Пайвандҳои дастрасӣ

Тақрибан ним сол гузашт. ВКД ҳамлаваронро накофт ё наёфт? ВИДЕО


Аз ҳамла ба хабарнигорони Радиои Озодӣ ва телевизиони “Настояшее Время” дар Душанбе ва рабудани дурбину телефонҳои онҳо тақрибан ним сол гузашт, аммо касе дастгир нашуд. Тақдири дастгоҳҳо низ номаълум аст. Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки “кофтукоб идома дорад”. Баъзе аз ҳуқуқдонҳо ва намояндагони созмонҳои рӯзноманигорӣ ба қавли мақомот бовар надоранд.

Вазир гуфт, “дастгир мекунед”, вале...

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Абдумалик Қодиров, раиси созмони “Медиа-Алянс”, гуфт, маъмурони милиса метавонанд, ба осонӣ ҳамлаваронро пайдо ва муҷозот кунанд, вале зоҳиран майл надоранд.

Ӯ рӯзи якуми ноябр гуфт: “Ҳар касеро, ки дигарон ва бахусус занону духтаронро таҳқир мекунад, зуд меёбанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузоранд. Ин баёнгари он аст, ки дар ҳолатҳои зарурӣ метавонанд, гумонбаронро бисёр зуд ёбанд. Дар ҳолате ки хоҳиши ёфтани ҷинояткор нест, баҳона зиёд мешавад.”

Рамазон Раҳимзода
Рамазон Раҳимзода

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ дар тобистони имсол гуфт, таҳқиқи ҳамла ба хабарнигорони Радиои Озодӣ ва телевизиони “Настояшее Время” дар Душанбе зери назорати ӯст. Он замон хитоб ба зердастонаш гуфта буд, “тафтиш мекунед, ҷустуҷӯ мекунед, дастгир мекунед.”

Аз ин гуфтаҳо се моҳ гузашт. Хабарнигорони ҷабрдида аз тарзи кори мақомоти тафтишотӣ розӣ нестанд ва таҳқиқи ҷиддиву шаффоф мезхоҳанд.

Муллораҷаб Юсуфӣ, яке аз хабарнигорони латукӯбшудаи Радиои Озодӣ, гуфт: “Дар ду моҳи аввал моро чанд бор даъват карданду пурсиданд. Бори охир дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино-2 будем. Гуфтанд, муҳлати тафтиш ду моҳ аст ва парвандаро ба бойгонӣ мефиристанд. Дигар ба мо чизе нагуфтанд.”

Навор дар инҷост:

Чаро барои озори хабарнигорони тоҷик касе ҷазо намегирад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:20 0:00

Шарҳи муфаттиш, ташвиши ҳуқуқдон

Муфаттиши парванда дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Синои Душанбе аз шарҳи мавзуъ худдорӣ кард. Ӯ гуфт, дар ин бора танҳо бо вакили мудофеи журналистон суҳбат мекунад.

Рӯшан нест, парванда чӣ розу асроре дорад, ки муфаттиш дар борааш суҳбат кардан нахост. Танҳо дар посух ба пурсишҳои батакрори мо ҳаминро гуфт, ки “ба сабаби анҷоми муҳлат тафтиши парванда боздошта шуд, вале ҷустуҷӯ идома дорад”.

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Шокирҷон Ҳакимов, сиёсатмадор ва доктори илми ҳуқуқ, бовар дорад, ифшои ҳувияти ҳамлагарон дар Душанбе мушкил нест. Дар ҳоле ки дар пойтахт чанд сол боз барномаи “Шаҳри бехатар” ё назорат тавассути дурбинҳои назоратӣ амал мекунад.

“Ҳамчун ҳуқуқшинос ва коршиноси соҳа макони анҷоми ин амали зиштро таҳлил кардам. Онҷо будам. Ошкору муайян намудани ҳувияти онҳо ҳеч мушкил надошт. Боиси таассуф аст, ки тақрибан ним сол гузашт, ошкор накардаанд,” – афзуд ӯ.

Ҳамла ба хабарнигорону наворбардорони Радиои Озодӣ ва телевизиони "Настояшее Время" рӯзи 17-уми майи имсол ва пас аз он рӯй дод, ки онҳо ба гирифтани шарҳи Улфатхоним Мамадшоева, яке аз фаъолони ҷомеаи мадании Бадахшон, ба хонааш дар пойтахт рафта буданд. Мамадшоева ба ташкили эътирозҳо дар ВМКБ гумонбар аст ва ҳоло мурофиааш ҷараён дорад.

Баъзе аз коршиносону созмонҳои рӯзноманигорӣ аз он нигаронанд, ки тайи моҳҳои охир фишор ба хабарнигорон зиёд шудааст ва “ин раванд идома дорад”.

Дар ним соли охир дар Тоҷикистон ҳафт рӯзноманигору блогер дастгир ва то ин дам се нафари онҳо аз 7 то 10 сол зиндонӣ шуданд. Мурофиаҳо паси дарҳои баста ва дур аз чашми ҷомеа мегузарад.

Созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), Гузоришгарони Бидуни Марз (Reporters Without Borders), Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон (Committee to Protect Journalists) борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, фишору таҳдид ва боздошти журналистонро хотима диҳад. Ниҳодҳои давлатӣ ба ин паёмҳо расман посух надодаанд, ба ҷуз аз мурофиаҳои пӯшида ва ҳукмҳои тӯлонӣ.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG