Намояндаи Салмон Рушдӣ гуфт, ин адиби шинохта, ки қабл аз оғози суханронӣ дар Ню Йорк аз дасти фарде чанд корд хӯрд, зери дастгоҳи нафаскашӣ аст ва ҷигару нахҳои асабаш осеб дидаанд.
Пулиси шаҳр гуфт, ки фарди муттаҳам ба кордзанӣ сокини 24-солаи шаҳри Ню Ҷерсӣ бо номи Ҳодӣ Матар будааст. Ӯро рӯзи 12-уми август дар маҳалли суханронӣ дар Чаутаква маъмурони амниятӣ, ки масъулияти таъмини амният дар маҳфилро доштанд, дастгир кардаанд.
То кунун Ҳодӣ Матар ба ҷинояте муттаҳам нашудааст ва пулис гуфт, ки ҳоло бояд сабабҳои ҳамла ба адибро маълум кунанд. Эндрю Вайли, намояндаи Салмон Рушдӣ дар як баёнияи расмӣ гуфт, ки адибро ҷарроҳӣ кардаанд, чун ҷигараш осеб дидааст, нахҳои асаби дасташ бурида шудаанд ва мумкин аст, як чашмаш дигар набинад.
Ба Салмон Рушдӣ, муаллифи китоби “Оёти шайтонӣ” борҳо барои ин китобаш таҳдиди куштан кардаанд. Ӯ баъди фатвои Оятуллоҳ Алии Хумайнӣ раҳбари Эрон дар соли 1980, ки куштанашро “ҳалол” донист, дигар пинҳонӣ зиндагӣ мекард. Қарор буд, Салмон Рушдӣ дар Пажуҳишгоҳи Чаутаква, дар як маҳаллае дар ҷанубуғарби аёлати Ню Йорк суханронӣ кунад. Дар ин марказ, ки доир ба масоили мазҳабӣ маҳфилҳо сурат мегиранд, Салмон Рушдӣ қаблан ҳам суханронӣ кардааст.
Пулиси Ню Йорк гуфт, замони омодагии адиби 75-сола ба суханронӣ ва муаррифии ӯ аз тарафи муҷрии маҳфил, фарди муттаҳам ба Салмон Рушдӣ бо корд дарафтодааст. Дар баёния омадааст: “Рушдӣ аз гарданаш захми корд хӯрд ва бо чархбол ба шифохона интиқол ёфт.” Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ҳамла ба Салмон Рушдӣ тақрибан 20 сония идома кард ва Ҳодӣ Матар то замоне, ки атрофиён ӯро аз адиб ҷудо накарданд, корд мезад. Муҷрии маҳфил Ҳенри Риз низ дар ин ҳамла аз сараш ҷароҳати сабуке бардоштааст.
Китоби “Оёти шайтонӣ” дар Эрон ва бисёре аз кишварҳои исломӣ мамнуъ эълон шудааст, чун ба ақидаи онҳо Салмон Рушдӣ дар ин китоб куфр гуфтааст ва ба дини онҳо тавҳину тамасхур кардааст. Ин китоб соли 1987 нашр шуд ва аз зиндагии паёмбари ислом Муҳаммад илҳом гирифтааст.
Пас аз як соли нашри китоб, раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Хумайнӣ дар соли 1988 фатвои қатли Салмон Рушдиро содир кард. Ҳукумати Эрон аз ин фатво фосила гирифтааст, вале бадбинӣ нисбат ба Салмон Рушдӣ ҳамчунон идома кард. Соли 2012 як бунёди нимарасмии динии Эрон подоши қатли Салмон Рушдиро аз 2.8 миллион доллар то ба 3.3 миллион доллар боло бурд. Ба сабаби ҳамин фатво Салмон Рушдӣ солҳо пинҳонӣ зиндагӣ кард, ҳарчанд фатворо маҳкум намуда гуфта буд, ки ҳеч далеле нест, ки одамон ба ин подош майле дошта бошанд.
Соли 1991 як ҷопониро барои тарҷумаи китоб теғ зада куштанд, тарҷумони итолиёии китобро ҳам корд заданд, вале зинда монд. Соли 1993 ношири китоб дар Норвегияро се тир заданд, вале у ҳам ҷон ба саломат бурд. Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари феълии Эрон барои беэътибор кардани фатвои Хумайнӣ қароре содир накардааст, ҳарчанд ин кишвар солҳои ахир ба Салмон Рушдӣ зиёд аҳамият надодааст.
Салмон Рушдӣ дар Пажуҳишгоҳи Чаутаква бояд дар бораи он суҳбат мекард, ки чӣ гуна Амрико мизбони адибону ҳунармандони паноҳҷуе аст, ки барои онҳо озодии баёнро фароҳам мекунад. Адиби шинохта дар шаҳри Бомбайи Ҳинд ба дунё омада ва шаҳрвандии Бритониёву Амрикоро дошт ва аз соли 2000-ум дар шаҳри Ню Йорк зиндагӣ мекард.
Гуфтугӯ