Пайвандҳои дастрасӣ

Мадумаров, Азимов ва протоколи соли 2009 дар баҳсҳои нави мақомоти Қирғизистон


3 марти соли 2009, шаҳри Хуҷанд. Дабирони шӯроҳои амнияти Тоҷикистону Қирғизистон - Амирқул Азимов ва Адахон Мадумаров ба мувофиқаҳои ҳосилшуда имзо мегузоранд
3 марти соли 2009, шаҳри Хуҷанд. Дабирони шӯроҳои амнияти Тоҷикистону Қирғизистон - Амирқул Азимов ва Адахон Мадумаров ба мувофиқаҳои ҳосилшуда имзо мегузоранд

Рӯзи 14-уми январ дабири собиқи Шурои амнияти Қирғизистон Адахон Мадумаров дар робита ба як созишномаи марзӣ бо Тоҷикистон мавриди бозпурсӣ қарор гирифт.

Пас аз чанд соати пурсуҷӯ дар Додситонии кулли Қирғизистон, Мадумаров дар суҳбат бо хабарнигорон ба масъалаи марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон дахл доштани бозпурсиро тасдиқ кард ва гуфт, ин амал ангезаи сиёсӣ дорад.

Вай, ки раиси ҳизби «Бутун Қирғизистон» ва ҳам узви порлумон мебошад ва ҳизбаш аз мухолифони ҳукумат аст, афзуд: «Ҳамааш аз изҳороти президент Содир Ҷабборов шурӯъ шуд».

Адахон Мадумаров, раиси ҳизби "Бутун Қирғизистон" ба бозпурсии додситонии кулл меравад. 14-уми январи соли 2022
Адахон Мадумаров, раиси ҳизби "Бутун Қирғизистон" ба бозпурсии додситонии кулл меравад. 14-уми январи соли 2022

Мадумаров гуфт, дар додситонӣ фаҳмидааст, ки ҳанӯз соли 2019 аз рӯи масоили марзӣ як парвандаи ҷиноӣ боз шуда, баъди омӯзиши мӯшикофона баста шудааст. «Вале аз замони шурӯи иҷлосияи парлумони нав дар моҳи декабр, парвандаро эҳё карданд», гуфт Мадумаров. Ҳанӯз президент Ҷабборов ё атрофиёни ӯ ба ин суханҳо вокуниш накардаанд, вале маълум шудааст, ки чанд соат баъди Мадумаров як узви дигари ҳизби «Бутун Қирғизистон» Орозайим Норматовро ба Кумитаи амнияти Қирғизистон даъват кардаанд.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ - «Азаттик» менависад, ки муҳтавои парванда рӯшан нест, вале бино бар маълумоти дарёфтӣ, Мадумаровро ба он айбдор мекунанд, ки дар соли 2009 дар марз бо Тоҷикистон протоколеро имзо кардааст, ки хилофи манфиатҳи Қирғизистон аст. Он замон ӯ дабири Шӯрои амнияти ин кишвар буд ва бар асоси ин протокол, ҷониби Қирғизистон аз Тоҷикистон ба мӯҳлати 49 сол қитъаи заминеро бо дарозии 275 метр ба иҷора гирифта буд.

Ин санадро аз тарафи Тоҷикистон дабири вақти Шӯрои амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов имзо кардааст.

Бино бар он ҷониби Тоҷикистон қитъаи роҳеро бо дарозии 275 метр дар самти Ӯш-Бодканд-Исфана ба муддати 49 сол иҷора додааст. Бархе аз мансабдорон ва нерӯҳо дар Қирғизистон бар инанд, имзо кардани ин созиш дуруст набуд ва ҳоло “Тоҷикистон ин қитъаро азони худ меномад”.

Амирқул Азимовю. Акс аз соли 2014
Амирқул Азимовю. Акс аз соли 2014

Амирқул Азимов рӯзи 14-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин қарордод дуруст буд ва замоне ба имзо расид, ки тарафҳо барои ҳалли буҳрон дар марз мулоқот мекарданд. Бар пояи он қарор шуд, ки дар он ҷо “то замони ҳал шудани баҳсҳои марзӣ аз ҷониби комиссиюни байниҳукуматии аломатгузории марзи ду кишвар ҳама корҳои сохтмону таъмир қатъ шавад”. Азимов мегӯяд, “ин хулосаи асосӣ буд”.

Моҳи октябри соли 2021 президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар назди журналистон чанд сабаберо, ки ба назари ӯ, монеи ҳалли масоили марзӣ мешаванд, номбар кард. Аз ҷумла, ӯ он замон гуфт, ки барои ҳалли қитъаи роҳи Торт-Кочо «протоколи аз ҷониби Мадумаров имзокарда халал мерасонад». «Он ҷо се мавриди баҳсӣ вуҷуд дорад. Якумаш дар қитъаи Торт-Кочо бо дарозии 275 метр аст, дуюмаш - роҳи самти Ворух ва сеюмаш дар нуқоти баҳсии ноҳияҳои Бодканд ва Лайлак”.

Ҷабборов он замон гуфт, ки кори ҳалли баҳсҳои марзӣ ба дӯши комиссиюни байниҳукуматӣ аст ва изҳори умедворӣ кард, ки ҳама чиз бо гуфтушунид ҳал хоҳад шуд.

Мақомот дар Тоҷикистон ба ин изҳориназарҳои Ҷабборов вокунише накарданд ва дар маҷмӯъ Тоҷикистон асосҳои баҳси марзиро шарҳ намедиҳад, танҳо баъзе аз мансабдорон гуфтаанд, ду давлат мехоҳанд, хатти сарҳадро бар пояи харитаҳои солҳои гуногун ва ба манфиати худ кашанд. Дар низои марзие, ки ба он Ҷабборов ишора карда буд, соли гузашта аз ҷониби Тоҷикистон 19 нафар куштаву 87 кас захмӣ шуданд. Қирғизистон гуфт, 36 шаҳрвандаш куштаву 154 кас захмӣ шудааст.

Ин пурхушунаттарин низоъ дар миёни ду ҳамсоя дар 30 соли истиқлолият буд, ки мавриди нигаронии на танҳо сокинони ҳарду кишвар, балки шарикони байналмилалии онҳо дар минтақаву ҷаҳон шуд.

«Радио Азаттик» менависад, ки Мадумаров ба президенти кишвараш ҳеҷ гоҳ ҷавоб надодааст, вале дар сӯҳбат бо матбуоти маҳаллӣ диди худро ба протоколи соли 2009 шарҳ дода буд. Аз ҷумла, ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ки имзои ин санад кори дуруст буд ва барои музокироти оянда роҳ кушод. Ӯ дар як сӯҳбаташ гуфт: «Имрӯз ба шарофати ҳамин санад (протоколи соли 2009) мошинҳо аз Сулюкта ба Бишкек бемонеа ҳаракат мекунанд. Ин санадро Ҷогорку Кенеш (парлумони Қирғизистон) дастгирӣ накард. Он қуввати қонунӣ надорад».

Ин дар ҳолест, ки тарафи Тоҷикистон низ созишномаҳои солҳои 1980-ро дар бораи ба Қирғизистон иҷора додани даҳҳо ҳазор гектар замину чарогоҳро эътироф намекунад, чун аз тарафи мақомоти вақти Иттиҳоди Шӯравӣ ва порлумонҳои вақти ҳарду кишвар тасвиб ва тасдиқ нашудаанд.

Сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дар солҳои истиқлолият борҳо макони даъвову баҳсҳо ва гоҳо муноқишаҳо шудааст. Сокинони рустоҳои наздимарзӣ ҳар сари чанд вақт барои дастрасӣ ба обу замин, чарогоҳҳо ва роҳҳо ё сари мақоми ҳуқуқии нуқтаҳои ҷуғрофӣ бо ҳам баҳс мекунанд. Вале коршиносон мегӯянд, ки то рафт ин баҳсҳо сангинтар мешаванд ва дахолати сиёсатмадорони популист ба оташи ин баҳсҳо равғани бештар мерезад.

XS
SM
MD
LG