Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвиз Мушарраф. Аз арш ба фарши як генерал


Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳури пешини Покистон
Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳури пешини Покистон

Исломобод. Поизи соли 1999. Пас аз намози шом бо гурӯҳе аз дӯстон дар саҳни хобгоҳ машғули суҳбат будем. Хабари дастхуши таҳаввулоте шудани Покистонро шунидем. Дақиқ намедонистем, чӣ иттифоқе рӯй дода. Донишҷӯён гуруҳ-гуруҳ ҷамъ шуда, дар бораи кудето (табаддулот) суҳбат мекарданд.

Дар соатҳои баъдӣ телевизионҳои маҳаллӣ ва ҷаҳонӣ навори лаҳзаҳои боло шудани низомиёни он кишварро аз деворҳои оҳанини "Айвони садр" намоиш доданд. Дигар ҳама чиз маълум шуд.

Артиш ҳукумати мунтахабро сарнагун ва қудратро ба даст гирифт. Сабаб ин буд, ки гуё ҳукумати нахустазир Навоз Шариф фармондеҳи артишро барканор ва монеи фуруд омадани ҳавопаймои ӯ дар роҳи бозгашт аз Шриланка шудааст. Номи фармондеҳи артиш сари забонҳо буд: Парвиз Мушарраф.

Фарзияи пешниҳодии Мушарраф ва ҷонибдоронаш дертар борҳо аз сӯи ёрони Навоз Шариф дурӯғ номида шуд. Мушарраф дар маъракаи Каргил (Kargil), ки тобистони ҳамон сол дар Кашмир рух дод, нақши намоёне дошт. Нерӯҳои Покистон зери фишорҳои ҷаҳонӣ ва бо дастури нахуствазир Навоз Шариф аз ин минтақаи стратегӣ ақибнишинӣ карданд. Ин амр артишро асабонӣ карда буд. Артише, ки аз ин қабл се дафъа дар ин кишвар ҳукмронӣ карда буд.

Ҳокими нави аскарии Покистон бо панҷаи оҳанин ба идораи ҳукумат оғоз кард. То соли 2001 ҳамзамон ҳам қудрати низомӣ ва ҳам иҷроияро ба даст дошт.

Дар ин миён Ҳизби ҳокими Робитаи мусалмононро, ки бунёдгузораш Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ, асосгузори Покистон буд, ба чанд шоха тақсим кард. Навоз Шарифро ба эъдом маҳкум ва сипас бо миёнҷигарии саудиҳо раҳо ва ба хориҷ табъид намуд. Бо мазҳабиҳо маъракаи оштинопазирро ба роҳ монд. Қабули донишҷӯёни хориҷиро ба ҳадафи таълими исломӣ дар он кишвар маҳдуд кард ва сиёсати Enlightened Moderation-ро пеш гирифт ва низомиёни мустаъфиро ба вазорату сафоратҳо гумошт. То онки соли 2002 бо раъйи вакилони порлумон ва маҷлисҳои чаҳор вилояти он кишвар ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ расид ва мансаби фармондеҳии артишро ба як генерали дигар вогузор кард.

МУШАРРАФ, МАСЪУД ВА ҲАМЛАИ 11 СЕНТЯБР

Тирамоҳи соли 2001. Тақрибан вақти шом буд ё хуфтан, ки дар саҳни хобгоҳи донишгоҳ хабари ҳамлаҳо ба Амрико даҳон ба даҳон шуд. Фарзияҳо гуногун буд. Бачаҳои тоҷик он рӯз бештар машғули пайгирии хабарҳои ҳамла ба Аҳмадшоҳ Масъуд буданд.

Бархе мегуфтанд, ӯ кушта шудааст ва фарзияи дигар ин буд, ки захмӣ аст. Марги ин фармондеҳ ҳеч гоҳ таҳқиқ нашуд ва низ маълум нашуд, ки фармоишгарони ҳақиқии ҳамла киҳо буданд. Аз миёни сегонае, ки ангушти иттиҳом ба сӯи онҳо дароз мешуд, яке шохаи ҷосусии артиши Покистон буд.

Парвиз Мушарраф ва низомиёни покистонӣ ҳеч гоҳ душмании худро бо Аҳмадшоҳ Масъуд ва панҷшериҳо (манзур тоҷикҳои Афғонистон) пинҳон намедоштанд. Дар солҳои баъди марги Масъуд ва пас аз суқути Толибон ҳам, ки тоҷикҳо нақши боризе дар ҳукумат доштанд, Мушарраф ва покистониҳо ғарбиҳоро ба камранг кардани нақши тоҷикҳо дар ҳукумат ташвиқ мекарданд. Мушарраф ошкоро мегуфт, ки “панҷшериҳо” қудратро дар Афғонистон дар даст гирифтаанд. Ғарбиҳо аз замони ҳамлаи Шӯравӣ ба масоили Афғонистон бештар аз айнаки покистониҳо нигоҳ мекарданд...

Ҳодисаи 11-уми сентябр Покистонро миёни обу оташ қарор дод. Бо як занги нимашабии Колин Пауэлл, вазири корҳои хориҷии вақти Амрико, ба Мушарраф, ки “Шумо ё бо мо ҳастед ё алайҳи мо”, Покистон ба Толибони ҳокими вақти Афғонистон ва гурӯҳҳои ҳампаймонаш чун "Ал-Қоида" пушт гардонд. Садҳо узви Толибон, ба шумули сафири онҳо дар Исломобод ва ҷангҷӯёни "Ал-Қоида"-ро ба нерӯҳои байнулмилалӣ таслим кард. Шиори он рӯзҳои Мушарраф “Пеш аз ҳама Покистон” шуд.

Додани пойгоҳҳои низомӣ ба амрикоиён барои ҳамла ба Афғонистон ва сарнагунии ҳукумати Толибон, Мушаррафро амалан дар мавқеи душвор дар ҷомеаи ба шиддат мазҳабӣ ва печидаи сиёсии Покистон қарор дод. Покистон он тавре Мушарраф ҳамеша мегуфт, ба “хати пеши ҷанг бо терроризм” қарор гирифт. Исломобод баҳои онро низ пардохт. Ҳазорон низомӣ ва ғайринизомӣ дар Покистон қурбонии хушунатҳо шуданд. Чанд бор ба ҷони худи ӯ низ суиқасд сурат гирифт.

Аммо Мушарраф аз ин ҷанг барои кишвараш манофеи ҳангуфти молӣ овард. Миллиардҳо доллари Амрико ва кишварҳои ҳампаймонаш ба ин кишвар сарозер шуд. Иқтисоди кишвараш ба таври муваққатӣ ба шукуфоӣ расид. Даҳҳо донишгоҳу донишкадаҳои муосир сохт. Талош кард, ба низоми мадориси динӣ, ки ба бовари ӯ бистари андешаҳои ифротӣ мебошанд, ислоҳот оварад. Ин орзуҳои ӯ ҳаргиз қабои амал напӯшид. Мушарраф дар китоби ёддоштҳояш ба номи “In the Line of Fire”, аз ин ҳама амалкардҳояш дифоъ кард.

ҚАТЛИ "ДУХТАРИ ШАРҚ"

Хазони соли 2007. Покистон дар остонаи интихоботи порлумонӣ қарор дошт. Шомгоҳ дар яке аз бозорҳо дар маркази Исломобод мардум ҳайратзада аз тариқи телевизионҳо хабари муҳимеро пайгирӣ доранд. Сухан аз захмӣ ё кушта шудани "духтари Шарқ", Беназир Бҳутто, дар як гирдиҳамоии пешазинтихоботӣ мерафт.

Ҳукумат Толибони покистониро масъули ҳамла эълон кард. Ангушти иттиҳом ба сӯи Мушарраф ва артиш дароз буд. Артиш падари Беназир Бҳутторо ҳам эъдом карда буд.

Қатли Беназир Бҳутто дар ҷомеаи Покистон эҳсоси ҳамраъйӣ нисбат ба ҳизби ӯро ба миён овард. Ҳизби мардумии Покистон ё PPP дар интихоботи моҳи феврали соли 2008 аксари ройро аз худ кард. Ҳизбҳои тарафдори Мушарраф шикаст хӯрданд ва дар тобистони ҳамон сол ӯ ба таври таҳқиромез аз қудрат канор рафт ва Осиф Алӣ Зардорӣ, шавҳари Беназир Бҳутто, ба президентӣ расид.

ФАРҶОМИ НОКОМИ ДИКТАТОР

Мушарраф чанд сол баъд аз тарки қудрат барои муолиҷа ба хориҷ рафт. Ӯ замоне ки дар хориҷ ба сар мебурд, дар парвандаи террори Беназир Бҳутто ва қатли як рӯҳонии “Масҷиди Сурх”-и Исломобод муттаҳам шуд. Ба хотири бекор кардани Қонуни асосӣ соли 2019 ба хиёнати бузург муттаҳам ва ба эъдом маҳкум шуд. Ҳукми эъдоми ӯро баъдан бекор карданд.

Тарафдоронаш аз ӯ ба унвони шахсе бо андешаҳои пешрафта ва муътадил ёд мекунанд, ки мехост кишварашро ба рифоҳ ва шукуфоӣ бирасонад. Ба мусиқӣ майл дошт, рақс мекард ва ошиқи ғазалҳои Амир Хусрав буд. Мухолифонаш ӯро ба пайравӣ аз сиёсатҳои пур аз ифрот ва шикастани шукӯҳи Покистон муттаҳам мекунанд.

Мушарраф дар табъид ҳизбашро таъсис дод ва майли бозгашт ба сиёсатро дошт. Беморӣ ҳеч гоҳ ӯро нагузошт ба кишваре, ки солҳо зимоми қудрат ба дасташ буд, баргардад. Ӯ ҳоло болои аспи чӯбин бо парандаи оҳанин аз Дубай, ки онҷо охирин нафасҳояшро кашид, ба ватанаш бармегардад. Ба ин тартиб, рӯзгори фарде, ки замоне фикр мекард, аз қавитарин мардони дунёст, ба сар омад.

Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG