«Дар хона ҳар рӯз ҷанҷол буд. Ҳеваронам (бародарони шавҳар) бо ҳар баҳона ҷанг мекарданд. Намемонданд, ки барои фарзандам шаҳодатномаи таваллуд гирам, ба шавҳарам “сар те, сар те”, “аз хона баромада равад” гуфта, ҷанг мекарданд. Шавҳарам ҳам дар байн монда буд. Ҷангу ҷанҷол зиёд буд."
Баромадем, як муддат дар хонаи иҷора зиндагӣ кардем, як писарам бандагӣ кард, боз баргашта рафтем. Шавҳарам мезад, зани ҳеварам ҳам шавҳарашро зидди ман мешӯронд. Тамоман аз зиндагӣ дилам хунук шуд. Гуфтам, худамро аз болои кӯпрук дар Қӯрғонтеппа ба дарё мепартоям, вале инҳо намонданд. Аз зиндагӣ безор шуда будам”.
Ин нақли зани 33-сола сокини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, ки бо Радиои Озодӣ суҳбат кард, вале нахост, номаш бурда шавад. Барои халос шудан аз ин моҷароҳо ва сабуктар шудани зиндагӣ ва баргаштан аз фикри худкушӣ ба ӯ кормандони созмони ғайриҳукуматии “Ғамхорӣ” дар шаҳри Бохтар ёрӣ карданд. Ӯ мегӯяд: “Вақте пеши инҳо омадам, тамоман ҳолам бад буд. Тамоми рӯю баданам кабуд, як поям чӯлоқ шуда буд”.
Мутахассисони созмон бо зани ситамкашидаву шавҳараш сӯҳбат карданд ва барои писари дуюнимсолааш шаҳодатномаи таваллуд гирифтанд. Ҳоло шавҳар ва худаш аз роҳи тиҷорат пул меёбанд. Писари хурдсол ҳамроҳи модараш дар маҳалли кор меистад.
Ин оила дубора дар ҳавлии падари шавҳар зиндагӣ мекунанд ва ба қавли ин зан, дигар кӯшиш мекунад “ба гапу ҷанҷоли онҳо диққат” надиҳад. Ҳоло, ба гуфтааш, зиндагиаш беҳтар аст ва шавҳараш ҳам ҳаддалимкон даромадашро бо ӯву писараш мебинад.
"Ингуна мисолҳо кам нестанд"
Ҳуқуқшинос Мадина Низомова тақрибан 20 сол аст, ки дар созмони “Ғамхорӣ” кор мекунад ва ду соли охир раҳбари он аст. Созмон маркази бӯҳронӣ ва паноҳгоҳ дорад, дар ду муассиса равоншиносон, ҳуқуқшиносон ва мушовирон кор мекунанд ва ба муштариён ёрии ройгон мерасонанд.
Низомова мегӯяд, барои ҳар зане, ки ҳангоми бӯҳронии равонӣ ва хонаводагӣ аз онҳо кӯмак мехоҳад, вобаста ба дараҷаи мушкилашон барномаи кумаки инфиродӣ таҳия мешавад. Дар навбати аввал равоншинос барои раҳо кардани зан аз фишори равонӣ ва баъдан ҳуқуқшинос барои мусоидат дар ҳалли мушкилоти ҳуқуқиаш даст ба кор мешавад.
“Ингуна мисолҳо, кам нестанд, - гуфт ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ. Як дафъа зане соати 12 шаб ба ман занг зад, ки “дар болои кӯпрукам, зиндагӣ ба ҷонам расидааст, худро ба дарё меандозам”. Бо шавҳарам ба наздаш расида рафтему ӯро ба гап гирифта, аз ин роҳ баргардондем. Пешниҳод кардам, ки шабро дар хонаи мо рӯз кунад, қабул накард, ба хонаи як хешаш бурдем”, гуфт Мадина Низомова.
Зани дигаре, айни аҳволро доштааст, дар авҷи пандемияи COVID-19 фарзанди гирифтори коронавирусашро аз даст додааст. Ба қавли Низомова, хешовандонаш ӯро дар марги тифл ва муроҷиат ба табибе, ки муолиҷааш натиҷа надодааст, модарро гунаҳгор карданд. “Дар давраи пандемия воқеан ҳам зӯроварӣ дар хона зиёд шуд. Мардон ҳам муроҷиат мекарданд, чунки дар ин давра бекору бепул монданд ва дар хона таҳти фишори иқтисодӣ ва равонӣ қарор гирифтанд”, мегӯяд, Мадина Низомова. Як зуҳуроти нигаронкунандаи солҳои ахир, ба гуфтаи ӯ, даст ба худкушӣ задани занон ҳамроҳ бо фарзандонашон аст.
Моҳи июни ҳамин сол Санъат Ғаффорова, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, рӯзи худ ва ду кӯдаки хурдсолашро ба дарёи Сир афканду бисёриҳоро мотамзада кард. Аз ин пештар модари ҷавоне дар Панҷакент аввал се тифл, баъд худашро ба дор овехта кушт.
Бештар аз 500 худкушӣ ва ё қасди худкушӣ дар як сол
Соли 2021 Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 518 ҳодисаи худкушӣ ва қасди худкуширо сабт кардааст ва нисфи чунин афродро занон ташкил додаанд. Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ мегӯяд, хушунати оилавӣ, муҳоҷирати тулонии ҳамсарону падарон ва вазъи ноустувори моддӣ аз сабабҳои асосии дилсардӣ аз зиндагӣ дониста мешаванд.
Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва Анҷумани байналмилалии пешгирӣ аз худкушӣ (https://www.iasp.info/wspd/) ҳисоб кардаанд, ки соле 700 ҳазор сокини сайёра даст ба худкушӣ мезананд ва 77 дарсади ин ҳодисаҳо дар кишварҳое бо даромади миёнаву поин сабт мешаванд. Фаъолони анҷуман, ки барои боло бурдани сатҳи огаҳӣ аз ин мушкил 10-уми сентябри ҳар сол Рӯзи ҷаҳонии пешгирӣ аз худкуширо барпо мекунанд, мегӯянд, ин талошҳо ба хотири таъмини солимии фазои ҷомеа ва тарбияи солими кӯдакон хеле муҳиманд.
Як арзёбии додрасҳои Тоҷикистон нишон додааст, ки дар кишвар теъдоди зиёди худкушӣ дар байни занон ба сабаби ҷабру зулм ва беэҳтиромии шавҳар сурат мегирад. Бар асоси арзёбиҳои 48 парвандаи ба худкушӣ расониданд, ки Додгоҳи олӣ соли 2019 анҷом додааст, дар ҳафт маврид занон бинобар муносибати бераҳмонаи шавҳар ё таҳқиру латукӯб шудан аз тарафи ӯ худкушӣ кардаанд. Дар се мавриди дигар муносибати хусуру хушдоман ва ё волидони шавҳар сабаб шудааст, ки келини хонавода аз ҷони азизи хеш даст бикашад.
Дар Тоҷикистон ҳам солҳои охир, ба қавли фаъолон, аз ҷумла дар натиҷаи заҳмати созмонҳои ҳомии ҳуқуқи занон пешрафте мушоҳида мешавад. “Занҳо аллакай медонанд, ки ҳуқуқ доранд (дар бораи мушкили зиндагӣ) муроҷиат кунанд, ҳимоят ва дастгирӣ меёбанд, баъд қонуни пешгирии зӯроварӣ дар оила ҳаст, моддаи 109-и Кодекси ҷиноӣ “Ба худкушӣ расонидан” ҳаст. Мардум аллакай бохабар ва огоҳ ҳастанд. Вале ман аз таҷрибаи кори худ мегӯям, ки тоқати зиёду ба касе нагуфтани мушкили худ, онҳоро то ба ин ҳолат (худкушӣ) оварда мерасонад”, гуфт Мадина Низомова.
Ба гуфтаи ин фаъоли ҷамъиятӣ, солҳои охир масъулони риштаи кор бо занону оила усули “хона ба хона”-ро ҳам пиёда кардаанд ва ба манзили оилаҳое, ки он ҷо мушкил аст, рафта, сӯҳбатҳо мекунанд. Ӯ мегӯяд, барои босамартар шудани талошҳо, ба вижа дар деҳоти дурдаст, нақши раисони ҷамоатҳову занони фаъол, “ва ҳатто ҳамсояҳо” муҳим аст, ки бетараф набошанд ва баробари рӯй додани мушкиле ба кӯмаки аъзои он оила шитобанд. "Муҳим, ки бетараф набошем", мегӯяд ӯ.
Гуфтугӯ