Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Остона аз Маскав истирдоди як ҷудоихоҳро талаб дорад


Kazakhstan – Kazakhstani passport / Kazakh national document, cover, 03Sep2015
Kazakhstan – Kazakhstani passport / Kazakh national document, cover, 03Sep2015

Додситонии кулли Қазоқистон аз Русия талаб дорад, ки зодаи 35-солаи Қазоқистон Максим Яковченкоро истирдод кунад.

Яковченкоро дар Қазоқистон барои як навиштааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз моҳи феврали соли 2022 дар ҷудоихоҳӣ ва ангехтани бадбинии миллӣ айбдор мекунанд. Дар он навишта Яковченко гуфта буд, ки шаҳрҳои шимолии Қазоқистон Уралск, Петропавловск ва Павлодар бояд ба Русия "дода шаванд".

Тирамоҳи соли 2022 мақомоти Қазоқистон мехостанд, ӯро иҷборан ба додгоҳ ҳозир кунанд. Аммо натавонистанд ӯро пайдо кунанд. Баъдтар маълум шуд, ки вай манзилашро дар шаҳри Урал фурӯхта, ба Русия кӯч бастааст.

Соли гузашта ду сокини шаҳри Уралски Қазоқистон - Денис Рудних ва Кристина Колченко бо айби ҷудоихоҳӣ зиндонӣ шуданд. Онҳо ошкоро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳамлаи Русия ба Украина ҳимоят карданд.

XS
SM
MD
LG