Баъди манъ шудани парвозҳои мустақим аз Туркманистон ба Маскав шаҳрвандони Туркманистон бо монеаҳои иловагӣ рӯ ба рӯ шуданд. Ба вижа ин монеаро донишҷӯёне эҳсос мекунанд, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил доранд ва баъди таътили тобистона бояд ба он кишвар баргарданд.
"Ман як моҳ аст, ки талоши харидани билетро дорам. Барои ин ду маротиба ба шаҳри Ишқобод рафтам, вале бе натиҷа. Дар хазинаҳо гуфтанд, ки билетҳо барои чанд моҳи оянда фурӯхта шудаанд. Чанд рӯз баъд таҳсили ман шуруъ мешавад", - гуфт як донишҷӯдухтари 20-сола аз Туркманободи Туркманистон.
Ширкати ҳавопаймоии Туркманистон парвозҳои мустақимашро ба Маскав аз рӯзи 1 август қатъ кард. Ширкат гуфт, ба далели "вазъи ҳавоӣ дар фазои Маскав" чунин тасмим гирифтааст.
Қатъи парвозҳои ҳавопаймоҳои Туркманистон баъди он сурат гирифт, ки Маскав ба таври мунтазам аз сӯи бесарнишинҳои Украина ҳамла шуд. Ин ҳамлаҳо дар ҳоле сурат гирифтанд, ки Русия бештар аз якуним сол аст, ки ба хоки Украина ҳамла мекунад.
Айни замон ҳавопаймоҳои ширкати туркманистонӣ танҳо ба шаҳри Қазони Русия парвоз мекунанд.
Бархе аз сарчашмаҳо мегӯянд, билетҳои Ишқобод-Қазон то моҳи октябр фурӯхта шудаанд.
Дар чунин шароит бархе аз шаҳрвандони Туркманистон барои расидан ба кишвари севум, аз ҷумла Русия, ба Узбекистон мераванд.