Дар чанд ҷумла
Аз зиндон ба майдони ҷанг? Русия даъвати маҳкумшудаҳоро қонунӣ кард
Дар Русия тарҳи қонунеро қабул карданд, ки бар асоси он маҳбусон ба хидмат дар артиш ё ҷанг даъват хоҳанд шуд. Аммо қонун нисбат ба маҳкумшудагоне, ки ҷиноятҳои ҷинсӣ, терроризм, ифрогароӣ ва хиёнат ба давлат кардаанд, татбиқ намегардад. Тарҳро рӯзи 20-уми июн вакилони Думаи давлатии Русия пазируфтанд.
То ҳоло аз маҳбасҳои Русия ҳазорон нафар, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистонро ба майдонҳои ҷанг дар Украина бурдаанд.
Аз ин имтиёз ширкати хусусии ҳарбии "Вагнер" истифода мекард ва зиндониёнро бар асоси қарордод ва бо ваъдаи афв ба ҷанг дар Украина мебурд. Молики ширкат, Евгений Пригожин, яке аз шахсони сарватманд ва наздик ба раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путин аст.
Акнун ин имконият ба мақомоти давлатии Русия, аз ҷумла Вазорати дифои ин кишвар, дода мешавад.
Радиои Озодӣ то ин дам дар бораи кушта шудани камаш бист зиндонии тоҷик дар ҷанги Русия дар Украина хабару гузориш додааст. Ҷасади аксари онҳоро дар Тоҷикистон дафн карданд.
Теъдоди умумии шаҳрвандони кушташудаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия дар Украина дақиқ нест.
Бино ба таҳқиқоти ахири Би-би-сӣ, на камтар аз 93 зодаи давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки аз тарафи Русия меҷангиданд, дар Украина ба ҳалокат расидаанд. Баъзе аз онҳо зиндонӣ буданд.
Думаи Давлатии Русия рӯзи 20-уми июн бо қабули тарҳи дигар ҳамчунин иҷоза дод, низомиёне, ки ҷинояти "сабуку миёна" кардаанд, аз ҷавобгарӣ озод гарданд.
Бино ба қонуни нав ғоратгарӣ, тамаъҷӯӣ ва куштор дар ҳолати бехудӣ начандон вазнин арзёбӣ шуда, шахсе, ки чунин ҷиноят кардааст, метавонад аз ҷавобгарӣ озод шавад.
Ин гурӯҳ бояд бо Вазорати мудофиаи Русия қарордод дошта, дар давраи мобилизатсия ё сафарбарӣ ба хидмати ҳарбӣ ё ҷанг ҷалб шуда бошанд.
Тарҳи ҳар ду қонун дар аввали имсол ба порлумони Русия пешниҳод шуда буд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Як ҳайати СММ: Қатли асирони украинӣ аз сӯи Русия афзудааст
Ҳайати Дидбони ҳуқуқи башари Созмони Милал дар Украина эълон кард, ки дар моҳҳои охир шумори эъдоми асирони украинӣ аз сӯи Русия "дар ҳадди нигаронкунанда" афзоиш ёфтааст.
Ин ҳайат рӯзи 3-юми феврал дар баёнияе гуфт, аз охири моҳи августи соли 2024 то кунун дар 24 гузориши алоҳида хабари эъдоми 79 асири украиниро дарёфт кардааст.
Тибқи қонунҳои башардӯстонаи байнулмилалӣ, эъдоми асирони ҷангӣ ва захмиҳо ҷинояти ҷангӣ хонда мешавад.
Дидбони ҳуқуқи башари СММ дар идомаи баёнияи худ афзуд, "бисёре аз сарбозони украинӣ, ки худро таслим карда ё ба асорати артиши Русия даромадаанд, дар маҳал эъдом шудаанд. Далелҳои пешниҳодшуда аз сӯи шоҳидон низ аз кушта шудани сарбозони захмии украинӣ ҳикоят мекунад".
Вазири корҳои хориҷии Украина гуфт, ки ҷомеаи байнулмилалӣ бояд ба ҷиноятҳои Русия вокуниш нишон диҳад. Ӯ дар шабакаи Х (Твиттери пешин), навишт, "эъдоми ваҳшатноки асирони украинӣ тавассути Русия нишон медиҳад, ки Украина бо як ҳаюлои воқеӣ рӯбарӯст. Мо ба абзорҳои қонунии байнулмалилии муассир ва чораҳои мушаххас барои муҷозоти омилони ин ҷиноятҳо ниёз дорем."
Вазорати дифои Русия ҳозир нашудааст ба дархости хабаргузории "Рейтерз" барои изҳори назар дар ин бора посух диҳад.
Ҳайати дидбони ҳуқуқи башари СММ дар Украина дар таҳқиқоти худ аксу видеоро аз саҳнаҳои эъдом ва ҷасади асирони украинӣ таҳлил ва бо шоҳидони айнӣ мусоҳибаҳои дақиқ ва муфассал анҷом додааст. Ин ҳайат хотирнишон кард, ки эъдомҳо дар минтақаҳое, ки артиши Русия дар ҳоли пешравӣ аст, рӯй додаанд.
Даниелле Белл, раиси ҳайат гуфт, "шуморе аз фармондеҳони артиши Русия бо сароҳат хостори бархӯрдҳои ғайриинсонӣ ва ҳатто эъдоми асирони украинӣ шудаанд.
Ин ҳайат дар бахши дигаре аз баёнияи худ афзуд, ки эъдоми сарбозони захмӣ ва маъюби Русия тавассути артиши Украина дар соли 2024-ро мустанад кардааст, вале ҷузъиёти бештаре ироа накард. Дафтари Додситонии кулли Украина низ эълон кард, ки таҳқиқот дар мавриди эъдоми даҳҳо низомии ин кишвар тавассути артиши Русияро оғоз кардааст.
Боздошти дигарбораи Амриддин Холмуродов дар Словакия
Амриддин Холмуродов, шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистонро дигарбора дар Словакия дастгир кардаанд.
Ӯ бештар аз як ҳафта боз дар Боздоштгоҳи муҳоҷирон дар шаҳри Кошитсе аст, вале мегӯяд, сабабашро намедонад.
Додгоҳе дар Словакия рӯзи 19-уми январи имсол ӯро аз боздошт раҳо карда буд.
"Вақте ҳуҷҷатҳоро дубора барои гирифтани паноҳандагӣ пешниҳод кардам, пулис боздошт кард," - гуфт вай рӯзи 3-юми феврал ба Радиои Озодӣ.
Ивета Райтакова, вакили мудофеи Амриддин Холмуродов, аз додгоҳ хостааст, ӯро ҳарчи зуд раҳо кунад.
"Намояндагони додгоҳ навиштанд, ки агар дар чанд рӯзи оянда шикояте аз пулис нарасад, озод карда мешавад. Мо талош дорем, вайро ба кишваре фиристанд, ки аз онҷо ба Тоҷикистон фиристода нашавад," – мегӯяд Райтакова.
Амриддин Холмуродовро бори аввал дар моҳи феврали соли 2022, ҳангоми гузаштан аз сарҳади Украина ба Словакия, бо дархости Душанбе дастгир карданд.
Баъди тақрибан ду сол, дар моҳи январи соли 2024, раҳо гардид, вале ҳангоми убур аз сарҳади Олмон дигарбора боздошт ва ба Словакия фиристода шуд.
Пайвандонаш қаблан гуфта буданд, ки ӯ дар Тоҷикистон ба “барангехтани кинаю адовати динӣ”, “ташкили иттиҳоди ҷиноӣ" ва “даъват ба ифротгароӣ” муттаҳам аст ва хеле барвақт Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарори ҳабсашро содир карда буд.
Амриддин Холмуродов дар гузашта дар шабакаи иҷтимоии “Однокласники” бо имзои “Муҳаммадҷон Умаров” сиёсати ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард. Худаш дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, як муддат бо ҷонибдорӣ аз “Гурӯҳи 24” камбудҳои ҳукуматро менавишт.
Исломиддин Файзалӣ, намояндаи пешини ҲНИТ, аз зиндон озод шудааст
Як узви пешини ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ аз зиндон озод шудааст.
Исломиддин Файзалӣ дар соли 2020 дар мурофиаи паси дарҳои баста ба панҷуним сол ҳабс маҳкум шуда буд.
Аз он вақт то ҳоло ҷузъиёти парванда ва ҳукмаш дастрас нест.
Ба иттилои Саидисҳоқ Бобоев, яке аз хешовандони Исломиддин Файзалӣ, “ӯ рӯзи якуми феврал аз маҳбаси “Якум Советский” дар Душанбе раҳо шуд.”
“Тибқи қонуни афв муҳлати ҷазояшро як сол кам карда буданд,” – афзуд ӯ.
Саидисҳоқ Бобоев дар Аврупо кору зиндагӣ мекунад. Вай гуфт, хонаводаи Исломиддин Файзалӣ “аз озодии ӯ хушҳоланд”, вале аз суҳбати бештар дар бораи қазияаш парҳез мекунанд. Биноан, то ҳол дақиқ нест, ки ӯ қариб панҷ солро бо чӣ гуноҳе дар зиндон гузаронд
"Танҳо ҳамин нукта маълум аст, ки мақомоти амниятӣ мехостанд, ӯ дар филми "Хиёнат" алайҳи раҳбарони ҲНИТ сухан гӯяд. Чун розӣ намешавад, боздошту ҳабс кардаанд," – илова кард Саидисҳоқ Бобоев.
Исломиддин Файзалии 63-сола дар гузашта узви Раёсати олӣ ва узви Академияи исломии ҲНИТ буд. Ӯро дар моҳи августи 2020 аз хонааш дастгир ва моҳи октябри ҳамон сол ба зиндон андохтанд.
Ҳукумати Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломиро дар кӯшиши “табаддулот”-и моҳи сентябри соли 2015 гунаҳкор ва даҳҳо узв ва фаъолонашро боздошту зиндонӣ кард. Бархе аз онҳо дар Аврупо паноҳанда шудаанд. Раҳбарони ҳизб, ки берун аз Тоҷикистон қарор доранд, иттиҳомҳоро беасос меноманд.
Чин ба молҳои Амрико то 15 дарсад боҷ ҷорӣ кард
Чин ба молҳои воридӣ аз Иёлоти Муттаҳида боҷи ҷавобӣ ҷорӣ кардааст. Барои ангишту гази моеъ – 15 дарсад ва нафти хому мошинҳои кишоварзӣ – 10 дарсад.
Дар ин бора Associated Press гузориш дод.
Вазорати молияи Чин гуфт, таърифа ё боҷ алайҳи молҳои воридӣ аз Амрико рӯзи 10-уми феврал ба иҷро хоҳад даромад.
Пекин назоратро ба содироти маъданҳои муҳиме чун волфрам, теллур, висмут, молибден ва индий низ сахттар мекунад. Иёлоти Муттаҳида аксари ин маъданҳоро барои амнияти иқтисодӣ ва миллияш муҳим мешуморад.
Илова бар ин, Чин гуфтааст, кори ширкати амрикоии Google-ро дар бозори ин кишвар месанҷад.
Пекин алайҳи ду ширкати амрикоӣ – PVH Group (соҳиби брендҳои Calvin Klein ва Tommy Hilfiger) ва Illumina таҳримҳо ҷорӣ кардааст.
Амрико барои маҳсулоти воридӣ аз Чин даҳ дарсад боҷ меситонад. Ин қарор аз 4-уми феврал ба иҷро даромад.
Юсуф Раҳмон дабири Шӯрои амният шуд
Юсуф Раҳмон сездаҳ рӯз пас аз барканорӣ аз мақоми Додситони кул, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, таъйин шудааст.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 4-уми феврал тайи фармоне Юсуф Раҳмонро дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, таъйин кард. Юсуф Раҳмон рӯзи 23-юми январи имсол, аз мақомаш барканор шуда буд.
Ба ҷойи ӯ Ҳабибулло Воҳидзодаи 60-сола таъйин шуд, ки то ин дам дар мақоми муовини додситони кул (ҳамзамон додситони ҳарбӣ) кор мекард.
Маҷлиси Миллии Тоҷикистон рӯзи 3-юми феврал қарори барканории Юсуф Раҳмонро аз мақоми Додситони кулл ва таъйини Ҳабибулло Воҳидзодаро тасдиқ кард.
Юсуф Раҳмон аз соли 2015 Додситони кул ё Прокурори генералии Тоҷикистон буд. Тибқи қонун даҳ сол (ду давраи панҷсолӣ) ҳаққи кор дар ин вазифаро дошт.
Боздоштҳои дастҷамъӣ, ҳукмҳои дарозмуддат, зиндонӣ шудани даҳҳо фаъолу хабарнигорро ҳосили даҳсолаи кори Юсуф Раҳмон дар Додситонии кул медонанд.
Боздошти як сокини Ваҳдат барои ба "ғуломӣ" гирифтор кардани муҳоҷирон
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти марде хабар дод, ки муҳоҷиронро ба Арманистон бурда, ба ғуломӣ гирифтор кардааст.
Дар иттилои Вазорат бидуни ном бурдан аз ин мард танҳо омадааст, ки ӯ 63- сола ва сокини шаҳри Ваҳдат аст.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, ин мард ҳамроҳ бо як сокини Қубодиён ва ҳам шаҳрванди Арманистон бо номи Бабаян Колия, моҳҳои ноябр ва декабри соли гузашта ҳадди ақал 9 нафарро бо ваъдаи кор ба Арманистон бурдаанд.
Вале ба гуфтаи мақомот, ин муҳоҷиронро дар Арманистон "ба асорати қарзӣ гирифтор намуда, шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои онҳоро аз дасташон бо роҳи фиреб ва маҷбуран гирифта, гаштугузори онҳоро маҳдуд кардаанд".
Назари боздоштшудаҳо ва ҳам ҷузъиёти бештари қазия маълум нест. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, барои ин кор нисбати ду шаҳрванди Тоҷикистон ва Бабаян Колия, шаҳрванди Арманистон, бо иттиҳоми одамрабоӣ парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои ин иттиҳом аз 8 то 12 сол зиндонро пешбинӣ кардааст.
Ин бори аввал нест, ки муҳоҷирони тоҷик дар хориҷа ба ғуломӣ гирифтор мешаванд. Намунаи ахираш даҳ муҳоҷири тоҷик ҳастанд, ки моҳи декабри соли гузашта баъди се моҳ кор дар шароити сахт озод шуданд.
Ин муҳоҷиронро бо ваъдаи кор ба як фермаи говпарварӣ дар минтақаи дурдасти Магадани Русия бурда, ба гуфтаи худашон, ғуломвор кор мефармуданд. Баъди гузориши "Мигрант Медиа"-и Радиои Озодӣ, мақомот онҳоро наҷот доданд.
Ҳукумат барои "Роғун" боз 150 млн сомонӣ ҷудо кард
Ҳукумати Тоҷикистон барои идомаи сохтмони неругоҳи "Роғун" 150 миллион сомонӣ ё қариб 14 миллион доллар ҷудо кардааст.
Ин маблағ аз ҳисоби Бунёди суботи рушди иқтисодӣ ё Фонди стабилизатсионӣ, дода мешавад.
Қарори ҳукумат дар бораи ҷудо кардани маблағ барои "Роғун" 22-юми январ содир шуда, Радиои Озодӣ 4-уми феврал бо муҳтавои он шинос шуд.
Ҳукумат роҳбарони неругоҳи “Роғун”-ро вазифадор кардааст, ки дар бораи чигуна харҷ кардани 150 миллион сомонӣ, ба Вазорати молия гузориш диҳанд.
Ҳукумати Тоҷикистон то ин вақт аз буҷаи кишвар барои нерӯгоҳи “Роғун” миллионҳо доллар ҷудо кардааст. Аммо мақомот гуфтаанд, барои идомаи сохтмони он сармояи хориҷӣ ҷустуҷӯ доранд.
Неругоҳи “Роғун”, ки мақомот онро барои кишвар масъалаи “ҳаёту мамот” меноманд, солҳост, ки идома дорад. То ҳол ду чархаи неругоҳ фаъол шуда, ба гуфтаи мақомот чархаи сеюм имсол ба кор медарояд.
Киев нақшаи Амрикоро барои "тарсондан"-и Путин нокофӣ хонд
Киев нақшаи Вашингтонро барои сулҳ "ноком" номид ва гуфт, ки талоши Амрико барои оташбас ва интихобот дар Украина барои "тарсондан"-и президенти Русия Владимир Путин кофӣ нест.
Фиристодаи вижаи Доналд Трамп дар умури Украина ва Русия рӯзи 2-юми феврал ҳушдор дод, ки агар ҳарду тараф ба ҳалли ҷанг умед доранд, бояд гузашт кунанд.
Кит Келлог гуфт, "эҳтимол дар ояндаи наздик бо ҳама суҳбат хоҳем кард. Ва ин барои ҳарду ҷониб хуб аст."
Келлог дар мусоҳиба бо хабаргузории Reuters гуфт, Вашингтон мехоҳад, Украина интихоботро то охири соли ҷорӣ баргузор кунад, бахусус, агар созиши оташбас барои қатъи ҷанг ҳосил шавад.
Дмитро Литвин, ёвари Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, гуфт, “ба ҷуз чанд иқтибос дар бораи интихобот, мусоҳибаи пурраи ҷаноби Келлогро надидем. Аз ин рӯ, баҳо додан ба мавқеи ӯ душвор аст."
"Аммо агар нақшааш фақат оташбас ва интихобот бошад, як тарҳи ноком аст. Путин аз ин ду чиз наметарсад", -- гуфт ӯ рӯзи 2-юми феврал ба Reuters.
Теъдоди муҳоҷирони беҳуҷҷатро дар Русия эълон карданд
Мақомоти Русия теъдоди муҳоҷирони беҳуҷҷатро дар ин кишвар 670 ҳазор кас ҳисоб кардаанд.
Дар ин бора Александр Горовой, муовини вазири корҳои дохилии Русия, дар мусоҳиба бо нашрияи "Комсомолская правда" хабар дод.
Ба қавли мансабдори рус, беш аз нисфи ин афрод занону кӯдакон ҳастанд.
Ӯ ёдовар шудааст, ки муҳоҷирони бесанад то 30-юми апрели имсол имкон доранд, будубоши худро дар Русия расмӣ кунанд.
780 доллар барои ҳар метр. Афзоиши нархи хона дар Душанбе
Раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ аз афзоиши нархи хона дар Тоҷикистон, бавижа дар шаҳри Душанбе, хабар дод.
Низом Мирзозода гуфт, ҳоло арзиши ҳар метри мураббаъ манзил дар пойтахт ба ҳисоби миёна 780 доллари Амрико (8470 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.
Ба қавли ӯ, нархи хона гарон шудааст ва ин аз харҷи ширкатҳои бинокор ва талаботи бозор вобаста аст.
"Нарх дар минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фарқ мекунанд. Вобаста аз хараҷоте, ки соҳибкор мекунад. Имрӯз ба ҳисоби миёна 705 доллари Амрико дар сатҳи ҷумҳурӣ, 780 доллар дар Душанбе аст," – гуфт Низом Мирзозода рӯзи 3-юми феврал дар нишасти хабарӣ.
Раиси Кумитаи сохтмону меъморӣ соле пеш гуфта буд, ки як метри мураббаъ хона дар шаҳри Душанбе қариб 7400 сомонӣ (673 доллар) аст.
Баъзе аз сокинон шикоят мекунанд, ки нархи манзил дар Тоҷикистон, хусусан дар пойтахти кишвар, гарон буда, қобилияти хариди онро надоранд.
Бонкҳо барои гирифтани хона ба мардум қарзи дарозмуддат ё ипотека пешниҳод мекунанд, вале бо шарту баҳрае, ки соҳиби хона шудан барои иддае фақат орзу мемонад.
Ҳушдори Трамп дар бораи ҷорӣ кардани боҷ ба молҳои ИА ва Бритониё
Президенти Амрико гуфт, дар пайи ҷорӣ кардани таърифа (боҷ, молиёт) ба молҳои воридотӣ аз Канада, Мексика ва Чин эҳтимол сокинони Иёлоти Муттаҳида “дарде” кашанд, “вале он арзишашро дорад”.
Амрико барои маҳсулоти воридӣ аз Канада, Мексика ва Чин боҷ меситонад. Аз Мексикаву Канада 25 дарсад ва аз Чин 10 дарсад.
Доналд Трамп аз ҷанги васеи тиҷоратӣ бо кишварҳои ҳамкоре ба мисли Иттиҳоди Аврупо ва Бритониё низ ҳушдор дод.
Ӯ, аз ҷумла, дар як изҳороташ дар шабакаи иҷтимоӣ рӯзи 2-юми феврал навишт: “Кадом дарде эҳсос хоҳад шуд? Бале, шояд (ва шояд ҳам не!). “Вале ин арзишашро дорад.”
Трамп гуфт, 3-юми феврал бо раҳбарони Канада ва Мексика дар мавзӯи пардохтҳо суҳбат мекунад. Ин чиз, ба бовари мутахассисон, метавонад ба низоми иқтисоди ҷаҳонӣ таъсири ҷиддӣ гузорад.
Раисҷумҳури Амрико гуфт, таърифаҳо ба маҳсулоти Иттиҳоди Аврупо “ҳатман” ва “базудӣ” ҷорӣ мешаванд. Ӯ инчунин ишора кард, ки ин чиз ба Бритониё ҳам таъсир хоҳад кард.
Иттиҳоди Аврупо рӯзи 2-юми феврал гуфт, дар сурати ҷорӣ кардани таърифаҳо ҳатман посух хоҳад дод, ҳарчанд изҳори боварӣ кардааст, ки аз сар задани ҷанги тиҷоратӣ пешгирӣ хоҳад шуд.
Маҷлиси Миллӣ ба барканории Юсуф Раҳмон ва Шоҳиён "ҳа" гуфт
Маҷлиси Миллии Тоҷикистон рӯзи 3-юми феврал, бо гузашти қариб ду ҳафта, пешниҳоди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди барканории Юсуф Раҳмон аз мансаби додситони кул (прокурори генералӣ) пазируфт.
Ӯ 59-сола аст ва даҳ сол дар ин мақом кор кард.
Дар фармони президент аз 23-юми январ гуфта шудааст, ки Юсуф Раҳмон "ба вазифаи дигар гузашт", вале ҷойи нави кораш ҳанӯз маълум нест.
Аъзои Маҷлиси Миллӣ рӯзи душанбе розӣ шуданд, ки Ҳабибулло Воҳидзодаи 60-сола додситони кулли Тоҷикистон шавад. Номзадии ӯро раисҷумҳур пешниҳод карда буд.
Воҳидзода аз моҳи январи 2024 то моҳи январи 2025 дар мақоми муовини додситони кул ва ҳамзмон додситони ҳарбӣ кор кардааст. Аз он пеш раиси Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир буд.
Бо қарори Маҷлиси Миллӣ, Шермуҳаммади Шоҳиён низ расман аз мансаби раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон барканор ва ба ҷойи ӯ Рустам Мирзозода таъйин шуд.
Шоҳиён 63-сола аст ва аз соли 2015 раёсати Додгоҳи олиро бар дӯш дошт. Ҳоло тибқи рӯйхати ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ номзад ба вакили порлумон шудааст. Интихобот моҳи март баргузор мешавад.
Рустам Мирзозода 50-сола аст ва аз соли 2022 то ин дам раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ буд. Дар гузашта дар мансаби раиси Додгоҳи вилояти Хатлон кор кардааст.
Маҷлиси Миллии Тоҷикистон 33 узв дорад. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари президент Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси Миллист.
Маҷлиси миллӣ барканории Шоҳиён ва Юсуф Раҳмонро баррасӣ мекунад
Қарор аст Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон имрӯз, 3-юми феврал, барканории Додситони кул ва раиси Додгоҳи олиро баррасӣ кунад.
Як манбаи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, аъзои Маҷлиси миллӣ ба барканории Юсуф Раҳмон аз мақоми додситонии кулл ва Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ, овоз медиҳанд.
Додситони кулл ва раиси Додгоҳи олӣ нимаи дуюми моҳи январ барканор шуданд.
Ба ҷойи Юсуф Раҳмон, Ҳабибулло Воҳидзодаи 60-сола таъйин шудааст, ки то ин дам дар мақоми Додситони ҳарбӣ кор мекард. Мақоми нави Юсуф Раҳмон, ки даҳ соли ахир Додситони кул буд, феълан маълум нест.
Раисҷумҳури Тоҷикистон моҳи гузашта Шермуҳаммади Шоҳиёнро аз мансаби раиси Додгоҳи олӣ барканор ва ба ҷойи ӯ номзадии Рустам Мирзозодаро пешниҳод кард. Рустам Мирзозода 50-сола аст ва аз соли 2022 то ин дам раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ буд. Дар гузашта дар мансаби раиси Додгоҳи вилояти Хатлон кор кардааст.
Интизор меравад, дар ҷаласаи Маҷлиси миллӣ Додситони кул дар бораи раванди иҷрои қонунҳо дар кишвар гузориш диҳад.
Маҷлиси миллии Тоҷикистон 33 аъзо дорад. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари президент, раиси Маҷлиси миллӣ ва шахси дуввуми кишвар аст.
Раводид миёни Тоҷикистон ва Эрон бекор карда шуд
Сар аз имрӯз, 3-юми феврал раводид ё виза миёни Тоҷикистону Эрон бардошта шуд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо пахши изҳороте гуфт, дар посух ба тасмими Теҳрон, Душанбе низ раводидро барои шаҳрвандони Эрон бекор мекунад.
Охири моҳи январ Шӯрои вазирони Эрон сафари бидуни раводид бо Тоҷикистонро тасвиб карда буд. Бар асоси ин қарор, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон метавонанд барои то 30 рӯз ва бидуни раводид ба кишварҳои ҳамдигар сафар кунанд.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, сафари бидуни раводид бо Эрон танҳо аз тариқи роҳи ҳавоӣ миёни ду кишвар имконпазир аст.
"Барои шаҳрвандоне, ки тавассути кишварҳои сеюм ва ё нуқтаҳои убури сарҳади давлатии заминӣ ба Тоҷикистон ё Эрон сафар менамоянд, раводиди дахлдор лозим аст",-навиштааст Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Пештар шаҳрвандони Тоҷикистону Эрон метавонистанд танҳо аз тариқи хатсайри Душанбе-Теҳрон бидуни раводид ё виза сафар кунанд. Барои сафар бо дигар парвозҳо, раводид талаб мешуд.
Миёни Тоҷикистон ва Эрон феълан ҳафтае се парвоз ҳаст.
Раҳбари муваққати Сурия ба Арабистони Саудӣ рафтааст
Аҳмад Шаръ (Абумуҳаммад Ҷулонӣ), раҳбари муваққати Сурия, рӯзи 2-юми феврал дар сафари нахустини хориҷияш ба Арабистони Саудӣ рафт.
Ба иттилои хабаргузориҳо, ин иқдом як нишонаи дигари дур шудани Сурия аз ҳампаймони собиқаш, Эрон, арзёбӣ мешавад.
Арабистони Саудӣ қаблан ба гурӯҳҳои шӯришии зидди Башор Асад, раҳбари пешини Сурия, кумаки молӣ медод.
Шаръ 42-сола аст ва баъд аз фармондеҳии як ҳамлаи ғофилгирона дар моҳи декабри соли 2024, ки сабаби вожгунии ҳукумати Башор Асад дар Сурия шуд, зимоми давлатдориро ба даст гирифт.
Ӯ барои беҳбуди равобит бо ҷаҳон талош мекунад ва дар ин замина мавқеи мустақил аз Эрон ва Русияро касб кардааст.
Эълони чораҳои ҷавобии Канада ва Мексика ба тасмими Амрико
Мақомоти Канада ва Мексика эълон карданд, ки дар посух ба тасмими Амрико чораи ҷавобӣ меандешанд.
Амрико аз 1-уми феврал барои маҳсулоти воридии Канада, Мексика ва Чин боҷ меситонад. Аз Мексикаву Канада 25 дарсад ва аз Чин 10 дарсад.
Ҷастин Трюдо, сарвазири феълии Канада, гуфт, кишвараш ба молу колои амрикоӣ, аз ҷумла хӯрокворӣ, нӯшокиҳои спиртӣ, либосу пойафзол ва ҷиҳози хона 25 дарсад боҷ ҷорӣ хоҳад кард.
Ӯ ҳамзамон аз шаҳрвандони кишвараш хост, бештар маҳсулоти “худӣ”-ро бихаранд ва таътилу рухсатиро на дар Иёлоти Муттаҳида, балки дар Канада гузаронанд.
Клаудия Шейнбаум, президенти Мексика, ҳам изҳор дошт, ки ба тасмими Амрико тадбири ҷавобӣ меандешад. Ӯ дар шабакаи “Х” навишт, ба вазири иқтисод дастур хоҳад дод, то “нақшаи Б”-ро амалӣ кунад, аммо ҷузъиёташро ошкор накард.
Чин қасд дорад, ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат шикоят кунад.
Ситонидани боҷ яке аз ваъдаҳои асосии Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, дар маъракаи интихоботиаш буд.
Иқтисоди Амрико ба воридот аз се кишвар бисёр пойбанд аст ва аз 20 то 25 дарсади корхонаҳои саноатии Амрико аз нафти воридотӣ аз Канада истифода мебаранд. Тақрибан 64 дарсади меваву сабзавоти мағозаҳои Амрико аз Мексика ворид мешаванд.
Пешниҳоди таълими динии онлайн барои занон дар Тоҷикистон
Қарор аст, барои таҳсили динии занону духтарон дар Тоҷикистон омӯзишҳои онлайниро ба роҳ монанд.
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, рӯзи 31-уми январ гуфт, ин мавзуъ дар ҳоли баррасист.
"Имрӯз омӯзишҳои онлайнии исломӣ дар фазои маҷозӣ бисёр шудааст. Аз сӯйи гурӯҳҳои гуногун. Ба ҳукумат пешниҳод мекунем, ки ин омӯзишҳоро бо назардошти муҳити худамон ба роҳ монем," -- афзуд ӯ.
Ҳоло бонувон дар Тоҷикистон метавонанд, танҳо дар Донишкадаи исломӣ таҳсили олии динӣ бигиранд. Барои гирифтани маълумоти ибтидоӣ ва миёнаи динӣ ҳеч мактабу мадрасае вуҷуд надорад.
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон 15 донишҷӯйи зан мехонанд. Ҳамаашон дар бахши ғоибона ва маълумоти дуюм.
Бар асоси Кодекси ҷиноӣ, барои таълими динии ғайрирасмӣ ё беиҷоза, аз ҷумла дар Интернет, то се сол зиндон дар назар аст.
Дар чанд соли охир дар Тоҷикистон даҳҳо рӯҳониро барои таълими динии, ба гуфтаи мақомот, ғайриқонунӣ дастгиру муҷозот кардаанд. Созмонҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ борҳо Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодиҳои динӣ танқид мекунанд.
Русия ду хабарнигори Радиои Озодиро "агенти хориҷӣ" эълон кард
Вазорати адлияи Русия Дмитрий Сухарев, хабарнигори "Система", тарҳи таҳқиқотии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро ба феҳрасти "агентҳои хориҷӣ" дар ин кишвар дохил кард.
Тасмим дар ин бора рӯзи 31-уми январ эълон шуд.
Корманди ғайриштатии бахши русии Радиои Озодӣ Андрей Новашов, хабарнигорони бахши русии Би-би-сӣ Иля Абишев ва Елизавета Фохт-Бабушкина, рӯзноманигору таърихдон Владимир Раевский ва блогер Антон Суворкин низ ба ин рӯйхат шомил карда шудаанд.
Вазорати адлия ҳамаи онҳоро ба паҳн кардани маълумоти дурӯғ, бадном кардани артиш ва матолиби зидди амалиёти махсуси низомӣ (Русияро ҷангашро дар Украина чунин меномад) гунаҳкор донист.
Стивен Капус, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, дар баёнияе гуфт, "агенти хориҷӣ донистани хабарнигорони Радиои Озодӣ намунаи дигаре аз ҳамлаи бераҳмонаи Русия ба расонаҳои мустақил аст".
"Бо вуҷуди кӯшишҳои Кремл барои ҷиноӣ кардани озодии баён дар дохилу хориҷи Русия, рӯзноманигорони шуҷои мо ба таҳдиду тарс додан таслим нахоҳанд шуд," – афзуд ӯ.
"4 кас ҷон бохт, даҳҳо тан осеб дид." Зарба ба як интернат дар Суджа
Низомиёни Украина гуфтанд, ки артиши Русия шаби шанбе ҳадафмандона ба як интернат ё парваришгоҳ дар шаҳри Суджа дар вилояти Курск зарба задааст.
Ин минтақаи Русия аз моҳи августи соли 2024 зери назорати нерӯҳои украинист.
Вазорати мудофиаи Русия, баръакс, дар ҳамла низомиёни Украинаро гунаҳкор кард.
Ҳангоми ҳамла дар дохили интернат беш аз 90 кас, асосан одамони солхӯрда ва камтавонҳо ё маъюбон қарор дошта, бисёриҳо зери вайрона мондаанд.
Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина гуфт, чор кас ҷон бохта, тақрибан навад нафар осеб диданд. Вазъияти чор нафари онҳо вазнин гуфта мешавад.
Ин ниҳоди ҳарбии Украина зарба ба интернатро дар шаҳри Суджа "ҷинояти навбатии мақомоти Русия алайҳи шаҳрвандони осоишта" хонд.
Ҳамлаи Амрико ба пинҳонгоҳи аъзои ДОИШ дар Сомалӣ
Раисҷумҳури Амрико гуфт, нерӯҳои кишвараш ба пинҳонгоҳи аъзои ДОИШ ё гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” дар Сомалӣ зарба задаанд.
Ба иттилои Доналд Трамп, ҳамлаи ҳавоӣ рӯзи 1-уми феврал анҷом шуд.
“Ин қотилон дар ғорҳо пинҳон шуда буданд. Мо онҳоро ёфтем. Онҳо ба Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳои мо таҳдид карданд,” -- гуфт Трамп дар баёнияаш.
Вай афзуд, дар ин ҳамла ғорҳое, ки ҷангҷӯён дар он мезистанд, вайрон шуда, бидуни осеб ба мардуми осоишта “бисёре аз террористҳо” кушта шудаанд.
Шохаи ДОИШ дар Сомалӣ алайҳи нерӯҳои амниятии ин кишвар меҷангад.
Зеленский бори дигар хоҳони ҳузури Киев дар музокирот бо Маскав шуд
Раисҷумҳури Украина гуфт, ки музокироти байни Амрико ва Русия дар бораи хатми ҷанг дар ин кишвар бе ҳузури Киев "барои ҳама хатарбор аст".
Владимир Зеленский дар ин бора дар мусоҳиба бо хабаргузории Associated Press изҳорот дод.
Пештар Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳида гуфт, ки маъмурияти ӯ мавзуъро аллакай бо Маскав баррасӣ дорад, вале нагуфт, ки ширкатдоронаш киҳоянд.
"Онҳо метавонанд, муносибати хусусӣ дошта бошанд, аммо суҳбат дар бораи Украина бе иштироки мо барои ҳама хатарнок аст," – гуфт Зеленский.
Илова ба ин, ба қавли ӯ, дар музокирот бо Русия бояд намояндагони Иттиҳоди Аврупо низ ширкат кунанд.
Дар ҳамин ҳол, сафари фиристодаи вижаи Трамп дар умури Украина Кит Келлог ба Киев бо сабабҳои ҳуқуқӣ ба таъхир уфтодааст. Ин сафар бояд дар моҳи январ анҷом мешуд.
Пирӯзии чаҳоруми Муҳаммад Наимов дар UFC
Муҳаммад Наимов, размикори тоҷик дар муҳорибаҳои омехта (ММА), дар мусобиқоти UFC Fight Night 250 дар вазни то 65,8 кило намояндаи Австралия Каан Офлиро шикаст дод.
Бозӣ шаби якуми феврал дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ гузашт. Размикори тоҷик дар ҳарсе раунд бартарӣ дошт ва бо қарори якдилонаи доварон пирӯз шуд (30-27, 30-27, 30-27).
Наимови 30-сола аз соли 2018 дар муҳорибаҳои омехта 12 ғалаба ва 3 бохт дорад, аз он ҷумла дар UFC аз панҷ рақобат дар чаҳортоаш ғолиб омада, яктоашро бохтааст. Ӯ пеш аз рақобати панҷум дар UFC 22-юми июни соли 2024 аз Фелипе Лимаи бразилӣ мағлуб шуда буд.
Каан Офлии 31-сола дар муҳорибаҳои ММА аз соли 2014 ҳамагӣ 16 қувваозмоӣ карда, дар 11-тоаш ғолиб омадаву дар чаҳортоаш шикаст хӯрдааст. Як рақобатро мусовӣ анҷом додааст. Дар UFC Офли дуюмин рақобаташро баргузор кард. Вай моҳи августи соли гузашта дар UFC ESPN 62 аз Майрон Сантоси бразилӣ дар раунди дуюм бо нокаут шикаст хӯрда буд.
Дар умум чаҳор размикор аз Тоҷикистон ба UFC дохиланд.
Нурулло Алиеви 25-сола, размикори тоҷик дар муҳорибаҳои омехта (ММА), дар мусобиқоти UFC Fight Night 249, ки шаби 12-уми январи имсол дар шаҳри Лас-Вегаси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор шуд, дар вазни сабук Ҷо Солекии амрикоиро мағлуб кард. Аз рӯи натиҷаҳои се раунд бо қарори якдилонаи доварон размикори тоҷик пирӯз дониста шуд (30-27, 30-27, 29-28).
Нурулло Алиев аввалин варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки ба созмони UFC (Ultimate Fighting Championship - Қаҳрамонии мутлақи якҳарба) дохил шуд ва то ҳоло шикастнопазир мебошад. Ӯ дар ҳамаи даҳ қувваозмоӣ, аз он ҷумла дутоаш дар UFC, дастболо шудааст.
Муин Ғафуров, размикори 28-солаи тоҷик дар муҳорибаҳои омехта (ММА), дар мусобиқоти UFC 311 шаби 19-уми январ дар шаҳраки Инглвуд, ки дар наздикии Лос-Анҷелеси Иёлати Калифорнияи Амрико мебошад, дар вазни сабуктарин Риня Накамураи ҷопониро шикаст дод.
Рақобат ҳамаи се раунд идома кард ва размикори тоҷик бо қарори якдилонаи доварон пирӯз шуд (30-27, 30-27, 30-27). Ҳамин тариқ, Муин Ғафуров дар ММА ҳамагӣ 26 қувваозмоӣ анҷом дода, дар 20-тоаш пирӯз шуда, дар шаштоаш шикаст хӯрдааст, аз он ҷумла дар UFC аз чаҳор рақобат дар дутоаш ғолиб омада, дутоашро бохтааст.
Аммо Лоиқ Раҷабов, варзишгари тоҷик, дар муҳорибаи UFC Vegas 94 шаби 20-уми июли соли гузашта дар шаҳри Лас-Вегаси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар вазни сабук (70 кг) аз Трей Огдени амрикоӣ шикаст хӯрд. Мубориза ҳар се раунд давом кард ва бо қарори якдилонаи доварон бо пирӯзии размикори амрикоӣ анҷом ёфт.
Размикори 33-солаи тоҷик дар чаҳор муҳорибааш дар UFC бори дувум ноком шуд. Моҳи июни соли 2023 ӯ дар мусобиқаи UFC on ABC 5 дар Ҷексонвилл (ИМА) аз размикори Лаҳистон (Полша) Матеуш Ребетски дар раунди дувум бо нокаути фаннӣ ё техникӣ шикаст хӯрда буд.
Лоиқ Раҷабов дар муҳорибаҳои омехта (ММА) аз соли 2012 ширкат мекунад, аз 25 рақобат дар 18-тоаш пирӯз шуда, шаштоашро бохтааст ва яктоашро мусовӣ кардааст. Аз ҷумла, дар UFC вай дар ду рақобати худ дастболо шуда, дар дутоаш шикаст хӯрдааст.
Амрико аз моҳи феврал аз маҳсулоти воридотии се кишвар боҷ меситонад
Каролин Ливит, сухангӯи ҳукумати Амрико гуфт, сар аз моҳи феврал ин кишвар барои маҳсулоти воридии Канада, Мексика ва Чин боҷ меситонад. Ба қавли ӯ, ҳаҷми боҷ аз Мексикаву Канада 25 дар сад ва аз Чин 10 дар сад хоҳад буд.
Ситонидани боҷ аз шарикони асосии тиҷоратии Амрико, яке аз ваъдаҳои асосии Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар замони маъракаи интихоботиаш буд. Иқтисоди Амрико ба воридот аз се кишвар бисёр пойбанд аст ва аз 20 то 25 дар сади корхонаҳои саноатии Амрико аз нафти воридотӣ аз Канада истифода мебаранд.
Тақрибан 64 дар сади меваву сабзавоти мағозаҳои Амрико аз Мексика ворид мешаванд. Иқтисоддонҳо мегӯянд, мумкин аст, ситонидани боҷ сабаби болоравии қиматҳо дар худи Амрико шавад, вале Кохи Сафед нагуфт, ки барои роҳ надодан ба ин чӣ кор мекунад.
Ҷастин Трюдо, нахуствазири Канада гуфтааст, ки дар сурати боҷситонии Амрико, кишвараш тадбирҳои ҷавобӣ меандешад ва афзуд, ки ин “боҷситонӣ на ба Амрико зарур аст ва на ба Канада.”
Нерӯи барқи Тоҷикистон то ду соли дигар ба Покистон мерасад
Тарҳи минтақавии CASA-1000, ки қарор аст, нерӯи барқи Осиёи Марказиро то ба Покистон бирасонад, то ду соли дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.
Далер Ҷумъа, вазири энержӣ ва захираҳои об рӯзи 30-уми январ дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки шабакаи баландшиддати нерӯи барқ соли 2027, баъди анҷоми корҳо дар қаламрави Афғонистон барои интиқоли нерӯи барқ омода мешавад.
Ҳадафи CASA-1000 интиқоли нерӯи барқи изофии Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон аст ва аз тарафи созмонҳои байналмилалии молӣ ба мисли Бонки Ҷаҳонӣ сармоягузорӣ мешавад. Ноамнӣ дар Афғонистон сабаби ба дарозо кашидани иҷрои тарҳ шуд.
Далер Ҷумъа гуфт, ки корҳои васли шабакаҳои нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистон идома доранд ва дар Покистон ҳам то нимаи соли 2025 корҳои заруриро ба поён мерасонад. Арзиши тарҳ бештар аз 1 миллиарду 200 миллион долларро ташкил медиҳад.
Тоҷикистон умедвор аст, баъди мавриди баҳбардорӣ қарор гирифтани нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба фурӯшандаи бузурги нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ табдил меёбад. Айни замон кишвар қодир нест, мардумро дар зимистон бо нерӯи барқи кофӣ таъмин кунад ва сокинон бахусус дар деҳот дар як шабонарӯз то 7 ё 8 соат нерӯи барқ мегиранд.
Дар ҳамлаи Русия ба шаҳри Полтаваи Украина 14 нафар ҷон бохтаанд
Дар натиҷаи ҳамлаи мушакии Русия ба як бинои истиқоматӣ дар шаҳри Полтаваи Украина 14 нафар, аз ҷумла ду кӯдак кушта шудаанд.
Мақомоти шаҳр мегӯянд, 17 каси дигар захм бардоштанд.
Дар натиҷаи зарбаи мушак ба як қисмати бино панҷ табақаи он фурӯ рехта, оташ гирифааст. Биноҳои наздик ва даҳҳо мошин дар маҳалли таркиш осеб диданд. Ҳамла рӯзи 1-уми феврал сурат гирифт.
Пештар аз ин мақомоти низомии вилояти Полтава гуфтанд, ки дар ҳамлаҳои нерӯҳои Русия ба ноҳияи Миргород зербунёдҳои зарурӣ осеб дидаанд ва даҳҳо хона дар ин ноҳия бе нерӯи барқ мондаанд.
“Укрэнерго”, ширкати муттасадии тақсими барқ дар Украина, гуфт, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои мушакӣ нерӯи барқ дар вилоятҳои Харков, Суми, Полтава, Донетск, Днепропетровск, Запорожйе ва Кировоград қатъ шуд.
Ба гуфтаи вазорати энержии Украина, аз моҳи октябри соли 2022 то кунун, Русия ба зербунёдҳои барқӣ, истгоҳу шабакаҳо ва хатҳои барқ 1000 маротиба зарба задааст. Танҳо дар соли 2024 тавоноии истеҳсоли нерӯи барқ дар Украина 9 гигават камтар шудааст.
Гуфтугӯ