Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик дар Тошканд 27 медал гирифтанд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои Осиё ва Уқёнусия байни наврасон, навҷавонон, бузургсолон, устодон ва нобиноён, ки рӯзҳо 14-20-уми апрел дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор шуд, 27 медал (4 тилло, 10 нуқра ва 13 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии самбо (FIAS), дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ва Уқёнусия дар Тошканд беш аз 600 варзишгари синну солашон гуногун, аз наврасон то собиқадорон, аз зиёда аз 20 кишвар иштирок карданд. Мусобиқот дар маҷмааи варзишии “Узбекистон” баргузор шуд. Тоҷикистонро беш аз 40 варзишгар муаррифӣ намуданд.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои Осиё ва Уқёнусия миёни бузургсолон паҳлавонони тоҷик шаш медал (се нишони нуқра ва се биринҷӣ) гирифтанд.

Ба ҳайати дастаи бузургсолони Тоҷикистон 11 гуштигири мард дохил буд, ки 7 нафарашон дар самбои варзишӣ ва чаҳор нафар дар самбои размӣ рақобат карданд.

Дар самбои варзишӣ паҳлавонони тоҷик Деваштич Устопириён дар вазни 79 кило ва Зафар Олимшоев дар вазни 88 кило медалҳои нуқра гирифтанд. Муҳаммадҷон Зоидов дар вазни 98 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Халид Толибзода дар вазни 88 кило дар самбои размӣ медали нуқра ба даст овард. Ду нафари дигар – Худоёр Раҷабзода дар вазни 71 кило ва Рамазон Ҷумъаев дар вазни 79 кило - дар намуди самбои размӣ бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар мусобиқаи наврасон дар самбои варзишӣ Амирҷон Шарифов дар вазни 58 кило медали нуқра ва Сафиаллоҳ Ҳикматов дар вазни 71 кило медали биринҷӣ гирифтанд.

Дар самбои варзишӣ миёни навҷавонон Абдулло Қодиров (64 кг), Абдулло Лоиқов (79 кг), Фирдавси Баҳодур (88 кг), дар самбои размӣ Шоҳин Азиззода (79 кг) барандагони медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Дар мусобиқаи самбои варзишӣ байни кадетҳо (наврасон) Муҳаммадӣ Мирзозода (46 кг), Муҳаммадҷони Маҳсуддинзода (49 кг) ва Ҳусейн Ҷалилов (58 кг) медалҳои нуқра; Бахтовар Азизов (64 кг), Абузар Назаров (79 кг) ва Сафиаллоҳ Ҳаётов (+88 кг) медалҳои биринҷӣ гирифтанд.

Шоҳрух Назаров дар рақобатҳо миёни варзишгарони нобино ва хирачашм (SVI-1) дар вазни 79 кило бо медали тилло мукофотонида шуд.

Рӯзҳои 19-20-уми апрел мусобиқаи қаҳрамонии Осиё ва Уқёнусия дар риштаи самбои варзишӣ миёни устодон барпо гардид, ки Тоҷикистонро 12 нафар паҳлавонон – собиқадорони самбо намояндагӣ карданд.

Паҳлавонони тоҷик Собирҷон Сулаймонов (88 кг, M-2), Хайрулло Назриев (+98 кг, М-6), Зайдулло Қурбонов (98 кг, М-7) бо медалҳои тилло; Алишер Ғарибшоев (79 кг, M-1), Абдулҳамид Раҳимов (98 кг, M-3), Расул Ҳодизода (71 кг, М-7) бо медалҳои нуқра; Ромиз Ҷураев (71 кг, M-3) ва Қиёмиддин Хоҷаев (М-5, 88 кг) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

XS
SM
MD
LG