Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор узви зиндонии ҲНИТ пас аз шаш сол ҳабс бозбинии парвандаашонро хостаанд


Ин афрод моҳи сентябри соли 2015 дастгир ва зиндонӣ шуданд. Дертар Зарафо Раҳмонӣ озод шуд
Ин афрод моҳи сентябри соли 2015 дастгир ва зиндонӣ шуданд. Дертар Зарафо Раҳмонӣ озод шуд

Чаҳор узви зиндонии ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ аз мақомот бозбинии парвандаашонро талаб кардаанд.

Зубайдуллоҳи Розиқ, Ҳикматулло Сайфуллозода, Раҳматуллои Раҷаб ва Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар номае аз зиндон гуфтаанд, ки худро бегуноҳ медонанд. Вале ҳамзамон хостаанд, агар ҳукумат онҳоро гунаҳкор меҳисобад, пас, парвандаашонро "дар ҳузури коршиносон ва нозирони байнулмилалӣ баррасӣ кунад."

Онҳо дар нома навиштаанд: "Агар моро "гунаҳкор" медонанд, ин ба ҷуз аъзои ҲНИТ будан чизи дигаре нест. Ҳизбе, ки расман дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, ба таври расмӣ фаъолият мекард..."

Мақомот ҳанӯз вокуниш накардаанд, аммо дар гузашта гуфтаанд, "ҳамаи маҳбусон барои ҷинояти содиркардаи худ дар боздошт ҳастанд."

Ҳисомуддин, писари Зубайдуллоҳи Розиқ, рӯзи 16-уми сентябр гуфт, нома ба раҳбарияти Додгоҳи олӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон навишта шудааст. Ӯ афзуд, агар намояндагони се ниҳод ба талаби зиндониён беэътиноӣ кунанд, "ба раиси ҷумҳурӣ хоҳанд навишт". Дар нома низ зикр шудааст, ки ба президент "гуфтаниҳое доранд".

Ҳарчанд нусхаи нома 16-уми сентябр дастраси расонаҳо шуд, аз рӯйи муҳтавояш онро пеш аз ҷашни сисолагии истиқлол навиштаанд. Тоҷикистон дар остонаи ин ҷашн қонуни афвро қабул кард, аммо ба қавли ҳуқуқдонҳо, нисбат ба онҳое, ки бо гуноҳи "терроризм" ва "ғасби ҳукумат" зиндонӣ шудаанд, татбиқ нахоҳад шуд.

Ҳикматулло Сайфуллозода ба 16 сол, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад ба 23 сол, Зубайдуллоҳи Розиқ ба 25 сол ва Раҳматуллои Раҷаб ба 28 сол зиндон маҳкум шудаанд. Мақомот онҳоро ба ҳамдастӣ дар ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода дар моҳи сентябри соли 2015 гунаҳкор карданд.

Худи онҳо дар нома гуфтаанд, "инки моро дар исёни Ҳоҷӣ Ҳалим ташаббускор медонанд, бофтаву сохтаи доираҳои манфиатдор аст. Шумо худатон беҳтар медонед, ки маншаи исён аз куҷост ва ба чӣ хотир роҳандозӣ шуда буд... Дар 6 сол бо умеди расидани рӯзе, ки ақли солим боло гирифта, ҳақиқат рӯи об мебарояд, аз сабру бурдборӣ кор гирифта, ҳамаи азиятҳои пешомадаро таҳаммул кардем ва мекунем. Вале афсӯс, ки умеди мо амалӣ нашуд."

Номаи чаҳор узви зиндонии ҲНИТ 16-уми сентябр, дар рӯзе дастраси расонаҳо шуд, ки мухолифони ҳукумат дар Аврупо панҷ сол боз "рӯзи маҳбусони сиёсӣ" медонанд. Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, то ба ҳол касе дар кишвар барои фаъолияти сиёсӣ зиндонӣ нашудааст.

Вазири адлияи Тоҷикистон дар соли 2018 гуфта буд, "дар қонунгузории кишвар мафҳуми "маҳбуси сиёсӣ" нест ва бинобар ин ҳамагуна даъво дар бораи вуҷуди зиндониҳои сиёсӣ бепоя аст."

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар онҳоеро маҳбуси сиёсӣ меноманд, ки бар зидди онҳо бо ангезаҳои сиёсӣ айб эълон шудааст. Чунин афрод маъмулан барои мухолифаташон ба низоми ҳоким таҳти таъқиб қарор гирифта, дар мурофиаҳои пушти дарҳои баста маҳкум мешаванд.

XS
SM
MD
LG