Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди ба қайди низомӣ гирифтани маҳбусон дар Русия


Вазорати мудофиаи Русия пешниҳод кардааст, ки зиндониҳоро ба қайди ҳарбӣ гиранд.

Бино ба тарҳи пешниҳодии вазорати мудофиаи Русия, пешниҳод шудааст, ки зиндониёнро бевосита дар маҳбас, бидуни ҳозир шудан ба комисариатҳои ҳарбӣ, ба қайд гиранд.

Дар ин пешниҳод тартиб додани рӯйхати маҳбусоне, ки бояд хидмати низомӣ анҷом диҳанд, бар уҳдаи масъулони маҳбас гузошта шудааст. Ҳамзамон пешниҳод гардидааст, ки маҳбусон ба маҳзи озод шудан барои хидмати ҳарбӣ ирсол шаванд.

Бино ба қонунгузории амалкунандаи Русия, шаҳрвандоне, ки дар маҳбусҳо адои ҷазо мекунанд, ба қайди низомӣ гирифта намешаванд.

XS
SM
MD
LG