Моҳҳои июн ва июли соли ҷорӣ аз муассисаҳои низомии вилояти Балкани Туркманистон наздики 200 корманд аз кор рафтаанд.
Сабаби асосии аз кор рафтани низомиҳо маоши кам унвон шудааст.
"Аксари низомиҳои аз кор рафта афсар ва низомиҳои шартномавӣ буданд", - гуфт манбае, ки ин хабарро расонид.
Низомиҳо гуфтаанд, ба онҳо маош кам пардохта мешуд ва ба замми ин, мушкили манзилашон ҳал нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки президенти Туркманистон борҳо масъалаи таъмини низомиҳоро бо "шароити хуби зиндагӣ" баррасӣ карда ва ваъдаи сохтмони манзилро ба онҳо додааст.