Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шинохти Умари Хайём


ЧАРО ХАЙЁМ?

Шунидаед, ки як китоби рубоиҳои Умари Хайёмро дар Маскав, дар намоишгоҳи байнулмилалии китоб ба нархи 800 доллар ба фурӯш гузоштанд? Ва дар Порис бо иштироки шоираи тоҷик Гулрухсор нишасте баргузор шуд, ки баҳси Хайём меҳвараш буд. Дар Прага, шаҳре ки мо ба сар мебарем, тамоми тарҷумаҳои Хайём дар як китоб ба нашр расид. Ва як шореҳи байнулмилал навишт, Умари Хайём дар асри 21 зинда шуд дар симои нависандаи "Ояҳои шайтонӣ" -- Салмон Рушдӣ.
Дар Маскав, аз симои пешинаи Хайём даргузаштаанд ва кӯшиш доранд ба умқи осори илмӣ ва сипас адабии ӯ фурӯ раванд.
Пайкараи Умари Хайём дар Тоҷикистон шахсеро нишон медиҳад, ки якпаҳлу задаву бо пиёлаи май сӯҳбат мекунад.
Аммо оё имрӯз ин симо дигаргуние дидааст. Ҳамнафаси мо дар Душанбе, Раҳматкарими Давлат, зимни гуфтугӯ бо шореҳон посухи рад медиҳад. Онҳо гуфтаанд, Хайём ҳанӯз ҳам шоири майкадаҳо ва нӯшбодҳо пиндошта мешавад . Аммо дар паҳлуи Гулрухсор, Комил Бекзода, Низом Қосим ва Усмон Назир донишманди тоҷик Саидраҳмони Сулаймон ахиран чандин китобу рисола нашр кардаву мехоҳад, исбот кунад, ки шеъри Хайём симои аслии ӯро дигаргуна падид овардааст. Ба ақидаи Саидраҳмони Сулаймон рубоиёти зиёде ҳаст, ки аз тарафи дигарон навишта ба номи Хайём нисбат дода шудаанд.
Як ҳамнафаси мо мегӯяд, камаш ду ё чор нафаре буданд, ки ҳама як ном доштанд: Умари Хайём.

ШИНОХТИ ХАЙЁМ

Хонуми Гулрухсор, баъд аз ширкат дар Базми ҷаҳонии шеър дар Белгия, шабе дар Порис буд ва маҳфиле орост барои ҳамаи форсизабонон ва фаронсавиҳоио форсидон. Аслан ин маҳфилро мудирони созмони Осиёи Озод, бонувон Гесӯи Ҷаҳонгирӣ ва Мубораки Шариф баргузор карданд. Онҳо мегӯянд, пуршӯртарин баҳс пиромуни чеҳраи Хайём дар Ғарб сурат гирифт. Баргардони Эдвард Фитсҷерад, ки дар асл бознависии Хайём аст, файласуф, риёзидон, мунаҷҷим ва мутафаккирро ба як шоири тарабхонаҳо ва дунёбезор табдил дод. Албатта, бо доман задани ин нукот даъво надорем, ки дар ҳамин як сӯҳбат ин мавзӯъи ҷаҳониро ҳал хоҳем кард. Ин шояд фақат сароғози баҳс дар Ҳамнафас бошад.

САЛМОН РУШДӢ?

Шумораи китобҳое ки бо номи Рубоиёти Умари Хайём дар сартосари ҷаҳон ба нашр мерасанд, шояд кайҳо аз миллиардҳо нусха гузаштааст. Вале китобе ки акнун дар Прага ба фурӯш баромад, аз он ҷиҳат фарқ дорад, ки баргардони ҳар як рубоиро аз тарафи шоирони гуногун якҷо гирд овардааст. Маълум мешавад, ҳафт шоири мухталифи чех кӯшидаанд, ҳар кадом ба андозаи огаҳӣ ва истеъдоди худ осори Хайёмро ба чехӣ гардонанд. Ин китобест, ки устод Иржи Бечка омода карданд, вале рӯи онро надида даргузаштанд. Монанди фарзанде, ки баъд аз марги падар ба дунё меояд. Аммо устод Бечка ду тарҷумаро муваффақ номидааст, яке он ки Вилям Завада аз рӯи тарҷумаи насрии Ян Рипка ва Бузург Алавӣ ва дигаре баргардони Йозеф Штибр. Штибр худ пизишк ва дар Питтсбург зиста, шоҳиди зиндаи корномаи Фитсҷералд ва ё Хайёми инглисизабон шудааст. Штибр аз рӯи тарҷумаи Фитсҷералд дар соли 1922 дар Прага маҷмӯъаи рубоиҳои Хайёмро ба чоп расонд. Баъд аз чандин сол вақте шунид, ки ҳам тарҷумаҳои ӯ ва ҳам тарҷумаҳои Фитсҷералд рӯякиянд, ба омӯзиши забони форсӣ пардохт. Дар ин кор ба ӯ пизишки дигар, Йозеф Аул, ки чанде пеш, пас аз зиндагии ҳафтсола дар Бухоро ба Прага баргашта буд, кӯмак кард. Штибр забонро ёд гирифта, аз нав рубоиҳоро тарҷума кард ва худ шоҳид гашт, ки фарқ аз куҷо то ба куҷост.
Мутаассифона, китоби устод Бечкаро наметавонам ба касе тақдим кунам, зеро аз дастам рафт ва дигар дар фурӯш ҳам нест. Ман онро ба журналисти чех Ҳелена Зелманова тақдим кардам, зеро мақолаи ӯро хондам, ки Хайёмро бо Салмон Рушдӣ дар як поя гузошт ва навишт, ҳарду сарсупурдагии мазҳабӣ ва зӯроварии динро ҳадаф қарор додаанд. Ҳоло интизорам, бубинам, оё Ҳелена бо инқилоби фикрӣ рӯбарӯ мешавад ё на.

ХАЙЁМИ МАРДУМ

Аммо Хайёми раҳгузарони кӯчаҳои Душанбе чи касест? Дар посух ба ин саволи ҳамнафаси мо Абдураҳими Умарзод онҳо мегӯянд, ситоиши май дар осори Хайём маънои дигар дорад. Май, яъне шираи умр, хиради инсонӣ, ишқи илоҳӣ ва ғайра. Ҳар яки онҳо омода буданд, як ё ду рубоӣ аз Хайём бихонанд. Яке аз онҳо гуфт, дар асл ду шоир бо номи ҳамсон ба сар бурдаанд, яке дар Нишопур ва дигаре дар Бухоро. Ҳоло муҳаққиқон бояд ин дуро аз ҳам ҷудо кунанд. Агар ба суханони ширини онҳо гӯш диҳед, мешунавед, ки ҳар кас Хайёми худро дорад ва баъзеҳо ҳатто дутоӣ. Шояд ин аст, посухи суолҳои мо?

ДУ ИШОРА

Барои шунидани ин барнома дар шакли комил рамзи радиочаро дар охири сарлавҳа "ангушт занед".

Ва як саҳифаи ҷолиб дар Интернет: Рубоиёти Хайём ба форсӣ ва инглисӣ, ҳар рубоӣ дар паҳлуи тарҷумааш.
http://www.iranchamber.com/literature/khayyam/rubaiyat_khayyam2.php
XS
SM
MD
LG