ҳолландиҳо бошад. Мо пеши сунамии паноҳҷӯён ва муҳоҷиратро мегирем. Мардум дигарбора дар ҳамёнашон пули зиёдтар хоҳанд дошт,”--гуфт ӯ.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Интизор меравад, Вилдерс бо ҳизби нахуствазири феълӣ Марк Рут ва ҳизби “Созиши иҷтимоии нав” ҳукумати ростгарое ташкил диҳад. Якҷо онҳо 79 курсӣ, яъне аксарияти курсиҳои порлумонро дар даст хоҳанд дошт.
Вале ҳарду ҳизб мавзеъгирии сахти зиддиисломии Вилдерс, аз ҷумла бастани масҷиду манъи хондани Қуръон дар Ҳолландро қабул надоранд. Шиорҳои барангезандаи зиддиисломии ӯ дар гузашта сабаби таҳдид ба ҷонаш шудаанд ва барои ҳамин солҳои дароз таҳти ҳимояти пулис зиндагӣ мекунад.
Пирӯзии Вилдерс, созмонҳои исломӣ ва марокаширо нигарон кард. Ҳабиб Қодурӣ, намояндаи марокашиҳои Ҳолланд гуфтааст, ки “изтиробу тарс бисёр зиёд аст. Метарсем, ки моро мисли шаҳрвандони дуввумдараҷа нишон медиҳад.”
Вилдерс мегӯяд, ки сабаби норасоӣ ва гаронии хона дар Ҳолланд паноҳҷӯён ҳастанд ва аз нигаронии мардум аз қиматҳо ва шифохонаҳои таҳти фишор истифода бурдааст.
Ӯ ҳамчунин мисли сиёсатмадори маҳбубаш Виктор Урбан, нахуствазири Маҷористон мухолифи ошкори Иттиҳоди Аврупо аст. Мегӯяд, ки Ҳолланд бояд харҷи пул барои иттиҳодро кам карда, монеи қабули аъзои нав ба он шавад. Қавл додааст, ки додани аслиҳа ба Украинаро қатъ мекунад.
Аммо ҳеч яке аз аҳзоби дигари Ҳолланд, ин назарҳои уро қабул надоранд ва маълум нест, чӣ гуна ҳукумате ташкил мешавад. Ҳукумати Марк Рут, нахуствазири феълӣ то замони ташкили ҳукумати нав то нимаи соли 2024 масъулиятҳояшро идома медиҳад.
Гуфтугӯ