Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишгоҳ ба соҳибкорони тоҷик чӣ медиҳад? ВИДЕО


Намоишгоҳ ба соҳибкорони тоҷик чӣ медиҳад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Абубакр Содиқ Хон, соҳибкори покистонӣ, бо ҳадафи пайдо кардани шарикони тоҷикистонӣ ба намоишгоҳи байнулмилалӣ ба Душанбе омадааст. Ширкати ӯ ба истеҳсоли дору машғул аст. Мегӯяд, то ҳол ҳеч қарордоде имзо накард.

Намоишгоҳи байнулмилалӣ ба соҳибкорони тоҷик чӣ медиҳад? ВИДЕО

Абубакр Содиқ Хон, соҳибкори покистонӣ, бо ҳадафи пайдо кардани шарикони тоҷикистонӣ ба намоишгоҳи байнулмилалӣ ба Душанбе омадааст. Ширкати ӯ ба истеҳсоли дору машғул аст. Мегӯяд, то ҳол ҳеч қарордоде имзо накард.

"Чолише, ки рӯ ба рӯ шудем, дарёфти шарикони боварбахш аст. Ман як сол боз дар ҷустуҷӯйи шарикони тоҷик ҳастам, вале муваффақ нашудам,” – гуфт Абубакр Содиқ Хон, намояндаи ширкати “Фарм Эво”-и Покистон.

Намоишгоҳи байнулмилалӣ рӯзи 26-уми октябр бо ҳузури беш аз 50 ширкати дохилӣ ва хориҷӣ дар Душанбе ифтитоҳ шуд. Дар онҷо маҳсулоти кишоварзӣ, бинокорӣ, нӯшоба, либос, ҳунарҳои дастӣ ва заргариро ба намоиш гузоштаанд.

Дар баробари соҳибкорони тоҷик, дар намоишгоҳ соҳибкорон аз кишварҳои дигар, аз ҷумла Покистону Русия, Беларус, Узбекистон, Кореяи Ҷанубӣ ва Чину Туркия иштирок доранд. Масъулон ҳадафи баргузории онро муаррифии бештари молу маҳсулоти ватанӣ ва пайдо намудани шарикони нав арзёбӣ намуданд.

Истеҳсоли маҳсулот дар ширкатҳои ватанӣ аз воридоти ашёи хом аз хориҷа вобаста астдорад. Биноан, баъзе аз соҳибкорони тоҷик чунин намоишгоҳҳоро фурсате барои рушди корашон медонанд.

“13 сол боз дар бозори ватанӣ ба истеҳсоли хӯроворӣ машғулем. Мехоҳем дар инҷо бо шарикони хориҷӣ шинос шавем, то дар оянда ҳамкорӣ кунем,” – гуфт Музаффар Мадалиев, намояндаи ширкати “Сардор-2008”.

Намояндагони корхонаи “Азот” дар Тоҷикистон барои муаррифии маҳсулоташон ба намоишгоҳ омадаанд. Бахтиёр Назаров, намояндаи корхона мегӯяд, нияти ба хориҷа баровардани маҳсулоти худро доранд: “Корхонаи мо ба истеҳсоли “карбамид” машғул аст ва ин асосан ба соҳаи кишоварзӣ лозим мешавад. Барои содирот низ корхона қудрат дорад.”

Ин дар ҳолест, ки нуриҳои минералӣ аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон оварда мешавад ва кишоварзони тоҷик аз гарон будани нархи он борҳо изҳори ташвиш кардаанд.

Масъулон мехоҳанд бо ташкили чунин намоишгоҳҳо ҷалби сармоя бештар шуда, содироти маҳсулот ба хориҷа афзоиш ёбад ва тоҷирону соҳибкорон ба бозорҳои нав даст ёбанд. Вале иқтисоддонҳо борҳо таъкид намудаанд, ки роҳи расидан ба чунин аҳдоф ташкили корхонаҳо ва афзоши истеҳсоли маҳсулоти босифату рақобатпазир аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG